Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
медарояд, муваллидулҳумуза (кислород), ҳамзикорбун (углерод), муваллидулмоъ (водород) чист ва кадомаш ба одам лозимтар ва ғайра ва ҳоказо... Ҳамон дониш, ки бо ёрии Восим Султонов ва баъд ба воситаи дигар муаллимҳо дар ҷавонӣ гирифта будам, ҳанӯз ҳам дар ёдам истодааст ва бадани худамро нағз медонам ва ба тарбияи ӯ дониста амал мекунам. Восим Султонов хеле вақт дар Бухоро, дар дорулмуаллимин дарс медод, баъд мудири илмии курси дусолаи муаллимтайёркунӣ шуд, ки дар он ман ҳам муаллим шуда омада будам ва тақрибан ду сол бо ҳам кор кардем. Пас ман ба Тоҷикистон омадам ва намедонам, ки Восим Султонов чӣ шуд.
Баъде ки Мазҳар Бурҳонов аз муаллимӣ рафт, ба мо Смурий ном донишманди бузурги рус (зоҳиран ҳамон вақтҳо бадарға шуда омада буд) муаллими ҳисоб, физика таъйин шуд. Смурий як зани бамаънӣ дошт, ки духтари доно буд ва дар бемористон кор мекард. Ин зану шавҳари солхӯрда (тақрибан 50 сола)-ро ояи калонӣ ба хонаи калони ҳавлии мо иҷоранишин кард. Бинобар он ҳусни таваҷҷӯҳи муаллим Смурий ба ман бештар гашт. Ман маҷбур будам, ки дар байни ояи калонӣ ва иҷоранишинҳояш тарҷумонӣ кунам ва ба ин восита дониши худро ба забони русӣ афзоям. Ҳамин Смурий маро ба колбасахӯрӣ одат кунонд. Пештар бинобар таАССУби қадима аз ин қабил хӯрокҳо безор будам. Смурий моро ҷабрдон кард ва чӣ будани алҷабрро ба мо омӯхт. Вай муаллими ҷиддӣ, доно ва олим буд. Дар вақти дарс додан бо бӯри сафед кор карда, нафаҳмида мемонд, ки лабу даҳонаш сафед шудааст. Баъде ки ман ба Самарқанд рафтам, намедонам, ки Смурий чӣ кор кард ва ба куҷо рафт. Ба гумонам ба ватанаш баргашт.
Яке аз муаллимҳои аввалини ман Назарӣ (номашонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё