Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Афғонҳо дар давраҳои худ ин суханҳоро мегуфтанд,-Мансур оташи ба бари ҷомааш паридаро афшонда, ақибтар ғечид: -Ман, ки бароишон хона мепӯшидам, як-як ин гуфтугузорҳоро мешунидам.

Низом-махдум нигоҳашро аз оташ наканда ба суханаш идома дод:

– Вақте ки Нодирхон ҳокимиятро гирифт, мӯйсафедҳои қавмаш ҷамъ шуда гуфтаанд, ки «Иброҳимбек, ту одами намоён, боре ба саломаш бирав, мо алҳол раияти ӯем». Вай бошад, «ман ба худам мувофиқ ғурур дорам, рафиқам Ҳабибулоҳонро кушт, немеравам,» -мегӯяд.

– Ғурур дорад,-ғурумбид Мансур.-Нодирхон, ки аз ҳамаи ин гирумонҳо бохабар будааст, ба қӯшунаш маблағгузориро бас кунондаю фармуд, ки туфангҳои гирифтаашро баргардонад. Ин кас боз ҳам ғурурашон баландӣ кардаю «не»
мегӯяд. Ва ҳоло ҳарду душман.

– Феъли айғири галаю феъли Иброҳим як. -Нигоҳи Низом-махдум пештара барин ҷониби алов буд. - Айгир галаашро ҳимоя мекунаду ин қавмашро.
Ҳамин қадар фаҳмиш дорад.

– Иброҳим бешубҳа марди багайрат,-гуфт Мансур. - Лекин бедониш, ки ҳаст, кору фаҳмиши замонаро дарк намекунад.

– Ҳамон масхараҷангҳое, ки дар тарафи худамон кард, ба кӣ даркор буд?- Касони бафаҳм мегуфтаанд, ки ин ҷангҳотон бехудаанд, ғазабманд шудаю ба сарашон шамшер мебардоштааст.

– Аз ин ҳам зӯъмтар амир Олимхон. Ҳар вақт мегуфтааст, ки муқотиларо давом деҳ, силоҳу аскар роҳӣ мекунам.

– Халқ аз пушти нодонии ҳамин тоифа аз хонаю дару аз ватанаш маҳрум монд на аз дасти ҷадидҳо. - Мансур ғолибона ба рафиқаш нигарист.

Низом - махдум дастархон даровардани занашро дида, ба ӯ дастёрӣ карда афзуд: - Инҳоро дар тарафи худамон халқ бад диду роҳашон надод, дар ин тараф ҳам ҳамон амалҳои номатлубашонро кардаю он рӯз ба сарашон омад. - Дирӯз ҳангоме ки аз Толиқон ин тараф сӯи Қундуз меомадам, мушоҳида кунам, нархҳо ду-се маротиба хестаанд. Ва аламовараш боз дар он, ки он дӯстию пазироие, ки пеш таҳҷоиҳо нисбат ба мардуми мо доштанд, ҳоло кам шудааст.

– Кам ҳамин тоифа кард. Бе беназокатию бепардагиашон дӯстиамонро нест карданд.-Қариб як моҳ аст, ки боз роҳҳоро гуреза зер кардааст. Ҳукумати Афғонистон сарбоз овардаю онҳоро аз деҳаҳои назди соҳил хезонда ба дарун мебурдааст. Ҳоли онҳоро дида, дилат хун мешавад, баъзеҳо чӯбу ходахон хаймаашонро дар харҳо бор кардаанд, баъзеҳо пӯстаку бурӯашон дар пушт.
Бештари занону кӯдакҳо пойлуч. Ҳама аз гуруснагӣ логар шуда, чашмонашон чуқур рафта, нигоҳашон бенур аст.

– Ба Нодирхон маъқул нест, ки соҳил аз резишгоҳи Вахш то Бешқаппаи поёни Термез дар дасти гурезаҳо бошад. Онҳоро хезондаю дар тарафҳои Бағлону Алиобод замин додааст. Дирӯз ҳангоми аз Балх омадан даромада Алиободро дидам: як дашти пуршамолу пурхору пурозор. Сагро бандӣ, намеистад.

– Ба бегона ҷойи нодаркорро медиҳӣ-дия.-Низом - махдум «ку, бинам, хӯрокаш пухта бошад?» -гуфта ба хонаи дигар гузашт.

пешина
аз 613
навбатӣ