Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

(маслиҳатро худи Олимбой додааст), ӯро оқсақол интихоб мекунанд. Бечора нав ҳаловат мекунам гуфту ин бало омад...

Нуралӣ ба ҷойи хушк ғечид, ки Остон шиддат кард: «Аз ҷой наҷунбед!» Дар ин байн Тӯйчии нишалло ду маротиба дароянда баромад кард. Дар тӯйҳо нишалло мепазад лақабаш нишалло аст. Ӯ остонро онсӯтар бурда пурсид: «Аз Нуралӣ пурсам қаҳдонашро медида бошад?» Нуралӣ суханашро шунида ба ҳеҷ ғараз гуфт: - Нишалло, анде ки халос ёбам он қаҳдон барои ту. Тӯйчӣ аз ҷониби падар ба Сангов хешӣ дорад.

Маҳмуди мисгар, ки дар канор буд, ба суханони Остон нигоҳ накарда, худро ба ҷойи баланди гирифт. Вай бар қасди Остон ин корро кард. Бештар дар шаҳр мегардад. Он ҷо дӯкон дорад. Бахти бадаш ин ҷо омада дар банд афтидааст.

Нуралӣ дид, ки аз писарамак некӣ намебарояд, бо заҳрханда гуфт:

– Ин хел музлимзолим буданатро намедонистам, худозада!

– Акнун давлату савлати ту ба замин мезанад. Хонаат хонаи мардум мешавад, ситеза кард Остон. Дақиқае пас илова кард. – Акнун Остонбойгӯй шудӣ?! Остонатро гуфтан гир!

– Ту хурсанди ки маро зиндон мекунанд?

– Ман медонистам, ки рӯзе сарата мехӯрӣ!

Нуралӣ сарашро бардошта чизе гуфтанӣ буд, ки Олимбой садо кард:

– Суханатона ҳайф накунед, Нуралӣ, «Аз некон шарофат, аз бадон қасофат» гуфтаанд. Овозашро паст кард: - Ин муфлис ҳар вақт назди ман омада, дар бораи шумо бадгӯӣ мекард. Думликониаш барои он буд, ки ба лаби табақам роҳаш диҳам.

Маҳмуд сару пешонаашро афшонда гуфт: - Вайро ҳама мегуфтенд - ку, чаро Нуралию додаронаш қобилу ту ноқобил? Ба дилаш мегирифт - Акнун ки инқилоб шумоёнро гадо мекунад ин ба дилаш маҳрам мешавад.

Олимбой сар бардошта гуфт: - Бародарон, касе агар аз ин бало расту чашмаш ба чашми Толиби ман афтод (писараш панҷ моҳ шудааст, ки Қазон мол бурдаю ҳоло наомадааст), гӯед, ки ба кадом диёре хоҳад, раваду ба ин ҷо наояд. Байни ин хору хас зиндагӣ ҳаром аст, гӯед.

– Яке озодамон мекунанд, - гуфт Файзмуҳаммад ва боз ҳиқ-ҳиқ гиря кард.

– Додо, гиря накунед, - пичирос зад Нурмуҳаммади писараш.

– Охир рафтори ин Остона бин, - нолиш кард Нурмуҳаммад. - Чунин бетарраҳум буданаш то ҳол намедонистам.

Санги хорое, ки ҳангоми Баҳодурро задан рӯйи синаи Мансур афтода буд, роҳи нафасашро танг кард. Ӯ бо тамоми қувва дасташро кашид ва ҳис кард, ки онро озод карда метавонад. Аз ҳаяҷон ларзааш гирифт. Ба атроф нигарист: девор баланд нест. Умеди аз ин варта раҳо шудан чун барқ дар дилаш дурахшид. Ақаллан Баҳодурро гурезонад! Боз зӯр зада дасташро кашид; бале, метавонад, акнун вазъияти муносибро бояд интизор шуд.

– Падарҷон, хунук хӯрдед? - Баҳодур ларзидани тани падарро дида хавотир шуд. - Ё ҷойи задани Тоссар дард мекунад.

– Не, Тоссар сахт назадааст, хунук ҳам нест. Ҳамту аз аламе, ки осон гирифтор шудем...

пешина
аз 613
навбатӣ