Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мирзо Рашиди Заркӯб ва заминҳои поёни Растаи Баззозӣ аз ҳамин об истифода мекунанд. Ҷовид пагоҳӣ дар ҷӯй дасту рӯй мешусту баҳси шабонаи падару модарро ба хотир меовард. Ҳоло дид, ки онҳо назди зина, гӯё байнашон воқеае рух надода бошад, хушҳолона гуфтугӯ доранд. Дар ин асно ҳоҷӣ Неъмат дар даст тарбуз вориди дарвоза шуд. Ӯ риши мошу биринҷ ва рӯйи дароз дошт. Мудом саллаи осмониранг мебаст.
Падар рафта тарбузро гирифт.
– Бемор шудани усторо фаҳмида омадам,– гуфт ҳоҷӣ Неъмат.
Ду сол пеш бобои Меҳрон барои ӯ хона пӯшонида буд, бо ҳам дӯстӣ доранд. Аз зинаҳо боло рафта, суханашро идора дод:
– Аз назди масҷиди Тиллокорӣ гузарам, одамон гап-гап доранд, ки имшаб касе хонаи урусеро, ки ҷавонҳоро ба аскарӣ рӯйхат мекардааст, алав мондааст. Дар пушти хона се асп бастагӣ будааст: якеш бандро канда гурехтаасту дуи дигар ҳамроҳи хона сӯхтаанд. Насаби марди рус Чуриков будааст.
Чашми Ҷовид ба модараш афтид, ки бо чеҳраи тарсӯрда ба падараш зеҳн мемонд. Рангу рӯйи падар низ тағйир ёфт, вале худро бепарво вонамуд карда пурсид:
– Ранги аспҳои сӯхта чӣ хел будааст? Вай бадбахт Рӯшани моро ҳам бурда буд.
– Рангашона нагуфтанд. Мурдаҳошонро дар назди дарвоза дидаанд, ки шинохта намешудааст.
– Кӣ алав мондааст, маълум не?
– Дар кофтуков будаанд. Ҳамсояҳоро пурсуҷӯ доштаанд.
Онҳо ба хонаи бобо даромаданд.
– Хонаи урусе, ки аспи моро гирифт, сӯхтааст?– пурсид Ҷовид аз модар.
– Бачаҷон, ту ба ҳар гапу кор ҳамроҳ нашав.– Модар хавотиромез ба Ӯ зеҳн монд. – Самарқанд пури урус. Кӣ медонад, хонаи кадомаш сӯхтааст. Рафтем, чой дам мекунам, барои бобоят мебарӣ.
Ҷовид ба дари бобо наздик шуду овози ҳоҷӣ ба гӯшаш расид.
– Усто, ҳоло шумо сиҳат шуда мехезеду боз хона мепӯшонед.– Ва Ҷовидро дида афзуд:– Касбатонро ба ҳамин набераатон ёд диҳед. Ба худатон монанд.
Бобо бо ишораи ризоият сар ҷунбонду озмоишкорона ба Ҷовид зеҳн монда, бо овози гирифта гуфт:
– Ин кас номи амакамро доранд, - ва ишора кард, ки наздаш ояд, пас дасташро ба сари кӯдак ниҳода бо овози баландтар афзуд: -Бобои мо сесад-чорсад сол пеш аз Хуҷанд ба ин ҷо омадаанд. Ин касбро аз ҳамон ҷо овардаанд.-Андаке таваққуф карда идома дод:- Хонаҳои пӯшидаамро бинам, мисле ки нерӯ мегирам.
Ҳоҷӣ каме сӯҳбат карда хест. Дар берун падарро бо овози паст огоҳ кард:
– Ранги усто кандагӣ. Аз холашон бехабар намонед. Одаму оҳ гуфтаанд, як оҳ мегӯяд, мебинед ки нест.
Падар бо нигоҳи изтироболуд ба ҳоҷӣ нигарист. Ӯро гусел карда ба хона даромад. Бобо фурсате пас бо овози хаста гуфт:
– Ман хоб мекунам, шумо аз паси коратон шавед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё