Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Мавлонназар, дар ин шароит чӣ кор карда мешавад? – гуфт ӯ ба тааддӣ. - Худат ҳам ба ҷойи Иброҳимбек бошӣ, чӣ кор карда метавонӣ?!
Сухани Дароз дами Иброҳимбекро паст кард. Ӯ дандон зиреҳ кардаю пас гашт. Аз сару рӯяш мисле, ки обаш пошидаанд арақ мерехт.
Аммо Мавлонназар ба сухани Эшон эътибор надода одамонро тела дода пеш омад: Рӯи дирӯз қамчинхӯрдааш боз сурх шудаю ҷое хун мезеҳад.
– Суханашро фаҳмидед?! - гуфт ӯ ба зарда. - Мекушанд, хонаю дару занатро мегиранд, барои дини мубини ислом будааст!
– Мавлонназар, ту беақл набудӣ ку! – Эшони Дароз бо зарда пеш омад. - Дар ин лаҳзае, ки ҳаёту мамоти ҳамаамон дар сари мӯй истодааст...
Мавлонназар эшонро тела дода афзуд:
– Ҳамааш барои он, ки муллоҳои худашон анд инро Мирғозӣ номанд!
Ин бо он булбули муттаҳами дурӯғгӯяш моро аҳмақ кардааст! (Эшони Булбул дар домани кӯҳи Худ ба баҳонаи «поям дард баровардааст» ақиб монда буд).
Даҳ сол аст, ки ту дамдамаю воҳимаҳои дурӯғ дорӣ. Даҳ сол шуд ки моро дар азобҳо монда кӯҳ ба кӯҳ ба беҳудагӣ саргардон мекунӣ!..
Боз Иброҳимбек қамчин бардошта омад, ки доштандаш. Эшони Дароз худро пеши пойи Иброҳимбек партофт:
– Иброҳимбеки ғозӣ, аз болои ман гузару ҷанга бас кун, - гуфт Эшон ба тавалло.
Аз болои Эшон гузаштан мумкин набуд. Ин дафъа камардорони Иброҳимбек ҳам худро бетараф вонамуд карданд. Иброҳимбек бо зарда пас гаштю ҷомаашро кашид. Куртаю ақиби эзори аз суф дӯхтааш аз арақ тар шудааст.
Сардастаҳо ним соат барин байни худ гуфтӯгӯ карданду пас даста ду тақсим
шуд.
Мавлонназар бо ҳаштод нафар тарафдоронаш ҷудо шуда ҳамон замон пас гашта, дарёро гузаштанд. Оқибати кори онҳо чунон шуд ки Мавлонназар ва боз чанд нафар ба раиси танзим ва дигар мансабдорон пул додаю аз кори карда тавбаю надомат карда, халос хӯрданд. Як қисм ба ҳар тараф гурехтанд. Аммо бештарашонро дошта зиндон, баъзеро ба дор карданд. Сари баъзеро бурида дар даромади роҳу бозорҳо овехтанд.
Иброҳимбек бо бисту як нафар наздиконаш домани кӯҳи Қаратоғро гузашта ба ватанаш - Лақай омад. Аз наздиконаш фақат Холдорбек наменамуд. Ҳангоме ки онҳо аз кӯҳ поён шуданд, мурдаи ӯро дар обкандае афканда буданд. Иброҳимбек дигар напурсид, ки Холдорбекро куҷо карданд.
Гашти рӯз буд, ба соҳили дарёи Кофарниҳон расида соате дам гирифтанд. Онҳо аз тамошои атроф чашм канда наметавонистанд. Он заминҳое, ки як вақт нимаш найзор, нимаш шӯразор буд, ҳоло ҳама ободу сарсабзанд. Ба он даштҳое, ки мол мечаронданд, каналу ҷӯйборҳо канда бурдаанд. Роҳе, ки аз байни дашту деҳаҳо мегузарад, мисли канал паҳну ҳавасангез аст. Деҳаҳо ҳам тамоман дигар шудаанд. Дар онҳо биноҳои намоён, хонаҳои дару деворашон сафедкардаро мебинӣ. Ҳоло ватан мисли занест, ки аз касалии дуру дароз хеста шоду фараҳманд аст.
Мусофирон ҳар лаҳза байни худ садо баланд мекарданд:
– Ин ҷойҳо тамоман дигар шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор