Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Ҷовид пеш-пеши тобути Баҳодур мерафту ҳайрон буд, ки чаро гиряаш намеояд. Модар ба ӯ ҷомаю тоқии нав пӯшонда, ба таъкид гуфт, ки пеш-пеши тобут раву «Бародарам, бародари ба ҷафоҳо куштаам!» -гуфта гиря кун. Вале ӯ на гиря кардан тавонисту на чизе гуфтан.
Аз хона то гӯристон хеле роҳ аст. Дар тарафи ғарбии гӯристон чанд зардбеди солхӯрда, танаҳояшон ҷое пӯсида ва ҷое сӯрох ҳаст. Онҳоро, ҳар кас хоҳад, шохшикан мекунанд. Дар зимистон бачаҳо аз танаашон тароша карда, аловӣ мебаранд. Ҳатто дар ковокии танаашон, ки мисли танӯр аст, оташ мегиронанд, ки ҷои сӯхта мисли ҷароҳат намоён аст. Вале онҳо ба рағми ҳама ҷафоҳои аз одамон дидаашон, боз рушду нумуъ мекунанд, навдаҳои сабз ҷавона мезананд. Гӯё ба он маргистон нишон медиҳанд, ки ҳаёт пур аз нерӯст, зебо ва дилангез аст. Ҳоло боз шохҳояшон сабз шудаю аз шамоли баҳор гоҳе оҳиставу гоҳе ба шиддату ғолибият алвонҷ мехӯранд.
Ҳангоме ки майитро ба гӯристон оварданд, офтоб ба қиём омада буд. Қариб ҳама хурду бузурги деҳа аз паси тобут меомаданд. Роҳ ва замини гӯристон аз борони дирӯза ҳанӯз лой аст. Умарбек ба қабр фуромада, мехоҳад мурдаро бигирад. Аммо ин дам овози омиронаи падар аз байни ҷавононе ки қабрро давра карда буданд, баланд мешавад.
- Умарбек, истед!
Ҳама лаҳзае шах шуданд. Танҳо Ҷовид хурсандона, одамонро тела дода «падарҷон!» - гӯён наздик рафт. Вале падар ба ӯ эътибор надод. Ӯ тағи яктаху тоқист, аз болои яктах миёнашро бастааст. Чеҳраи сурхаш ҳоло мисли пахта менамояд. Лабҳояш кафидаю хунолуд, нигоҳаш ба дард, манаҳаш меларзад. Даруни қабр даромада даст дароз кард ва ба овозе, ки атрофиён шунаванд, гуфт: «Биё, Баҳодурам, фарзанди азизам! Биё, писари баномусам! Ба ҷойи он ки ту падарро ба қабр монӣ, падари бетолеъат туро ба хок месупорад! Золимҳо ин кӯҳи андӯҳро ба сарам заданд! Бе пару болам карданд!»
Аз пас садои ҳиқ-ҳиқи гиря омад. Усто Каромат ба тариқи маслиҳат гуфт:
- Мансурбой, додарам, худатона ба даст гиред!
Домулло Назар, ки ду ҳафта пеш аз Бухоро омадааст (он ҷо ҳашт сол боз мадраса мехонд), низ падарро дилбардорӣ кард:
- Мансурбой, писаратон шаҳид шуд! Дар ҳадиси муборак омадааст, ки «шаҳид ба ҳафт пушташ шафоат мекунад.»
Аммо падар ба онҳо эътибор намедод: мурдаро аз дасти одамон гирифта лаҳзае рӯйи даст дошт. Мисле ки «Не! Не! Не!...» мегуфта бошад, сарашро меҷунбонд. Гӯё аз дидаҳояш оби чӯй равон буд, дар як дам болои кафан тар шуд. Садои нулаи гиряаш ки пешашро ба зӯрӣ дошта буд, шунида мешуд. Ниҳоят мурдаро ба қабр гузошта, аввал гиреҳи пойҳоро пас гиреҳи миёну сарро кушода, кафанро андак пас зад ва ба мурдаи ранғаш зардшудаи ки аллакай рӯ ҷониби қибла гардонда буд, нигарист. Мисле ки шах шуда монда бошад, намеҷунбид. Атрофро як лаҳза хомӯшӣ фаро гирифт. Ҳатто шамолаки тезе, ки хур-хур мевазид, замоне дам ба дарун дошт. Навдаҳои бедҳо ҳам аз ҷунбиш монданд. Ғами падарро дида ҳама дам ба дарун кашида буд.
Умарбек тоқат накарда садо баланд кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё