Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

фаромӯш кардам) буданд. Ин кас ҳам аз ҷадидони Бухоро буда, дар Туркия таҳсил карда баргашта буданд. Ин кас ба мо дарси «таълиму тарбия», дарси «шарқӣ» (суруд) ва дарси «элишӣ» (бо даст кор кардан)-ро меомӯхтанд. Одами солхӯрда ва файласуфнамо буданд. Баъзан худашон шеър (ба забони туркӣ) бофта меоварданд. Аввали мисраи як шеърашон: «Эй, тӯ куш, саболайин ӯйгон» (Эй мурғи тӯтӣ, саҳаргоҳон бедор шав) буд. Ин кас тарафдори таълим ва дарс додани қадима буданд. Аз барнома берун сухане намегуфтанд. Хеле дилбазан дарс медоданд ва бинобар он ҳамеша бо Мазҳар Бурҳонов, ки тарафдори дарс додани озод буд ва бо суханони аҷиб, диққатҷалбкунанда, бо ҳикоят ва шӯхиҳо мақсадашро мефаҳмонид, дар мубоҳиса буданд. Боре ҳамин мубоҳисаашонро дар ҳузури талабагон давом доданд. Лекин ҳеҷ яке аз онҳо ба дигарӣ таслим нашуданд ва ҳар кас дар фикри худ боқӣ монд. Вақте ки баъд мо аз Мазҳар Бурҳонов кунҷи ин мубоҳисаро пурсидем, гуфт ки ин барои ба шумо омӯхтан буд, ки бояд чӣ тавр баҳс кард, чӣ тавр даъво кард ва чӣ тавр исбот намуд.

Назарӣ як писар доштанд, ки номаш Акмал Назарӣ буд. Бачаҳои шӯх ӯро азоб дода, ба ҳаққаш шеърҳо бофта буданд: Акмал Назарӣ, шаққулқамарӣ ва ҳоказо... Ба ҳар ҳол Назарӣ ҳам барои равнақи дониши мо ҷидду ҷаҳд менамуданд ва аз он кас ҳам ман роҳҳои ҳаётрӯ омӯхтам. Як дафтари калон доштам, ки дар он аз коғазҳои ранга дар вақти дарси «Элишӣ» ҳархел шаклҳо бурида ва қад карда часпонида будам. Назарӣ хеле пир шуда, дар солҳои си вафот карданд. Аммо намедонам Акмал - писарашон чӣ шуд ва ба куҷо рафт. Назарӣ дар гузари Бозори Сабзӣ, дар мадрасаи Кӯкалдош ва ниҳоят дар Собунгарон ба мо дарс доданд, баъд аз муаллимӣ даст кашиданд.

пешина
аз 339
навбатӣ