Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

аз ҳақиқат рӯ мегардондед?! Мегардондед! Мансабро баҳри ободонии худу ақрабоятон истифода мекардед?! Мекардед! Байтумолро медуздидед?! Медуздидед! Замини Бухорои шарифро, ки олуда кардед, гушнаҳо, нодидаҳо оқибат дибед, он чӣ дибед!

  • Ҳақ асту рост.
  • Дигар он озодагию он неъматро хоб мебинед!- давом дод шайх.-Дар кӯю дари мардуми афғон хок шудаю хорӣ кашида мегардед!..
  • Алҳақ ҳазрат...
  • Хомӯш!-Шайх нигоҳи ғазаболудашро аз ясавул наканда, афзуд: «Дар Қуръони карим омадааст: «Қавме бадӣ кунад, Худованд ӯро мегираду қавми дигар ба ҷояш меорад.» Айни ҳамин гуфтаҳоро ҳама дидем! Шамшере ба номи инқилоб омаду ҳамаро аз бех бурид, ба ҷоямон дигаронро овард!
  • Алҳақ, тақсирам...
  • Дамата мегирӣ ё не!-Шайх аввал пиёларо пас чойники нав чойвардаро бардошта ба сари сипоҳинамо ҳаво дод, ки ӯ абчирӣ карда хесту худро ба тарафе гирифт. - Муртад, буро! Буро гуфтам!
    Ҳама саросема хеста берун баромаданд.
    Шайх ақибтар ғеҷиду дақиқае пас ҷониби шогирд, ки пораҳои чойники шикастаро ҷамъ мекард, гуфт:-Вай мубталоя гӯй, ин ҷо биёд!
    Ясавул тарсидаю ларзида назди дар омад, ки шайх бо нафрат гуфт:
  • Пули маро мон!
  • Ранги ясавул пахтаи кӯҳна барин шуд. «Гӯр пирӣ шавад, аз хотирам баромадааст»,-гуфта бо дастони ларзон аз бағалкисамаш якчанд рупияи таҳкардаро бароварда, дар гӯшаи дастархон ниҳода, ақибнокӣ аз дар баромад.
  • Барор, деҳ равад! -Шайх ба қароҳият ба пулҳо ишорат кард.
    Шогирд пулҳои дастархон ва дар таги кӯрпачаҳо, пустакҳо мондаро гирифта берун баромад.
    Мансур ба чеҳраи шайх назараш афтиду дар он ғазаб не, як навъ хушҳолиро мушоҳида кард ва ба дилаш омад, ки, аз афташ, падараш, Меҳрони камон, чунин насақҳои шайхоро дидаю эътиқодманд шудааст.
    Шайх ҷониби Мансур гаштаю табассум карда гуфт:
  • Диди мумсикиашро? - Гап назанам, пула гардонда мебурд.
  • Ясавул сахт тарсид. Дигар ин тарафҳо намеояд.-Мансур хандид.
  • Тарафҳои худамон чӣ гап?- пурсид шайх.
  • Ду ҳафта шуд аз Самарқанд омадам. Алҳол дородор кам шудаасту аммо мисли пеш гуруснагӣ ҳукмфармост, мардум дар тарс. Лекин ободониҳо ҳам шуда истодааст.
  • Ободонӣ мекунанд.-Шайх ба тасдиқ сар ҷунбонд.
  • Мазори Хоҷамуҳаммади Балхӣ рафтам, ки шуморо бинам, дарвоза маҳкам, дарвозаи масҷид ҳам маҳкам.
    Шайх муддате хомӯш истоду гуфт:
  • Аз мазор баромаданамро қариб шаш моҳ мешавад. Пеш аз баромаданам ба Даҳбед рафтам. Дар Даҳбед саду даҳ шайхи ба ҳақ расида буд. Ними зиёдашон пеш аз инқилоб хеста рафтанд. Боқӣ ҳам дар омад-омади ин балвоҳо
пешина
аз 613
навбатӣ