Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
набинанд. Шумо дар ин кори азим заррае сустӣ накунед! Маҳкам истодаю давлату давронро ба дасти худ гиред!
Ин чунон худписанд шудааст... — фикр кард Чернов. — Ин тоифа бӯи ҳукуматро фаҳмид-дия.
Баъде ки ҷудо шуданд, Пётр андешаманд қадам зада гуфт: «Фрунзе дар ҳақиқат болшевики ленинӣ менамояд. Маҳкамаҳо дилашро лабрези кину адоват кардаанд. Худо аз инҳо паноҳ диҳад.»
— Лекин овозаш сарҳангмонанд не, — гуфт Чернов. — Шулдирроси доираҳои мардуми осиёбарин.
Ҳамон сол дар Уфа зимистони қаҳратун омад. Куҷое қадам монӣ, барфу ях, гуруснагӣ: ҷангроварон либоси гарм ки надоранд, зуд-зуд касал мешаванд. Фронт аз Самара то Уралск кашол ёфтааст. Баъзе афсарому сарбозҳо, сардастаҳо, ҳатто полкҳо ба тарафи сафедҳо ё сурхҳо мегузаранд. Баъзе армияро партофта меравад. Фрунзе омада ҳамроҳи сардори штаб Андреев бо як дастаи муҳофизон зуд фронтро чарх зада баромад. Бо Маскав гапзанон карда, ба аксари полкҳо сару либоси гарм овард. Таъмини хӯроку силоҳро беҳтар кард. Вагон-вагон пулемёту пушка овард. Аз тарафҳои Сибир ва Дон полкҳо омаданд. Ҷавонони таҳҷоиро ба хизмати ватан сафарбар карда, қисмҳо ва ротаҳои нав ташкил кард. Хуллас, фронти шарқиро, ки дар марҳилаи фаношавӣ қарор дошт, аз нав эҳё карда, ҷанги зидди Колчакро тезонд. Нагузошт, ки ӯ аз дарёи Волга гузарад. Агарчи ин корҳо ба ишораи Андреев таҷрибадор шуданд, худаш ҳам дар он рӯзҳо ғайратмандию ҷасорат нишон дод. Баъзан мешуд, ки дар ҳолати душвор мондани полкеро дида, ҳамроҳ шуда, ба ҷанг медаромад, ҷангроварон рӯҳбаланд мекард. Боре дар ротае, ки Александр Чернов дар он хизмат мекард, кори аҷиб шуд. Сардори рота Иосиф Пагорелов марди қадкалтай бакитфубозу ва ҷангӯй (кораш омад кардаю якчанд ҳуҷумҳои бомуваффақият гузаронда буд) ҷониби сардори ситод ситезманд шуд: «Чаро ротаи мо дар лаҳзаи душвор дар ҷойи аввал будаасту ҳангоме ки паради гарнизон мешавад, аз ақиб меома- даст? Сабабашро Фрунзе омада фаҳмонад!» Сардори ситод, атрофиён, ҳарчанд «Иосиф, беақлӣ накун,» гӯянд ҳам, зӯҷм карда, ба суханаш истод ва намонд, ки рота ба парад барояд. Фрунзе аз воқеа хабардор шуда, омад: гарнизонро қатор кард ва бо лаҳни муассир чунин гуфт:
«Ба чунин даъвату ҷамъомадҳо омадани сардори армия шарт нест. Ман назди ҳамяроқонам, ҳамчун як коммунист омадам, то огоҳ созам, ки аз талабу таҳдиди касе наметарсам. Суди подшоҳӣ ба ман ду маротиба ҳукми қатл дод. Вале натавонист, ки аз роҳу равишам гардонад. Шумо хуб медонед, ки дар армия тартибу низом набошад, он армия ҳам худаш мехӯрад, ҳам ба ватан иснод меорад. Ва ҳамчунин медонед, ки давлати Шӯравӣ ба чунин бетартибӣ ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад! Огоҳ мекунам: минбаъд касе ба чунин моҷароҷӯйҳо ҳангома мекунад, паронда мешавад.»
Чернов ҳамон вақт мушоҳида карда буд, ки ин тоифа баҳри пешбарии инқилоб аз ҳеҷ қабоҳат рӯ намегардонанд.
Пас аз он ки армияи Колчакро задаю роҳро тоза карданд, худи Фрунзе ба Тошканд омада, вагонҳои пахта ва гандумро бор кард ва фармуд, ки дар танаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё