Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ФАСЛИ ДУЮМ

Дар Самарқанд, дар ҷое ки пештар гарнизони жандармҳои Русияи подшоҳӣ воқеъ буд, ду сол боз ситоди ҷабҳаи Туркистон қарор дорад. Рӯзи 17 июли соли 1920 тарафи бегоҳ дар штаб маҷлиси махфии сардастаҳои ҷабҳа барпо шуд. Ба маҷлис сардори бригадаи 11-уми савораи мустақар дар Самарқанд майор Чернов Александр Николаевич низ даъват шудааст. Бригадаи ӯ тахмин чорсад қадам дуртар аз ситод дар наздикии боғи сердарахте ҷойгир аст. Онҳоро як моҳ зиёд шуд, ки аз Фарғона ба ин ҷо овардаанд. Ва дар ин муддат Чернов мушоҳида кард, ки аз Самара, атрофи Уралск, Моварои Каспий ва дигар ҷойҳо ҳар гуна ҷузъу томҳоро оварда, ба ҷабҳаи Туркистон ҳамроҳ кардаанд. Полкҳоро бештар дар маҳаллаҳои руснишини дар қади роҳи оҳан қарордошта ҷой додаанд. Аллакай дар миёнаҳои моҳи июл ҷабҳа бо аскар ва ҳамагуна силоҳи замонавӣ таъмин ва тайёр шуда буд. Ин гирумону тайёриҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки юриши Бухороро тезонданианд. Ӯ вориди толор шуда дид, ки сардастаҳо аз Хӯқанду Тошканд, Когон ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна низ омадаанд. Ва ягон-ягон сардастаҳои ношинос ҳам ҳастанд. Толор пур аст. Вақтҳои охир дар ин тарафҳо чунин ҷамъомади калон нашудааст. Нигоҳаш ба ҷонишини командири полки 7-уми тирандозӣ Николай Бондаренко афтиду рафта дар паҳлуяш ҷой гирифт. Пеш онҳо дар Фарғона бар зидди Шермуҳаммаду (Куршермат) Эргаш Қӯрбошӣ якҷо меҷангиданд. Чор моҳ пеш онҳоро ба Қаршӣ интиқол доданд.

Дар паси мизи пешгоҳ сардори штаб подполковник Андреев Фёдор Матвеевич, марди мӯйлабдори чеҳрааш банур, нишастааст. Чернов ҳанӯз дар замони ҷанги Колчак аз рафиқон шунида буд, ки Андреев ёздаҳ сол дар армияи подшоҳӣ хизмат кардааст ва ду сол пеш бо хоҳиши худ ба тарафи сурхҳо гузаштааст. Ва гӯё Фрунзе ба он сабаб ӯро ба худ ҷонишин карда, ҳамроҳ гирифта мегардад, ки таҷриба ва роҳу равиши кори сарлашкарони номии русро ба ӯ меомӯзондааст.

Лейтенанти сафедрӯе, ки дар пушти лабаш наҳӯд барин хол дошт, дар девор харитаи дуюмро меовехт, ки дар он аморати Бухоро нақш ёфта буд. Андаке пас сардори ҷабҳаи Туркистон Михаил Фрунзе даромад. Ҳамроҳаш комиссари дивизия Шестак Давид Абрамович ва чор-панҷ нафар коргарони штаб низ ҳастанд. Фрунзе риш мондааст. Ӯ чеҳраи гирдаи осиёӣ дорад. Дар нигоҳ ва гирумонаш як шукӯҳмандии хоси сарлашкарӣ мушоҳида мешавад. Колчаки номиро ки ба сад ҳазор аскар шикаст дод, номи ин ҳам дар забонҳо афтид. Ба Чернов, ки дар қатори пеш менишаст, чашмаш афтиду аранге табассум кард. Онҳо ҳамшаҳрианд, аз Пишпек. Фрунзе ду-се сол аз ӯ калон аст. Дар замони подшоҳӣ, падарҳояшон баъди хизмати ҳарбӣ, муқими он шаҳр шудаанд.

пешина
аз 613
навбатӣ