Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
боқимондаҳояшро баъдтар дар Ӯзбекистон (Юнус Раҷабӣ) ва Тоҷикистон бо қувваи Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва Бобоқул Файзуллохоҷа навишта гирифтанд.
Фитрат барои боло бардоштани савияи маданӣ ва маорифи халқи Бухоро хизматҳои шоёни тақдир кардааст. Кадом соле (1924-25) Фитрат ва боз чандин касонро аз Бухоро ба Москва ҳай карда фиристоданд. Фитрат дар он ҷо ором наистод, ба омӯхтан ва азхудкардани илму маданияти рус кӯшид. Баъд, пас аз ташкили ҳукумати Ӯзбекистон ба Бухоро омаду дар солҳои 1926-27 ба мо муаллими адабиёт шуд.
Фитрат ҳам шоири ширинсухан ва мумтоз, ҳам насрнависи зӯр ва ҳам драматурги аъло буд. Асарҳои ӯ дар вақташ таъсир ва нуфузи калон доштанд. Устод Айнӣ дар ҳаққи Фитрат чунин гуфтаанд: «Ранги адабиёти нав гирифтани забони тоҷикӣ дар наср аз Абдурауф Фитрат сар шуд». Фитрат соли 1910 барои таҳсили улум фироран озими Истанбул шуда, дар он ҷо асари якумаш «Мунозира»-ро навишта нашр кард. Дар муқаддимаи он навишта буд: «Ҳамватанони азизам, миллати наҷибам Бухороро пӯшида нахоҳад буд, ки муддатест ихтилофи ҷадиду қадим, ки мабдааш ба ҷуз иштибоҳкорӣ ва фасодангезии баъзе хоинони миллат чизи дигар нест, Ватани муқаддаси моро фурӯ гирифта, ҷамоате муттаҳидаи аҳолиро ба унвони ҷадиду қадим ду фирқа ва ҳар кадомро нохуши они дигар намуда!»
Фитрат дар «Сайҳа» бо сӯзу гудоз дар бораи Бухоро мегӯяд:
Эй боди сабо сӯи мани зор надодӣ,
Якбора чӣ шуд, к-аз мани ғамнок рамидӣ?
Охир, сӯйи мо низ худоро назаре кун!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё