Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
аз онҳоро дар баромади шаҳри Ҷоёб дастгир карда, ба ақиб баргардонданд. Дар байнашон зани Иброҳимбек ҳам ҳаст. Пешандоз карда ба Кобул бурданд. Аммо ҳукумати Нодирхон рӯйи хотири мусулмонӣ ва муҳоҷир буданашонро карда, осебшон нарасонд.
Роҳҳои ҷониби шимолро дастаҳои ҳукуматӣ зери назорат гирифтанд. Дастаи зери фармони ҳукумати Имом Соҳиб ҳам ба ёрӣ омад.
Иброҳимбек роҳҳоро банд дида, бо ёронаш ба кӯҳу теғаҳои мушкилгузари Янқиқалъа гузашта, ба Даштишӯр фуромад. Деҳаи Кафтаройлиро гузашта, наздики шом ба ҷангали назди соҳил расиданд. Онҳо хабар доштанд, ки зану фарзандашон ду ҳафта шуд, ки ба гузаргоҳи Ҷӯбек омада интизори онҳоянд. Шаб маслиҳат кардаю бештари аскар бо сардории сардастаи номӣ Эгамбердӣ ба гузаргоҳи Ҷӯбек рафтанд, то ки ба онҳо ёрӣ кардаю дарёро гузаронанд. Иброҳимбек бо чорсад нафар ёронаш дар баромади ҷангал шабро ба рӯз бурда, субҳдам диданд, ки дастаҳои афғон хабар ёфтаю дар тори теппаҳои кӯҳӣ Ҳуд ҷамъ омадаанд, фаҳманд, ки акнун як роҳ мондааст - роҳи дарё. Ва он ҳам бисёр хатарнок. Об кайҳо калон шудааст.
Дар ин ҷо даста боз ба ду қисм тақсим шуд. Ним бо сарварии Пирназар ба паси Қалъаи Духтарон, ба гузаргоҳи Кокул роҳсипор шуданд. Он ҷо, ки дарё чуқур ва хатарнок аст, гурезаҳо намераванд, ё кам мераванд, аз ин рӯ сарҳадбонони Шӯравӣ он ҷо нестанд.
Пагоҳӣ хабар расид, ки мардуми ба гузаргоҳи Ҷӯбек омада сесад гов куштаю аз пӯстҳояшон губсар сохтаанд. Ҳангоми убури дарё дар осмон аэропланҳо пайдо шуда, тирборонашон кард, ақиб гаштанд, ки аскари афғон тир кушод. Хеле одамон мурдаю ғарк шуданд. Пас аз он, ки гурезаҳо ба соҳили Шӯравӣ гузаштанд, ҳамаро даруни симхор карда, ҷавонҳои шубҳанок ва маъқулнабударо берун бароварда паронданд. Ҳашт нафар сардаста, аз ҷумла Эгамбердиро, ки аз паҳлӯ тир хӯрда буд, дар роҳ шинонда, аз пушти сарашон тир заданд. Дигар онро пешандоз карда, ҷониби Душанбе бурданд.
Иброҳимбек пай мебурд, ки ҷониби Шӯравӣ онҳоро ба хушӣ пешвоз нахоҳад гирифт. Вале чунин ҷабру ҷафоро ба мардуми беяроқ, занону кӯдакон чашмдор набуд. Акнун ба пас баргаштан ҳам имкон надорад. Ҳарчи бодо бод, пеш меравад. Он ҷо ҳанӯз умед ҳаст...
Онҳо он рӯзро дар домани ҷангал ба шаб бурданд. Дастаҳои афғон наздик шуда муҳосираашон карданд. Вале онҳо ҳалқаро осон бурида, лаблаби соҳил ба деҳаи Кудук омаданд. Касе ба сӯяшон наомад. Намози шомро хонда, ба соҳил рафтанд. Мавлонназар, яке аз сардастаҳои Лақай, ки аз оғози ин касофатиҳо ҳамроҳи Иброҳимбек буд, ба тариқи маслиҳат гуфт:
-
Иброҳимбек, ҳоло ҳам дер нашудааст. Хубаш баргашта силоҳи Нодирро месупорему ҳамроҳи мардуми мӯъмину мусулмони он сӯи об зиндагӣ мекунем.
-
Хубаш силоҳро ба болшевик месупорем, - гуфт Иброҳимбек, - дастовез мешавад.
-
Болшевик ману шуморо бо дастовези тилло ҳам дигар роҳ намедиҳад. Агар боз як хазинае мисли хазинаи Бухоро барем ҳам, роҳ намедиҳад, - истеҳзо кард Мавлонназар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор