Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Мансурбой, вақт рафт, берун оед.
Падар гиреҳҳоро кушода монд. Ду ангушти банди пойҳоро, ки баста буданд, низ кушод ва ҳамчунон бо гиря «Хайр, писарам, писараки азизам» ва боз ким-чиҷое гуфту аз гӯр берун омад. Сараш луч буд, яқтаҳаш хоколуд, тобути он тараф мондаро диду рӯяшро ба он молида зор-зор гирист. Пас хесту гӯё нав мардумро дида бошад, ба овози баланд гуфт:

– Раҳмат ба ҳамаатон, ки ба ҷанозаи фарзанди мани ғариб омадед. Некиро аз Худо бинед! - Сипас бо сари хам ва беҳолона болои замини лойолуд нишаст. Ба хоки тӯдакарда даст бурда, як каф гирифта, дуо хонда, болои қабр партофт. Касе тоқиашро, ки болои хок афтидааст, бардошта ба сараш пӯшонд. Вай бошад, аз охирин лаҳзае, ки бо Баҳодур ба ҳам буданд, фикр мекард: Дирӯз аз хонаашон задаю кӯфта бароварда ҳаммом бурдандашон. Баҳодур, ларзиши танашро дида, пурсида буд: «Падарҷон, хунук хӯрдед ё ҷои зада дард мекунад?» Акнун ӯро чунон дур бурданд, дигар ҳамдигарро ҳеҷ гоҳ нахоҳанд дид. Танаш дарак-дарак ба ларза даромад.

Домулло ба хондани сураи «Мулк» шурӯъ кард.
Ҷовид дасти падарро гирифт. Падар ба худ омада, дасташро бо меҳрубонӣ фишурда, дар ҳамон ҳолате ки сараш хам аст, пурсид:

– Бачаҷон, модарат чӣ ҳол дорад?
– Мудом гиря мекунанд. Чизе намехӯранд.
– Вай сӯхта тамом мешавад, - гуфт ва дақиқае пас ба рӯйи Ҷовид нигариста гуфт:
– Писарам, акнун ту дар хона ҳам ба ҷойи ман, ҳам ба ҷойи бародарат. Умеди мо ба ту. Ин суханро фаромӯш накун. Ба модарат гӯӣ, ки худашро ба даст гирад. Гӯӣ ки тақдирамон талх будааст. Гӯӣ, ки касе ба куштори писарам даст дошт...

Умарбек рӯйи ҳам сурфа кард. Падар аз сурфаи Умарбек маъно гирифт, суханашро то охир нагуфт, анҷоми қироати домуллоро низ интизор нашуда, хесту аз болои санге ҷомаашро гирифта, аз байни буттаҳои нав барг баровардаи канори қабристон гузашта ҷониби теппаҳо роҳ пеш гирифт. Китфу пушти яқтаҳаш хоколуд. Дар байни одамони давра пичир-пичир сар шуд. Аз афташ, рафтанашро ҷонибдорӣ мекарданд. Падар дар андаке муддат теппаи паси қабристонро баромада байни хору соплиқҳо нопадид шуд.

Лаҳзае гузашту Тоши Тарош, падари Ҷаббор савора ба гӯристон омад. Тош ҳоло ким-чи хел мансабдор аст. Ба гӯристон ворид шуда аспро тозонд.
– Ин худозада аз рӯзе, ки мансаб гирифтааст, бе арақ намегардад,- гуфт касе бо овози шунаво. - Дунболаш раиси кумитаи инқилобӣ Холбек Сангов (ҳоло Холро чунин ном мегиранд) ҳамроҳаш ду савор омада машғала бардоштанд.
– Мансури самарқандӣ куҷост?! Ин душман куҷо руст шуд?-Сангов туфангчаашро дар ҳаво ҷавлон дода, аспро атрофи қабрҳои даҳонкушода гардонда, ба онҳо зеҳн мемонд.
– Мансурро аз кӯҳ purs!-Садо баланд шуд. Аз афташ ин овози амаки Каромамат аст.

пешина
аз 613
навбатӣ