Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Як мӯйи ҳамин хешам афтад, биллоҳи азим, чокат мекунам!-Умарбек панҷ-шаш қадам тохта, тамоми овозашро сар дода фарёд зад:-Ҳоло падараш фаҳмад, элу авлодата сар мебурад! Вайро Мансури самарқандӣ мегӯянд! Дар вақташ Самарқанда ба дод оварда буд! - Ӯ баргашта лаби кафидаи Ҷовидро пок карда, дилбардорӣ кард:
– Гиря накун, мард дар кӯча теғ хӯрад ҳам, худро медорад. Қасдан падаратро ёдрас кардам. Кори кардааш ҳамаро тарсонд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки Остон аз тарс шабҳо хоб надорад. Ҳамон шаб падарат гӯйё хонаи вай ҳам рафтаасту вай дар хона набудааст. Ё ин овозаро худи Остон паҳн карда бошад?.. - Умарбек дасти Ҷовидро гирифта, ба роҳ даромад. Ва раҳораҳ таъкид кард: -Кори шударо ба модарат нагӯй. Одами касала хавотир накун.
Ҷовид ба ҳавлӣ даромада, лаби ҷӯй рафта бо овози паст гиря карда, дар оби сард хуни лаб ва хуни ба куртааш рехтаро шуст. Сухани Сафар, ки «Холбек барои доштани падарат чор тараф одам мондааст» мегуфт, бештар аламовар буд. Хавотир мешавад, ки мабодо падарашро ёфта биёранд. Аввалин маротиба худашро бекасу нотавон ҳис мекунад ва тез-тез ба рӯяш об мезанад. Аммо гиря аз қаҳри дилаш мисли чашмаи булук, ки обаш дар баҳорон зиёд шудааст, меояду меояд. Ҳангоми хестан назараш ба Баҳодур меафтад, ки рӯйи ҳавлӣ истода бо табассум сӯяш менигарад. Ин ҳолат як лаҳза давом мекунад. Солҳои гузашта дар хотираш зинда мешаванд ва баъдҳо ба фаҳмаш мерасад: «Рӯҳи бародар озору гиряашро дида, барои дилбардорӣ омадааст.»
Ҳамон рӯзҳо ҳаво тағйир ёфта хунук шуд. Рӯзи якшанбе шамол хеста аввал борон, пас барф борид. Дар андак муддат замин сафед шуду дар кучаҳо аҳён-аҳён одам менамуд. Тарафи бегоҳ Ҷовид ҳезум мешикаст, ки овози модар ба гӯшаш расид. Дид, ки ӯ кӯзаи об дар даст аз байни замин меояд. Об оварданисту наметавонад. Дилашро дошта ҳам шуда истодааст. Давида рафта кӯзаро аз дасташ гирифту, ҳамроҳ омаданд. Модар болои таксинҷ нишасту дилашро дошт. Рангаш сафед шудаю лабонаш парсин бастаанд. «Аз ҳамон рӯзе, ки Ҷаббор ҷомаи Баҳодурама пӯшид, сих задании дилам зиёд шуд,-гуфт.- Бар болояш сарам вазнин. Мегӯӣ осмони пурчангу ғубор аст».
Ҳаво сард бошад ҳам, модар таги яқтаҳ баромадааст, муддате хомӯш ба дуриҳо нигаристу, бо ҳасрати бештар ба суханаш идома дод: -Аз падарат дарак нашуд.-Рӯзи омади урус маро болои суфа шинондаю ба тавраш аз ман розигӣ кард. «Зиндагии хуб гузарондем, фарзандони хуб тарбия кардем»,-гуфт. Он вақт чӣ фикрҳо ба сар доштааст... Мабодо урус барад гуфтаю дарди дилашро баён карда будааст...
– Шумо ба падарам чӣ гуфтед?-Ҷовид бехабар аз дили пурозору пурҳасрати модар рӯбарӯяш рост истода, табассум кард.
Модар аз табассуми фарзанд нерӯ гирифт. Дасташро ба сари ӯ ниходу гуфт:
– Суханҳои ман ногуфта монд. Суханҳои ман дар дилам як-як ҷамъ омада интизоранд. - Модар пас аз дақиқае илова кард: - Ӯ сари гӯрам меояд вале дигар маро намешунавад.
– Чӣ мегуфтед, гӯед!- бо гарданшаҳии кӯдакона исрор кард Ҷовид.
– Модар синчакорона ба рӯйи писар зеҳн монда гуфт:

пешина
аз 613
навбатӣ