Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Занаш дар зарфе угро овардааст. Пас холаи Зулайхою Меҳрубон омаданд. Меҳрубон рӯймоли рангаш кабуд бастааст. Дар танаш як камзӯли куҳнаи дарида. Мисли одамони нав аз беморӣ хеста, ранги зард дорад. Рӯйи ҳавлӣ ба Ҷовид чашмаш афтиду даст ба даҳон бурда гиряаро дошт. Ба сутуни айвон такя карда, поён фуромад ва беовоз гиря кард. Ҷовид паҳлӯи Меҳрубон нишаст.

Холаи Зулайхо низ китфашро ба сутун такя дода гирист. Ӯро дарди Меҳрубон месӯзонад. Ин ҳолат ду-се дақиқа давом кард. Пас модар дасти Меҳрубонро гирифта хезонду хона даромаданд.

– Омадем ки шуморо хона барем, – гуфт холаи Зулайхо. – Дар ин замонаи кофироманд якҷо бошем, заҳри ҳамдигарро мегирем.

Модар дасти Меҳрубонро гирифт ва ба рӯяш зехн монда гуфт:

– Бачаҷон, хоҳӣ, ки рӯҳи Баҳодур шод бошад, худатро ғам нате. Дар тақдири шумоён чунин рӯз будааст. Ту ояндаи худатро фикр кун. Умраро хазон накун. – Ва дастархони наздаш бударо кушода, афзуд:

– Зулайхоҷон, боз як ҳафта тоқат мекунем... Аз шумо миннатдорам... Андаке таваккуф кард ва пурсид: – Ин золимҳо хонаи шумо ҳам меоянд?

– Ҷаббор рӯздармиён меояд. «Шавҳарат наомадааст?! Шавҳаратаро ёб!» – гуфта пӯписа мекунад. Ҳафтаи гузашта холаи Гулмоҳ «шавҳарамро ту аз хона бурдӣю гум кардӣ! Ту меёбӣ!» – гуфтанду баъди он то ҳол наомадаанд.

Рӯзи дигар овозаи «Ҷабборро куштаанд!» чун тундар дар деҳа паҳн шуд. Ба Бибигул ин хабарро Меҳрубон овард. «Кадоме дар ҳавлиаш гӯсфанд барин хобонда сараша буридааст. Падараш арақ хӯрда нада масти хоб будааст!» Ӯ чунон бепарво, балки бо нафрат сухан гуфт, ки модараш нороҳат шуд.

– Ба марги бандаи Худо шод нашав, духтарам, агар душманат бошад ҳам.

– Вай одам набуд, – Меҳрубон кӯрпаи болои беморро дуруст карда бо ситезамандӣ афзуд: – Рӯзе Амин сари Холи Қатрона мебурад. Хонаи амаки Мавлонбой даромада ба зани Амин гуфтааст, ки Мавлонбойу Амин дигар намеоянд, ту зани ман мешавӣ. Ҳангоми чизу чораи хонаи Мавлонбойро гирифтан Амин ба Сангов мечаспад, баъди он милиса меояд, аммо Амин мегурезад.

– Зонакро шӯяш зинда, дар қайди ҳаёт... – Ҳайрон шуд Бибигул.

Онҳо боз каме сӯҳбат карданд ду Меҳрубон берун баромада, ҳавлӣ рӯфт. Ҳангоме ки ҳамроҳи Ҷовид хасу хошокро ҷамъ мекарданд, гуфт:

– Падарат мешуданд, аз шаҳр табиб оварда холамро табобат мекарданд.

Баъди рафтани Меҳрубон Ҷовид хона даромада, овози худ ба худ гап задани модарро шунид: «Ин кори ҳавай аст. Хаёл мекунад, ки алави дилаш паст мешавад. Не, ин алав то рӯзи қиёмат устухонҳоятро месӯзонад.»

– Падарамро дар назар доред? – пурсид Ҷовид.

– Дилам мегӯяд, ки падарат барои қасоси Баҳодур ин корро кардааст. Лекин ту ин суханро аз даҳонат набарор. Касе нагӯй. – Модар дақиқае сокит шуду афзуд: – Меҳрубон гуфт, ки Ҷаббор порсол барояш хостгорӣ омада будааст. Ду рӯз пеш аз кушта шуданаш боз омадааст. Модараш тарафаш нигоҳ накардааст. Лекин холаи Гулмоҳ шаттоҳӣ карда, бароварда пеш кардаанд. Вай ба холаи Гулмоҳ дӯғ задааст, ки туро ҳам душман карда, зиндон мефиристаму Меҳрубонро мегирам. Мана ҳолаш чӣ шуд?

пешина
аз 613
навбатӣ