Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Нурмуҳаммад пештар аз девор поён мепарад, ки посбони назди дарвозаи масҷид тираш мезанад. Ӯро медоранд. Тир дар китф расида чандон зарар накардааст. Баҳодур аҳволро мебинад ва лаҳзае дар ҷояш меистад. Дар ин асно аз пас як руси тоссар ӯро кашида, поён мефурорад ва гӯё ба лаҳни худаш гуфтааст, ки «душманбача, ту зинда ба ман даркорӣ!» Вай маст будааст. Баҳодур ӯро тан намедиҳад ва ҳарду дар саҳни ҳаммом, дар обулой кашокаш кардаю тагурӯ мешаванд. Ҳангоми афтударафт Баҳодур сангеро гирифта ба сари тоссар мезанад. Файзмуҳаммад аз ҷояш садо меандозад: «Баҷаҷон, гурез!» Дигарҳо ҳам мегӯянд: «Гурез! Ҳой бача гурез!» Вале Баҳодур намегурезад. «Ин кофири бадрӯй падарамро зад!» — гуфта, бо санг ба ҳар ҷояш задан мегирад, Ҷаббор ва ду сарбоз расида омада ӯро миёнагир мекунанд. Посбон ҳам меояд, Остон ҳам он ҷо будааст. Чоркаса мезананд.

— Мезананд?! — Баҳодур ҳоло дар куҷо? — Саросема пурсид Мансур.

— Баҳодурро зада беҳол мекунанд. Чӣ гӯям? (ба куштанд гуфтан забонаш намегардад). Беҳол мекунанд, худатон фаҳмед.

Мансур фаҳмид ва ҷон аз дасту пояш баромад.

— Баҳодур! Баҳодури ман! – гуфту худро ба болои замини лой партофта, зор-зор гирист.

— Мани аҳмақ беҳуда ин хабарро расондам, — чӯпон низ оҳанги гиря кард.

— Баҳодур ҳоло дар хона? (Мансур натавонист пурсад, ки мурдаи Баҳодур дар хона?) Деҳа равам, рӯяшро мебинам?

— Акаи Мансур, ба деҳа наравед. Аз рӯйи шунидам, саллотҳо нахорӣ карда мерафтаанд. Пас аз гусели онҳо майитро ҷаноза мекардаанд.

— Ҷаноза мекардаанд! — Мансур парида хест. Танаш мисли гӯсфанди ба гулӯяш корд монда меларзад. — Додар, хуб кардӣ, ки ин хабарро расонӣ. Акнун аз пайи корат шав.

Чӯпон лаҳзае дудила шуда истод.

— Остон ҳам дар он кор шарик будааст? — пурсид Мансур.

— Не, Остон дар задан шарик набудааст (Чӯпон медонист, ки Остон ҳам ҳангоми доштан ёрӣ кардааст, аммо ба андешае нагуфт). Хунхӯрҳо гуфта дашноми додаасту дар задан шарик набудааст, — афзуд чӯпон ва банди шибоқи миёнашро кушода назди Мансур гузошт: «Ака, дар замини тар нашинед» гуфт, пас рӯймоли миёнашро, ки дар он нону мавиз дошт, низ монд ва «Мавлонбой гурехтааст. Обид...» Ӯ боз ким-чиҳое гуфт, ки Мансур дигар ба ӯ эътибор надода, роҳашро давом дод.

Мансур «Баҳодурам, Баҳодурам!» гуфтаю гирякунон поён шуд. Ӯро ҷону тан месӯхт. Канда-канда фикр кард: «Баҳодур дидааст, ки рафиқаш дар банд аст, виҷдонаш набардоштааст, ки ӯро дар дами марг монда равад. Чаро худаш истода Нурмуҳаммадро накушод? Чаро дар болои девор истода надид, ки Баҳодур фуромад ё не? Кош он тир ба худаш мезад». Назди буттаи сершоҳ қарор гирифт ва бо худ гуфт: «Аввалин коре, ки мекунӣ, Мансур, бояд аз котилони писарат қасос бигирӣ! Вагарна дар ин дунё ҳаққи гаштан надорӣ!»

пешина
аз 613
навбатӣ