Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Баҳодур сиҳат аст?—Модар ҳам шудаю каловида дилашро дошт. Овозаш ба нолиш мебарояд.
– Сиҳат!... Сиҳат... Ҳозир меояд... Рафтем. Ҷовид, ту ҳам гард.
– Падараш дар куҷо?!—пурсид модар.— Падарашро чӣ карданд?!
– Падараш? —Умарбек каме таъхир кард:—Мансур ҳам ҳамроҳи дигарҳо... Мансур сиҳату саломат...
Дар хона аллакай занҳои зиёд ҷамъ омаданд. Модар саросема дари хонаи барои шаҳу арӯс тайёркардаро кушода, кӯрпачаҳои навро мепартояд. Ва ба ҷомаю миёнбанди домодии Баҳодур, ки дар меҳ овезонанд, нигариста бо гиря пичирос зад: «Худоё, ба ман раҳм кун! Писаракама дар паноҳат нигоҳ дор!»
Тоқҳо пури гилему кӯрпа. Ин ҳамаро модар ба дасти худ ба умед барои нахустфарзандаш тайёр кардааст, ки рӯзи тӯй барои шаҳу арӯси нав партофта, орзушикан шавад. Холаи Зулайҳо даҳонашро доштааст, ки гиряаш набарояд. Дақиқае гузашту ҷониби холаи Гулсум гуфт: «Ман равам, ки вай худаша ягон бало накунад.» Хола «худаш» гуфта Меҳрубонро дар назар дорад.
Дере нагузашта як гурӯҳ мардҳо ҷасади Баҳодурни оварданд.
Либосҳояш ҳама лойолуд, сарурӯяш сиёҳу варамида. Сараш ба ҳар тараф меафтад. Аз даҳону бинӣ хун рафтагу гардану куртаи сабзранги русидӯхт, ки падар аз шаҳр оварда буд, хунолуд шудааст, миёнбандаш ҳам хунолуд аст. Як тарафи рӯяш сиёҳ, чашмонаш нимкушода...
Модар, эҳ модар. Ӯ чӣ суханҳо гуфт, чӣ нолаҳои зор кард! Дару девору мурғони осмон ба гиря даромаданд. «Бачаҷонам! Баҳодурам! Кадом бераҳм ин ситамро ба ту раво дид? Ҷавоният дасташро надошт? Зебоият ба дили сангаш раҳм наовард? Ин дунё дигар чӣ дорад? Чӣ гуфта мегардам? Ба кадом сӯ менигарам?»
Ҷовид низ баробари модараш бо овози баланд гиря мекунад. Бо ишораи Умарбек модарро ба хонаи дигар бурданд. Ӯ зуд баргашта баландтар нола кард: «Монед маро назди меҳмони якшабаам! Монед, ки рӯйи задаю афгоркардаашро бинам! Балам, балам, балам! Бачаҷонам, балам! Фарзанди азизам, балам!»
Модар чашм аз рӯйи Баҳодур намеканд, сарашро мисле ки не-не мегӯяд, тез-тез меҷунбонад. Дар ҳавлӣ шумори зану мардҳо зиёд мешаванд. Баъдтар Ҷовидро дар кунҷе ғанаб бурд. Ва ногаҳ аз гиряи баланд бедор шуда, дид, ки Меҳрубон болои пайкари беҷони Баҳодур ҳам шудаасту фигон дорад:
– Ту ёри бевафо набудӣ! Ту нотавон набудӣ! Ту...
«Магар бародарамро таъна дорад?» омад ба дили Ҷовид ва дид, ки зане Меҳрубонро канор мекашад. Вале ӯ дасташро хато кардаву бо шевани бештар зорӣ мекард:
– Ҳафтае пеш аз ҷовандозӣ баргаштию бо ҳазорон шодию ифтихор ба пешвозат баромада гуфтам: «Се маротиба улога бароварданатро дидам!» Аз аспат парида фаромадию «ҳамааш бо ёрии ту шуд, Меҳрубон» гуфтӣ.— Дар байни духтаро туро дидаму дар гӯши асрам гуфтам, ки Меҳрубон моро тамошо дорад! Мабодо, ки сустӣ кунӣ! Ва мо хуб ҷонканӣ кардем. Сару гарданамро қамчинкорӣ мекарданду бусро сар намедодам». «Аспатро баста биё, худам табибӣ мекунам, диламро кандаю ба ҷароҳатҳоят мемонам», гуфтам. Ту ба завқ хандидӣ. Хона

пешина
аз 613
навбатӣ