Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Монед,- овози Низом махдум паст садо дод.

Мансур ноилоҷ маҷруҳро болои заҳоби сард гузошт. Ва ҳамоно фикр кард, ки бояд илоҷе карда ӯро ба хушкӣ баровард.

Садои тирпаронӣ лаҳза ба лаҳза зиёд мешуд. Тирҳо аз болои сар аз паҳлӯи Мансур гузашта ба сангҳо бархӯрда “тю-тю-ю-ю” садо мебароварданд. Низом махдум чизе гуфт, Мансур нафаҳмида бошад ҳам, ба тасдиқ сар ҷунбонд. Ба фикраш омад, ки яқин аз боби писараш Шарифҷон сухан мекунад. Низом махдум боз сухан кард, ин дафъа суханаш равшан садо дод. “Як бор Бухороро медидам, ҳасратам намемонд.” Дақиқае пас боз лабонаш ба ҷунбиш омаданд ва як ҳаракати мазбут карду мисле ки пуф мекунад, нафас бароварда ҷон дод. Мансур лаҳзае мутаҳайир монд. Пас як нотарсияи ғазаболуд вуҷудашро пур кард. Аз пастхамӣ пештар омада, сар боло карда дид, ки ҳоло дар соҳил аскарони сурх бисёранд. Як гурӯҳ аз кӯл гузаштаанд. Он ҷо чанд аспсавор ҳам ҳастанд. Яке аспи сафед дошта, кӯлро гузаштаю дар соҳил истода, ҷониби рафиқонаш як дасташро ба ишораи напаронед, бардошт.

Мансур паси санге дароз кашида туфангчаашро аз бағалкисааш бароварда, саворро паронд. Пай бурд, ки ин шахс Александр Чернов аст, дӯсти писараш. Чернов синаашро дошта хам шуд. Аспаш қадам тез кард, ки аз ду тараф аспакиҳо расида, доштандаш. Мансур Черновро бори аввал дар ҳамин вақти сол, дар деҳаи Найзаварон ба ҳамин афзору андом дида буд. Дар болои асп ҳамингуна дилпур ва сипоҳона менишаст. Дар танаш шинел, дурбин дар гарданаш овезон. Аз парондани ӯ пушаймон нашуд. Марги Низом махдум ҳама ҳиссиёташро кӯру кар карда буд. Ҳатто аз ватан, ки ҳар гоҳи ба соҳил омадан худро мисли каси аз маҳбубаш дурафтода ҳис мекард, дилгир шуд. Ватан бо дӯстон хуш аст... Аз ҷониби муқобил боз тирпаронии башиддат шурӯъ шуд. Дид, ки аскари сурх обро гузашта меояд.

Ин дам аэропланҳо баргаштанд, аз аввала ҳам пасттар парвоз мекунанд. Вале Мансур ба онҳо эътибор намедиҳад. Ҷониби Низом-махдум нигарист. Дар атрофаш об ҷамъ шудааст. Сарашро бардошт. Чӣ қадар марди зебо буд. Мӯйлаби як замоне сиёҳаш ҳоло чун дандонҳояш сафед менамоянд. Ҳиқ-ҳиқ гиря карда, пичирос зад: “Низом-махдум, дидорҳо ба қиёмат монд!” Чашмаш ба ҳамёни дар бағалкисаи Низом-махдум афтод. Сӯзанак задааст, ки наафтад. Дасташ нарафт, ки ҳамёнро гирад. Аз фикр гузаронд, ки мурдаро кашола карда ба ҷазира бараду қабр канад. Вале аз фикраш гашт. Аз пас овози ҳою гири душман шунида мешуд. Мурдаро ба ҷойи сероб кашида монд. Ҳамин ҳафта ё ҳафтаи дигар об калон шавад ҳамроҳаш мебарад. Ба фикраш омад, ки дар ин чордаҳ соли гурезогурез ин дарё чӣ қадар одамонро ба комаш кашид. Ин дарё нашуда гӯристони мардуми Мовароуннаҳр шуд. Гӯристони бесангу беном. Об бурд мегӯяду мемонад.

Мансур охирин бор ба паҳноби касофатбор нигарист. Гурезаҳо касе намондааст. Он ҷо сурхҳо наздик мешаванд. Дар паси санги калоне саллаи вайроншудаи сафеди зеборо дид. Надонист, ки саллаи Муллоносири Чорбоғӣ аст ё азони Маъруфхони Ғузорӣ. Пас шоҳобро гузашта қади ҷазира муқобили дарё

пешина
аз 613
навбатӣ