Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бовар нака кардаме, ки расад сӯи кӯҳ кӯҳ,
Мардум расад ба мардум-бовар бикардаме.

Ва оғӯш кушода афзуд: -Ҳамаи ин пешравиҳоям аввал аз Худо, пас баъди роҳнамоии шумо рух дод. Шумо марди бошарофатед.

Мансур мушоҳида кард, ки Муллоносир он одами чор сол пеш дар саҳни корвонсаройи Қундуз дидааш, ки ҳоли парешону яқтаҳу ҷоруқҳои дарбеҳкарда дошт, набуда, балки марди иззатманд ва ба суханаш устувор аст. Се сол пеш духтари як муллои бухороиро мегирад. Балки худи мулло пешниҳод мекунад. “Як очиза дорам, ба хизмати шумо медиҳам” гуфтааст. Ҳоло Муллоносир соҳиби хонаю дару чизу чора. Соли гузашта, ҳангоме ки овозаи ба ватан меравем шуд, шаст нафар намозхонҳои масҷиди “Хуҷанд”-ро ба ҳавлиаш бурда меҳмондорӣ карда буд...

  • Саросема намешудед, домулло? Мо рафта ҷойу шароитро медидему пас шуморо хабар мекардем,- гуфт Мансур.

  • Медонед, фаҳмидам, ки болшевик мору қабул кардаю ҷой медодааст, дигар чизе ба назарам нанамуд. - Муллоносир саллаи сафедашро аз ду тараф дошта ба сараш зер кард.-Он Бухорои нозанину он суҳбату шину хези худамон ба ёдам расад, аз алам сӯхтаю дуд шуда ба осмон меравам. Одам дар ғарибӣ ҳатто дуруст фикр карда наметавонад. Фикрҳоят мисли рӯймоли миттахӯрда ба кор намеоянд: дилат мудом дар истироб. Пеши раҳат торик.

Ба фикри Мансур омад, ки гӯяд; Домулло, Бухоро он Бухорои пешин нест. Дигар он масҷиду маъракаравиҳои ҳаррӯза нестанд. Он мардуме, ки шумо медонистед, ҳам нестанд. Дари масҷиду мазорҳо мех задаю маҳкам аст. Вале истихола кард. Домулло чунон ҳолате дорад, ки ин суҳанро гӯяд ҳам, аз роҳ намегардад. Ӯ пурсид:

  • Як шогирди чашмсурх доштед, ӯ дар куҷост?

  • Вай устои дуредгар аст. Усто Фозил. Ҳоло дар Мазори Шариф кор мекунад. Он ҷо бойҳою домуллоҳои аз худамон рафта хеле бисёр буданд. Даст ба дасти ҳамонҳо гаштааст, нонаш дар рӯған.

  • Пас маълум мешавад, ки мусофирӣ на ба ҳама мушкилӣ овардааст. Нафароне буданд, ки корашон ин ҷо бештар омад кардаю рӯзгорашон ба фароғат ёфтаанд.

Муллоносир ҷиддӣ шуда гуфт:

  • Ба ватан равем, пас рӯзгорамон бафароғат мешавад.

Раҳими қассоб омада, ба Мансур салом кард. Мансур ӯро дида ҳиҷолатманд шуд. Ба ёдаш ҷанги Бойсун омад. Ҳангоми гурезогурез аспи Раҳим аз кор баромадаю худаш бо пешонии чокшуда дар сари роҳ менишаст. «Маро ба ободиҳо расонда метавонед?» — гуфта пурсид. Аз дасти Мансур ин кор наомад...

Мансур дасти Раҳимро дошта, ба оҳанги шӯхӣ он лаҳзаро ёдовар шуд:

  • Шуморо партофта рафтанам ҳар вақт ба ёдам меояд...

  • Не, партофта нарафтед. Дар нигоҳи Раҳим дӯстии пешина барҷо буд. Ҳамон маслиҳати додаатонро кардаму аз марг амон ёфтам. Ба як хона даромада шабро ба рӯз бурдам. Он ҷо як ҳафта истода, нағз шуда, пас ба роҳ баромадам.

пешина
аз 613
навбатӣ