Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҷилои ватан карданд. Аз рӯйи шунидам қисме Арабистон рафтаю қисме дар Балх мондаанд. Онҳо мегуфтанд, ки оташи инқилоби рус ба ин ҷойҳо омадаю тару хушкро якҷоя месӯнонад. Ниятам буд, ки то Балх рафта, онҳоро хабар мегирам. Ин ҷо омадаму ин воқеа баромад.—Шайх ба рӯи Мансур озмоишкорона нигаристу табассум кард.
Мансур пай бурд, ки шайх «ин воқеа» гуфта маргро дар назар дорад.
— Акнун ҳаво гарм шуд, нағз мешавад,— Мансур шайхро тасалло дод. — Худам шуморо ба Балх мебарам.
Нигоҳи шайх ба самте андармон буд. Ба сухани Мансур эътибор надод, дақиқае хомӯш истоду пас гуфт: — Аслан гиред, ҳамааш замини Худо. Асрори Ҳақро худаш надонад, банда чӣ медонад?
Мансур сухан накарда истод.
Шогирд ду коса атолаи ба шир оварду якеро назди шайх, якеро назди Мансур ниҳод.
— Дар Бухоро чӣ гапҳо?—пурсид шайх.
— Алҳол он ҷо мардум дар азоб, бегонаҳо бисёр.
Дар роҳҳо фирориҳо бисёранд?—Ин дафъа шайх ба рӯи Мансур зеҳн монд.
— Яке кам мешаванд, боз зиёд мешаванд,—гуфт Мансур.—Ҳоло боз зиёд шудаанд. Хост гӯяд, ки сабаб колхоз, ки шайх пешдастӣ карда гуфт:
— Иброҳим омад, дигар ёронаш ҳам биёянд, пас хуб мешавад.
Мансур дарҳол нафаҳмид, ки шайх Иброҳимбекро дар назар дорад. Баъде ки дарк кард гуфт:
— Кошки ҳамту мешуд.
— Онҳо бороҷӣ мегӯянд? Номи ёфтаашон ҳам баҷо.—Шайх лабханд кард.
— Мансур ба чеҳраи зардгаштаи шайх дида дӯхта дилаш таҳ зад. «Шайх бемор аст...»
Шайх ба дастархон, ки дар он қанду мавиз рехтаанд (яқин соҳибони беморон овардаанд), рӯӣ оварда, косаи атоларо пеш гирифта ба лабаш бурд.
Мансур фикр кард, ки шайх мегӯяд роҳи ба ватан баргаштан тавбаю парҳез кардан аст. Охир он хорию ҷафоҳои гурезаҳо, ки дар роҳҳо, дар бесарпаноҳиҳо дидаанд ва Мансур дидааст, ки онҳо ҳар лаҳза аз Худо ёд мекунанд, магар тавба нест? Нони хӯрдан намеёбад, аз чӣ парҳез кунад? Ин дам ӯ дид, ки шайх ҳамчунон нигоҳаш ба самти қошуқи атоларо ба ришаш резонда, ба лаб мебарад. Мисли кӯдаке, ки бозӣ мекунад.
Дар кушода шуда, шогирди шайх даромад. Онҳоро дар хӯрокхӯрӣ дида, оҳиста дарро пӯшид.
Мансур рӯймолча гирифта риши шайхро тоза кард.
Шайх аз Мансур пурсид:
-
Писарро дар ватан мондед?
-
Оре, амак, ба ин тараф дилам зор накард...
-
Ҳеҷ гоҳ набиёред. Ватан реша аст. Неру ва дину донишро аз реша мегиред. — Шайх ба оҳанги таъкид ин суханро гуфт.
Шогирд бори дувум даромада хабар дод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор