Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Баҳодур сарашро хам кард. Ӯ намехоҳаст, ки падар оби дидаашро бинад.

Борон торафт шиддат мегирад. Аз ҳавлии паҳлӯ бонги азон баромад ва баъди он аз ҷониби масҷид садои ҳою-ҳӯй ва хандаю хуштоки сарбозон омад. Сарбози назди дар берун рафт. Аз пасаш Остон ҳам баромад ва зуд баргашт.

– Остон, дар ин корҳо шумо айб надоред, замона чунин шуд, - гуфт Олимбойи таҷрибадошта ва пурсид: - Саллотҳо аз чӣ сабаб хаёҳӯй доранд?

– Чӣ донам? - ин дафъа бо мулоиматӣ сухан кард Остон. - Дар атрофи дегҳо арақхӯрӣ доранд. -Яке даст ба гӯш бурда, азонро мазоҳ мекунад, дигарҳо механданд.

Нуралӣ боз Остонро зорӣ кард.

– Писарамак, барака ёбед, ақаллан дастамро суст кунед. Аз афташ сахт бастаанд, ки дастам карахт шуд, рӯйи хешу таборӣ кунед. Мо аз як тагобем. Ин рӯзҳо мегузаранд.

Остон ҳарфе нагуфта, бо қаҳру ситез дохили ҳаммом шуд.

«Бел меорад! Шояд шом мехонад!» Мансурро боз ларза гирифт ва сабук сари зону хеста зӯр зада дасташро кашида раҳо кард. Ҳангоми дасти Баҳодурро кушодан дер кард, ки Нуралӣ «аз соки мӯзаи ман корд гиред!» гуфт. - Ва афзуд: «Банди маро ҳам буред!» Мансур саросема кордро гирифта, аввал банди дастони Баҳодуру Мирзоумедро бурид ва ба девори паҳлӯ ишора кард: «Оҳиста фаромада гурезед!» Ва дар ҳоле ки аз саросемагӣ нафасаш тангӣ мекард, Нуралӣро ҳам раҳо карду банди Олимхонро буридани шуд, ки ӯ сар ҷунбонд. «Маро монед, бо пои чулоқ куҷо меравам?- гуфт ва афзуд:-Худатонро зуд яктарафа кунед!»

Мансур ҷониби девор давид. Аз пас овози Нурмуҳаммад шунида шуд: «Амак, амакҷон, маро раҳо кунед!» Ӯ як дудила шуду ақиб гашт, ки дар ин асно овози «Доре-д! Доре-д!»-и Остон ба ҳаво печид. Чунон баланд дод зад, ки мегуфтӣ дару девор меларзад. Мансур худро ба сари девор гирифт. Ҳамон лаҳза дида буд, ки Баҳодур сари девор буду бояд худро мепартофт. Ҳама кори шуда ҳамин. Аз дилаш гузашт, ки шояд Баҳодуру Мирзоумед ба сойи онтараф гузашта бошанд? Он тараф ҳамвор аст. Ин фикр каме осудааш кард. Ҷома ба танаш вазн овард. Рӯйи санг нишаста, маҳсиҳоро кашида оби пайтобаҳоро гич карда аз нав пӯшид. Дарди пояш бештар шуд. Яқин, ҳангоме ки худро ба ҷарӣ ҳаво дод, пояш лат хӯрдааст. Панҷаҳои хору хас даромадааш торафт бештар сӯзиш мекунанд. Тоқати шиштан накарда ба роҳ даромад. Ҳоло борон дона-дона меборид. Ва ҳаво ҳам торик шудааст, пеши поятро намебинӣ. Тобистон, ҳангоми гандумдарав, барои оби хунук ин ҷо омада буд. Дар сойчаи он тараф чашма ҳаст. Атрофи чашмаро чорво ботлоқ карда буд. Пашмаҳо нишастан намемонданд. Он замон чӣ зиндагии хуб, чӣ орзуҳо дошт... Муҳим ин ки аз банд раст. Баҳодур ҳам хато карда бошад, Худо хоҳад, он тарафаш хуб мешавад.

Банди фикр яке пояш геҷиду поён рафт ва навдаи хореро даст гирифта худро дошт. Чорпо шуда, ба ҷойи ҳамвортар баромад. Ин ҷо сангҳо бештар калон-калон ва ляйс. Яке гелад, чандторо бо худ мебарад. Дасти сӯзишкардаю лойолударо ба даҳон бурд. Эҳсос кард, ки аз панҷаҳояш хун меравад. Гиря гулӯгираш шуду пичирос зад: «Эй Пок, ин азобҳоро ба ҷон мепазирам, фақат

пешина
аз 613
навбатӣ