Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Баҳодурамро саломат дор. Хонаю дару чизу чора ҳама несту нобуд шавад, боке нест. Баҳодурам дар паҳлуям бошад.»
Сипас бо овози баланд ҷеғ зад: «Баҳодур! Баҳодур! Мирзоумед!» Ҷавоб наомад. Шояд поёни ҷарӣ фуромада, ҷониби Дашти Сурхӣ рафтаанд? Не, Мирзоумед медонад, ки дар ин вақт, дар роҳҳо посбону ҷосусҳо ҳастанд. Ё шояд аз ин сой гузашта, ба кӯҳи Оҳалиқ часпиданд. Он ҷо овулҳо ҳастанд, алав кардан мумкин. Ба дили Мансур ҳамин андеша гарм омад. Ва боз андешид: Баҳодур аз онҳое нест, ки худро осон диҳад. Шукр, ҳам чолок аст, ҳам ақлаш мерасад. Сангу буттаҳои таршударо дошта, аз сой баромада аз даруни заминҳои гандуму ҷав, ки майса задаанд, гузашта, гоҳ росту, гоҳе ҳам шуда ним соат барин роҳ гашт ва ба домани кӯҳ часпид.
Дар торикию борон роҳу бероҳро аниқ кардан мушкил: хеле ин тараф- он тараф гашту пайраҳаи ба ҷониби кӯҳ мерафтаро ёфт. Акнун пайраҳа худаш ӯро ба овул мебарад.
Аз ҷониби кӯҳ беист шамоли хунук мевазид, аммо он ба танаш форам мерасид. Бод сӯзиши рӯю дастони абгорашро пасттар мекунад. Одам ҳангоми тарсу алам тез роҳ мегаштааст. Нимрӯза роҳро дар ду соат тай кард. Ҳангоме ки аз ҷарӣ худро хаво дода, аз таъқиб раҳоӣ ёфт, хурсанд шуда худро пурнеру ҳис мекард. Ҳоло хавотирии Баҳодур безобитааш кардаю мадораш кам шудааст. Вале роҳгардиашро суст намекунад. Ҳанӯз аз дур ҳис кард, ки дар овул касе нест. Равшание ба чашм намехӯрад. Хонаҳои сангин дар торикӣ чун ҳайвоноти хобрафта ваҳмангез менамоянд. Аз ғарами ҳезум чӯберо бардошта ба дари хонае наздик шуд ва «касе ҳаст?» гӯён садо кард. Ба дари дигаре наздик шуда буд, ки ҷондоре башаст аз паҳлӯяш гузашт. Шағол ё рӯбоҳ буд. Дар овул касе нест. Ба хотираш омад, ки пагоҳӣ гӯгирди аз ҷайби занаш афтидаро гирифта буд. Ба бағалкисааш даст бурду онро ёфт. Аз зери ғарами ҳезум шохаҳои хушки арчаро берун кашид, дар капае оташ гиронд. Аз хона бӯйи кажжаи бурс ва пору меомад. Дар равшанӣ хорҳои ба кафи дасту ангуштонаш халидаро берун кашид. Ҷои хуномадаро оби даҳон кард. Латапорае ёфта ба он пешоб кард ва ба буҷулаки поии латхӯрдаву варамкардааш баст. Хона гарм шуд. Ба паҳлуи оташдон такя карда, даме орамид. Вале сӯзиши панҷаҳою поии дардманд кам намешуд. Ҳоле дошт мисли гурги танҳо, ки аз галаи сағҳо халос шудааст. Ва боз чеҳраи Баҳодур пеши назараш омад. Дарёфт, ки ин ҳама вақт миёни ҳазорон фикру андешаҳое, ки дар сараш равуо мекарданд, чеҳраи Баҳодур як дақиқа аз пеши назараш дур нашудааст. Ва Мансур бо тамоми ҳастияш дарк кард, ки то чашмаш ба чашми Баҳодур наафтад, дигар на коре карда метавонад, на ба фикре мерасад, на ба чашмаш хоб меояд. Субҳ наздик мешуд. Аз чӣ бошад, ки хавотириаш меафзуд. Ба дилаш омад, ки шояд бо роҳе ба деҳа даромада, ба Мирзоумеду Баҳодур дарак гирад? Ҷомаи нимхушк ба тан кард ва берун баромад. Ҳанӯз торик буду борон чак-чак дошт. Ба танай кӯҳ, ки лой шудааст, ғеҷидаю афтида роҳи деҳаро пеш гирифт. Пояш дард кунад ҳам, ба он эътибор намедод. Қарор дод, ки сари-сари теппаҳо меравад. Аз чӯби сахти гӯш асое кард, то ки роҳгардиаш осон шавад. Пастию баландиҳоро фуробаро карда, вағничу хомаҳои боронхӯрдаро дошта, якчанд сойҳои сербурс ва лағжонро гузашта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё