Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
удро ҳамсозу ҳамнишини подшоҳ Ҳабибуллохон мепиндорад ва омада дар Чордараи Қундуз, дар сари роҳ, ҷойи буду бош интихоб мекунад. Дар он атроф бештар лақаию қарлиқҳо ҷою манзил доштаанд. Сарони қавмро ҷамъ карда, маслиҳати бо ходими дини Расули Худо Ҳабибуллоҳхон кардаашро як ба як гуфтаю тайёрии юриш ба Бухороро хабар медиҳад ва аз онҳо фотеҳа мегирад. Овозаро сардастаҳои собиқ, ки аз бекорию бероҳӣ дилгир буданд, шунида, омада ҳамроҳӣ карданашонро эълон мекунанд. Иброҳимбек ду-се маротиба назди Саидҳусайн меравад, ки туфанги ваъдагиро деҳ. Вай бошад, имрӯзу пагоҳ гуфта баҳона мекунад. Дар асл ҳиссае аз туфангҳои овардаро фурӯхтаю ҳиссаеро ба шиносҳояш тӯҳфа карда будааст. Худатон медонед, ки дар Афғонистон касе туфангро гирифт, баргардонда намедиҳад. Иброҳим ҳам кам будани туфангро баҳона карда, ҳуҷуми Бухороро ақиб мепартояд.
– Аз туфанггириаш мо хабардор нашудем, - гуфт Мансур. - Ҳангоме ки аз ҷониби Тирмиз полки русҳо даромад, овоза карданд, ки ҳамроҳи дастаи Саидҳусайн кушуни Иброҳим низ меравад. Лекин нарафт.
– Нарафт. Ба Саидҳусайн гуфт, ки ту рафтан гир, ман сарбозҳоро зиёдтар ҷамъ кардаю аз пас мерасам. Русҳо кӯшуни Саидҳусайнро торумор карданду Иброҳим рӯӣ нишон надод. Чунки зарбаашонро хӯрда буд.
Мансур ба тасдиқ сар ҷунбонда гуфт:
– Бист рӯз пеш, вақте ки аз тарафи Айваҷи худамон як баталион аскари сурх даромада, аз деҳи Хосори назди соҳил то Қундуз, ки қариб шаст-ҳафтод километр роҳ аст, хаймаю козаҳои гурезаҳоро оташ зада, омаданд, Иброҳим на ин ки зиддият накард, балки тарсида кӯшунашро бардошта, дар кӯҳи Қароботур пинҳон шуд. - Афғонҳо: «Мирғозӣ аскараша барои машқ кӯҳ баровардааст» гуфта мазоҳаш мекарданд. - Низоммахдум аз чойҷӯш чой дам карда гуфт:
– Дар дараи Сафедмазор чӣ номақулиҳо кард, медонед?
– Ҳамон вақт чӣ воқеа рӯӣ дод, то ҳол мо аз таги кор хабар надорем.
– Ман ҳам сурати воқеаро аз домулло Исмоил шунидам, – гуфт Низом махдум. – Пас аз он, ки вилоятҳоро айёшу аҳмақҳо соҳиб шудаю ба раият зулм карданд, аз ҳар тараф мухолифҳо хестанд. Аз он ҷумла дар дараи Сафедмазор низ аз ситами камонбадастҳо чанд деҳа ошӯб бардошт. Бо фармони Ҳабибуллохон, лолош (амақаш) Саидҳусайн даста тартиб додаю рафта, мардуми он дараро ҷазо доданӣ шуд. Иброҳимбек аз асли кор хабардор шуда, ӯ ҳам довталаб мешавад. Чунки дар тарафи худамон ин таҷрибаро гирифта буд. Медонистанд, ки ба хонаи деҳқони беҳимоя даромада, ӯро бо камону шамшер задаю чизу чораашро соҳибӣ кардан чӣ кайфият дорад! Ва ҳамроҳ рафта, мардуми дараи Сафедмазорро, ки минтақаи тоҷикнишин буд, хунфишон кардаю хурҷину ҳалтаҳои гадоияшонро пур кардаю галаю гову гӯсфанди мардумро пешандоз карда баргаштанд. Ва баъди он сарбозҳояш гӯӣ барои ин миллат кори беҳад мушкилеро анҷом дода бошанд, дар кӯчаю бозорҳо кибру ғурур карда мегарданд. Ҳатто баъзе бемояаш ба бозор ё дуконе дарояд, чиз гирифтаю умедвор мешудааст, ки аз он, гӯё қаҳрамонӣ нишон дода бошад, набояд пул гиранд. Ва дар ин поя чанд занукӯб ҳам мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор