Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Субҳ дар деҳа овоза паҳн шуд, ки аскари сурх хун ба хун мегирифтааст. Ба ивази хуни ҳамярокашон бойҳои дирӯз бандӣ кардаро қатор монда мепаронанданд. Чоштгоҳ Ҷаббору Қодир дар кӯчаҳои Найзаварон гашта, мардумро ба митинг даъват карданд.
Умарбек, ки тадбири ҷанозаи Баҳодурро мекард, ду маротиба аз кӯча гузаштани Қодирро дида, сӯи занҳои навҳагар «худамро як нишон дода меоям» гуфт ва ҷониби хонаи пристав, ки митинг он ҷо баргузор мешуд, рафт. Муддате пас Ҳумоюн -писари хурдии Нуралӣ назди Ҷовид омаду ҳамроҳ ба тамошои митинг рафтанд. Ҳумоюн гуфт, ки Холу Ҷаббор заб омада хонаашонро кофтаанд, дар нуги чӯб шамъ гиронда оғилҳояшонро, охури молҳоро дидаанд. Саҳарӣ ҳам омада хонаҳоро кофтаанд. Падарат дар куҷо гуфта, онҳоро тарсондаанд. Хонаҳои ҳамсояҳоро кофта, падарашро наёфта рафтаанд. Муддате қадам заданду Ҳумоюн афзуд:- Ҳамсояҳомон мегӯянд, ки кош Баҳодур Нурмуҳаммадро аз банд раҳо намекард. Ҳам худаш зинда мемонд, ҳам Нурмуҳаммад маҷрӯҳ намешуд. Зиндон мекарданд ҳам, баъди панҷ-шаш сол раҳошон мекарданд. Баъзеҳо мегӯянд: Мансури Самарқандӣ ҳеҷ касро раҳо намекард, хуб буд.
Ҷовид барои сафед кардани падараш гуфт:
– Банди дасти падаратро падари ман буриданд.
– Медонам, модарам ҳар лаҳза мегӯянд: раҳмат ба Мансури Самарқандӣ. Лекин Баҳодурасро ҳайф карданд, номардҳо.
Ҳангоме ки онҳо наздики хонаи пристав омаданд, митинг шурӯъ шуда буд. Сардаста имрӯз қаҳролуд менамояд: шапкааш дар даст, ҷониби қатори сарбозҳо ва мардони деҳа, ки дуртар дар рӯбарӯяш қарор доштанд, чунин мегуфт:
«Аз дасти душманони инқилоб, бойҳои хунхор боз як рафиқи мо Пупков Виктор Емелянович кушта шуд! Рафиқи мо барои кори ҳақ, баҳри озодии мардум, баҳри барқарор кардани диктатураи пролетариат ҷонашро фидо кард! Мо дар сари тобути рафиқамон қасам ёд мекунем, ки қасосашро аз душманони инқилоб меситонем! Ватанро аз муштамзӯрону контраҳо тоза мекунем»!
Ва ҳама баробар «Қасам мехӯрем! Қасам мехӯрем!» гуфтанд ва овозашон дар кӯҳҳо акси садо дод.
Мурдаро дуртар аз роҳ, зери сояи дарахтони сафедор гӯронданд. Умарбек дасти Ҷовидро гирифта ақиб гашт ва раҳораҳ гуфт:
– Баҳодури мо, ки мисли ниҳолаки нав ба гул расида буд, душмани ватани аҷдодиаш будаасту он калпесаи одамкушу ту дӯсти ин диёр будаед?! Гапапро шунидӣ? Ватанро аз муштамзӯрҳо тоза кардааст! Одаме, ки аз дасташ кор биёяд, хонаю дарашро обод кардааст, душман будааст. Ин чӣ рӯз шуд?
Баъди митинг даста дарҳол ҷониби водии Зарафшон роҳ гирифт, то зудтар душмани ватанро маҳв кунад. Пеш аз рафтан Холбеки Сангро сардори кумитаи инқилобӣ, Ҷабборро ёрдамчӣ таъйин карданд: душманонро ба ду ароба бор карда, паси панҷара монда, ба маҳбасхонаи Самарқанд бурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё