Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мансур барои ҳезум баромада дид, ки дар берун ба шиддат барф меборад. Ҷо-ҷо аллакай сафед шудааст. Дар чунин сармо дар дашти бесарпаноҳи Алиобод шабро ба рӯз бурдани фирориёнро тасаввур кардаю дилаш таҳ кашид..

Соли 1929 Маскав қарори худмухторияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Дере нагузашта дар тамоми давлати навтаъсиси Шӯравӣ маъракаи тозакунии сафҳои ҳизбро аз унсурҳои бегона шурӯъ карданд. Коммунистҳо аз назари комиссияи махсус мегузаштанд. Маъракаи тозакунии сафҳои ҳизб дар собиқ ҷумҳурии Бухоро бори аввал соли 1922 шурӯъ шудаю як сол давом кард. Он замон онҳоеро, ки назарашон аксулинқилобӣ буд, андешаҳои бегона доштанд, онҳоеро, ки дар гузашта бой ё рӯҳонӣ мегуфтанд, аз сафи ҳизб хориҷ карда буданд. Ин дафъа талаботро боз ҳам сахттар кардаанд. Аз миллатчиёни буржуазӣ шурӯъ карда то нафароне, ки дар ҳаққи давлати Шӯро бадгӯӣ мекарданд ё надониста дар кишту кори замин иштибоҳ кардаанд, аз ҳизб хориҷ кардаю ҳабс, ҳатто эъдом мекарданд. Мардум дар суҳбатҳояшон мегуфтанд, ки соҳибони инқилоб акнун сагҳои чинӣ барин гӯшти ҳамдигарро мехӯранд.

Рӯзҳои сахт ба сари мардум омад. Дар деҳи Найзаварон Домуллоназар ба ин гирдоби ғам афтид. Дар соли севум ба истиснои Домуллоназар боқӣ ҳамаи мардуми деҳа аъзои колхоз шуданд. Домуллоназар гуфт, ки шумо заминҳои мардума, касе кам ё зиёд дошт якҷоя кардед. Заминҳои ваҳма ҳам гирифтед. Ҳарому ҳалолатон як шудагӣ. Аз ин рӯ маро монед, то умрам боқи ҳаст, аз ду таноб замини бобои ризқама ёфтаю рӯзамро мегузаронам.

Охири сол андозҷамъкун район омаду фармуд, ки андози домуллоро зиёд кунанд. Ноомади кор, он сол ҳаво хушк омаду зироат хуб нашуд. Домулло андозаро дода натавонист. Бечораро боз чанд гуноҳе ба сараш бор карданду шаш сол ҳукм карданд.

Он рӯзҳо қариб ҳар ҳафта хабари нав меомад: «Фалон котиби аввалро бо чанд коргараш ҳабс кардаанд. Мегӯянд, ки миллатчии буржуазӣ будаанд! Фалон раисро ҳабс кардаанд. Бачагар ба ҳаракати колхозӣ халал мерасондаст!» «Колхозаша пешкадам мегуфтанд-ку», маҳмадоное изҳори ақида мекард:
– Ҷосуси Англия ҳам будааст.
Маҳмадоно ба суханаш меистод.
– Ба ин овозаҳо боварам намеояд. Вай номи Англияро нашнида буд, чӣ мондааст ба ҷосусиаш!

Аз байн ду-се ҳафта мегузашт, ки «маҳмадоно» бедарак мешуд. Латифае он рӯзҳо паҳн шуда буд. «Намояндае маҷлис гузаронда дар охир чанд маротиба мепурсад: «Кӣ савол дорад? Саволҳо бошад, гӯед.» Марди содае аз қатори ақиб бо тарсу ларз даст бардошта, «як савол дорам, мегӯяд. Одаме, ки дар маҷлиси гузашта савол дод, куҷо бурданд, медонед?»

Иди соли нави мелодиро гузаронданду хабар омад, ки раиси колхози ба номи Катовский деҳи Обканда Мусофири Маликро ки дар маҷлиси мурофиавӣ Нуралиро сафед карда буд, ҳабс кардаанд. Сабаб дар он будааст, ки ба фарзандони

пешина
аз 613
навбатӣ