Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мансур баъди ки мурдаи Низом-махдумро дар ҷазираи байни дарё монда зери борони сел ба Афғонистон гузашт, бемор шуда, ду ҳафта дар ҳуҷраи назди чойхонаи Ғуломҳайдар хоб рафт. Юра-Юсуфи баракаёб нигоҳу бинаш карда ба по монд. Ба хонаи Низом-махдум рафтанашро имрӯзу пагоҳ гуфтанд дар партофт. Мехост ки аламу озорашон каме пасанда шавад. Ба дигар корҳо машғул шуд. Аз байн аз як моҳ зиёд гузашт ва рӯзе ки дар чойхонаи Ғуломҳайдар бори дувум ба кор шурӯъ кард, Раҳими қасоб хабари аҳволи оилаи Низом-махдумро овард: “Набихони афғон марди низомие, ки Садафро барои писараш хостгорӣ карда буд, модару духтарро соҳиб карда ба хонааш бурдааст”. Мансур ҳангу манг монд. Аз ҳасрату алам табари дасташро қариб меафтонд.
– Камолҷон дар куҷо будааст? – пурсид ӯ. – Зинда будааст, ки модару хоҳараша бегонаҳо мебурдаанд?
– Камолҷона надидам. Гуфтанд ки вай ҳам ба кадом дастае ҳамроҳ шуда ба тарафи шӯравӣ гузаштааст.
Мансур дақиқае хомӯш истоду пас бо заҳрханда гуфт:
– Як духтари зебои Бухороро афғоне гирифт, – ва оҳи ба дард кашид.
Раҳим ба чашмони рафиқаш синчакорона нигариста гуфт:
– Махдум охир он афғон ҳам ҳамқавми худамон, дар ватанашон ҷоймон доданд, дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунем, нону намакашона мехӯрем, пас бояд духтар диҳем, ин як кори табиист.
– Ҷой додааст додаст, духтаро чаро медодаам! – гуфт Мансур ситезмандона.
– Чӣ қадар ҷавонҳои мо ҳам духтари афғон гирифтанд, – Раҳим нигоҳашро аз мусоҳибаш намеканд.
Мансур минбаъд тарафи он хонадон нарафт. Фикр мекард, ки зан бесоҳиб монд, мебарандаш-дия. Дар ин кор айби худаш ҳам шуд. Боз чунин фикрҳои содда ба сараш меомаданд: Аз он писари чашмкалони Набихон дида худаш Садафро мегирифт, хуб набуд? Ҳоло қувваташ нағз. Садаф ҳам ба ҳамин кор хурсанд буд. То аз паси Ҷовид омадан ин фикр аз сараш дур намерафт.
Мансурро дар шаш-ҳафт моҳе ки дар Ҳисор буд ҳарвақт ба шавку ҳавас ба кор баромадани колхозчиён ҳайрон мекард. Медид, ки ҳама яктан шуда гӯё ба ҳашари умум мераванд. Гӯё замину зироат ва ҳама анҷоми колхоз аз они худашон бошад. Чӣ хеле ки худашон мегӯянд, меҳнати коллективон барояшон писанд буд. Якҷоя кор кардани зану мард бештар маъқулшон меафтад. Ҳаваси тамошои занҳо ҳатто пиракиҳо ҳаваси кори саҳро мекарданд. Охир зани шарқ, ки садсолаҳо зери чодар буд, берун баромадааст. Ҳусни зан саҳроҳои колхозро дилангез кардааст. Худашон ҳамин гуна суханҳо мегуфтанд. Мансур, аз он ки худаш ҳам ба ҳашар ҳамроҳ аст, розӣ буд.
Аммо баъди вохӯрӣ бо писар он рӯзгор халалдор шуд. Сухани Ҷовид “Фаҳманд, ки дувоздаҳ сол дар Афғонистон будаед, ҷосуси империализм гуфта душман мекунанд” мисли оби сард аз сараш рехта шуд. Ба оҳанги калонгирона сухан карданашро намегӯёд...
Баъди он вохӯрӣ Мансур одами дигар шуд. Ба дилаш тарс роҳ ёфт. Камсухан буд, камсухантар шуд. Аз дур шапкадореро медид, дар изтироб меафтид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор