Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ба теги Ҳумо омад, ки аз он деҳа намудор буд. Ҳоло борон ба тамоми мондаю абрҳои сиёҳ поён фуромада ба тори кӯҳҳо паҳн шудаанд. Назараш ба қабристони поёни теппаҳо афтид. Роҳи қабристон то деҳа аз як километр зиёдтар аст. Ҳанӯз ҷо-ҷо чароғи хонаҳо фурӯзон. Аз мӯриҳо забонҳои гулхан берун омада, зуд нопадид мешаванд. Аз ҳар тараф ҳангоси маркабу овози сагҳо меояд. Дар деҳа бегонаҳо ки ҳастанд, сагҳо беқарорӣ мекунанд. Мардум аз масҷид бармегарданд, молҳошонро хӯрок медиҳанд, об меоранд. Оташ мегиронанд. Инҳо корҳое ҳастанд, ки ҳар рӯз дар ин соат иҷро мешаванд. Дар даромади деҳа чойхона ва хонаи пристав ҷойгиранд. Чанд нафар дар хонаи пристав даробуро доранд. Аз ҳавлии чойхона ду нафар ҳезум бардошта меоранд. Дар таги девори хонаи пристав дар се-чор ҷой оташ дардода гирумон доранд. Барои меҳмонҳо хӯрок тайёр мекунанд. Аз гӯсфандҳои Олимбой, ки дирӯз дар банд кардаанд. Дар паси бино ва атроф аспҳои бисёр баста шудаанд. Саллотҳои рус ҳанӯз дар хобанд. Мансур андешид, ки агар ин лаҳза ҳамроҳаш понздаҳ-бист нафар марди шуҷоъ мебуд, ба деҳа зада медаромад, ҳамаашонро хезонда луб-лучи модарзод карда ба зону мешинонд, либосҳоро ҷамъ карда ба оташ мепартофт ва дилашро холӣ мекард. «Очагарҳо! Инқилобатон дар ... занатон!» Инқилобат мефорад, ба диёри худат рафта кардан гир! Ман туф кардам ба тую ба инқилобат!» Ӯ поёнтар фуромад; пушти буттаҳе нишаста ба деҳа чашм дӯхт. Чашмонаш об гирифтаю сӯзиш карда бошанд ҳам, пок кардаю аз нав нигариста хонаашро аниқ кард. Мушоҳида кард, ки ба хонааш занҳо дарою баро доранд. Қисму ҷонашро шубҳаву гумонҳо ба изтироб афканданд. Воқеаҳои дирӯзаро ба хотир овард ва бо таъкиду ситезмандӣ гуфт: «Гуфтем, Баҳодур одаме нест, ки худро ба осонӣ ба даст диҳад. Пас ин дарою барои занҳо баҳри чист? Ё Бибигулро аз тарсу ғам коре шуд? Ё Ҷовид тарсидааст? Дирӯз Ҷаббори очагар камонро тарафаш дошта, шумо муштамзӯрӣ ким-чиҳое гуфт... Бояд зудтар ба деҳа расад!»

Аз баландӣ тохта фуромад. Бузгала аз деҳа баромада ҷониби пуштаҳое, ки худаш қарор дорад, меояд. Дилаш андаке таскин ёфт, аз чӯпон ахбор мегирад. Боз ҳам тоқат накарда наздиктар омад, ки чӯпон низ хушт-хушт карда расид. Дар миёнаш банди шибок овезон. Мансур пештар рафта, салом дод. Ва саволе ба сараш омад: чаро шибокро ба кӯҳ мебарад? Чӯпон ҷавони логарандоми сурхрӯ ва дандонҳои пешаш афтида; чакмани танашро, ки ҳар ҷо дарбеҳи сурху сафед дорад, ба ресмон бастааст. Мансурро тасаллӣ доданӣ шуд:
– Акаи Мансурбой, ҳама корҳо аз ҷониби Худованд сурат мегиранд. Шумо худро ба даст гиред...
– Чӣ шудааст? Хонаи мо тинҷ аст? – Мансур бо чашмони калон кушода ва изтиробзада ба чӯпон нигарист.
– Шумо нафаҳмидед? – пурсид чӯпон ва аз гуфта пушаймон шуд, рангаш бештар сурх шуду ночор кори шударо нақл кард:
– Ман дирӯз аз даҳони мардум шунидам, – канда-канда гуфт чӯпон. – Дар саҳни ҳаммом, пас аз он, ки шумо дасти Баҳодурро кушода мегурезед, Баҳодур аз сари девор баргашта дасти Нурмуҳаммади писари Файзмуҳаммадро мекушояд. Дилаш намешавад, ки рафиқашро дар банд монда равад. Аз афташ дер мекунад, ки Остон хабардор шуда, ба сарои баланд «доред! доред!» мегӯяд.

пешина
аз 613
навбатӣ