Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мансур ба хонаи падар гузашт. Ин воқеа рӯзи чоршанбе рӯй дода буд. Рӯзи ҷумъа Мансур аз намоз баргашта, зани Абдурашидро назди дарвоза дид. Ӯ бо гиря гуфт, ки маъмурони рус ҳам пул гирифтаанду ҳам Абдурашидро пӯписа кардаанд, ки писарат ба хизмат меравад.
-
Писара рафтан намонед. Касе омад, ҳамин кордории маъмуронро фаҳмонед,-гуфт Мансур ва ба ҳавлиаш омаду андешамандона ин тарафу он тараф қадам зад, сипас гӯё чизе ба хотираш омаду ба хона надаромада, бо шитоб аз дарвоза берун шуд.
-
Ман аз ин мардак метарсам. Оқибат ягон дилсиёҳӣ мекунад,- Бибигул аз хона баромада бо овози ӯшнаво ғур-ғур кард.
Мансур торикии заб баргашт. Дар дасташ як ҷоба карасин. Он вақтҳо ёфтани карасин мушкил буд. Бибигул хурсанд шуд, ки зимистон чароғаш бе карасин намемонад. Вале, чунон ки баъдҳо маълум шуд, он ҷоба ба ин хона бало оварда будааст...
Ҳамон сол Ҷовид шашсола шуда бошад ҳам, гоҳ-гоҳ аз назди акаю апааш гурехта, ба хонаи рӯбарӯ, назди модар даромада хоб мерафт. Боре ними шаб аз садои баҳсу кашокаш бедор шуда дид, ки чароғ фурӯзон асту дари хона боз, овози модараш аз даҳлез меояд. Ӯ сари ҷогах хеста гӯш кард.
- Барака ёбед, як маротиба суханама гӯш кунед. Дар ҳамин лаҳзаҳое, ки падаратон бемор... - Аз садои модар ҳам илтиҷо ва ҳам накӯҳиш ба гӯш мерасад.
Ҷовид назди дар омада дид, ки падар дар тан болопӯшу дар сар телпаки русӣ дорад ва ба душворӣ шинохта мешавад. Ӯ чунин либос надошт. Аз афташ, ин либосҳоро ҳамин рӯз овардаанд.
-
Гуфтам-ку ҷобаро ба рафиқам дода бармегардам. Вақт нагир!- Падар кӯшиш мекард, ки ором сухан кунад, вале муваффақ намешуд. Суханаш изтиробомез мебаромад.
-
Вай чӣ гуна рафиқ, ки то пагоҳ тоқат намекардааст. Дар нимишабӣ...
-
Ту қози ҳастӣ, ки мепурсӣ? Як тараф ист!
-
Ман медонам феъли шумоя. Кушед, ки намемонам! -Модар китфашро ба дар гузошт. Аз ваҷоҳаташ бармеомад, ки омодаи часпу талош аст.
Падар дарро ҳамроҳи модар ба шиддат кашида, ба девор тамба карду чӯбаро бо ситез бардошта рафт.
- Чаллод! - модар аз алам нолиш кард ва дасти Ҷовидро дошта, болои чоғаҳ бурд. Ҷовид сарашро ба зонуи модар гузошта, ларзидани танашро ҳис мекард, пичироси модар ба гӯшаш мерасад: «Худоё, нигаҳаш дор, аспашаю аспи ҷиянаша, ки гирифт, аламаш кард.»
Ҷовид пай бурд, ки лобаҳои модар дар ҳаққи падараш аст. Фурсате пас ғанабаш бурд.
Аз паҳлӯи хонаи Мансурино ҷӯйи об ҷорист. Баҳорон обаш мудом лабрез ва мисли рӯди кӯҳӣ софу ҷонбахшу шитобон аст. Ҳоло баргҳои зардшударо як-як ҷамъ кардаю ҳамроҳаш гирифта оҳиста меравад. Аксари мардуми гузари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё