Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
— Ҷомаи бародарамро пӯшида буд, лаънатӣ, хубаш карданд, — гуфт Ҷовид ва пурсид: — Худи Меҳрубон ҷангаш накардааст? Мегуфт, ки ту одамкушро намегирам.
— Як духтари мушти пар бо ҷавоне, ки соҳиби деҳа мондаанду дар пасаш русҳо кӯҳ барин истодаанд, метавонад сарбасар шавад? — Модар сари Ҷовидро сила карда, ба рӯяш зеҳн монд.
Се рӯз пас аз кушта шудани Ҳаббор тарафи офтобшин ду ҷавони ношинос Ҷовидро пешандоз карда, ба масҷиди гузарашон — гузари Ҳайдарбек, ки ҳоло хизмати идораи кумитаи инқилобро иҷро мекард, бурданд. Дуртар аз дари даромад ду аспи калонҷусса баста шудааст. Аспи абргунаи сардастаро Ҷовид шинохт. Дар дохил, дар паси девори саҳн Остон машғули дегу алов аст. Ӯ ҷониби Ҷовид бад-бад нигоҳ карда ғур-ғур кард. Ҷовид чӣ гуфтанашро нашунид. Назди дари масҷид таваккуф карду овози башиддати тарҷумони ришдор ба гӯшаш расид.
— Кори инқилоб фақат аспсаворию пӯписа кардани мардум нест! Ё аллакай ҳавои буржуй шудан дар майнаҳои пӯлашудаатон нишаст?! Зуд орзуи соҳиби хонаю дари зебо, кутани мол, соҳиби чор зан шуданро доред?! Кори инқилоб хизмат ба мардум! Баробари мардум будан аст! Дар деҳаи Вандоб низ чунин аҳвол! Раиси кумита зани бойеро гирифтанӣ шудааст, ки шабона омада, гӯшу биниша буридаю дар пасаш чӯб задаанд. Мо наметавонем ин ҷо нишаста шуморо муҳофизат кунему шумо заннадидаҳо зани мардума гиред! Мисли амиру бекҳоятон ҳарами занҳою маҳрамбачаҳо кушоед! Инқилоб инқилобу инсофу арзишҳои инсонӣ дигар нашудаанд!».
«Яқин зани Амин арз кардааст», — фикр кард Ҷовид.
Ҷавонони ношинос Ҷовидро дарун тела карда худашон дар гӯшае ҷой гирифтанд. Дохили масҷид бӯй мекард. Бӯйи пою бӯйи арақи бадан.
Сардаста дар паси миз нишастааст. Чеҳрааш гирифта ва хашмгин менамуд. Ӯ ба тарҷумон ба русӣ боз чиҳо гуфт, пас нигоҳаш ба Ҷовид афтида ҳайрон шуд.
— Писари Мансури самарқандӣ ҳамин,- гуфт Сангов.
— Хуб, ин кӯдакро чӣ кор кунем?- Сардаста бо ғазаби ошкоро ба Сангов нигарист ва аз ҷайбаш кутии ялақосир бароварда, бафурҷа онро кушод ва папирос гирондаю рӯйи хам кашида, ба тарҷумон чизе гуфт. Ҷониби Ҷовид андаке табассум карда, ба тоҷикӣ пурсид:
— Дар хона ғайр аз ту боз кӣ ҳаст?
— Модарам. Лекин он кас баъди куштани бародарам беморанд. Хӯрок намехӯранд. Мегӯянд, ки Баҳодури ман дар гӯр хобидаасту ман хӯрок хӯрам?
Сардаста ба рӯи Ҷовид синча карда нигарист. Чашмонашро танг карда бо нармӣ пурсид:
— Падарат шабҳо меояд?
— Маро тез хоб мебарад. Ман ҳам мехоҳам он касро бинам,-гуфт Ҷовид ва ба хотираш омад, ки дар шаҳр попироскашҳоро медид. Таҳсигорашонро, ки мепартофтанд, гирифта ба нулаш мемонд.
— Ӯро бинӣ чӣ мегӯӣ?- Мусоҳиб нигоҳашро аз ӯ намеканад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё