Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Онаи зори шумо муштамзӯрхоро нишон медиҳем! Даври шумо нони ба шир мехӯрдаҳо, гузашт! Замоне ки кабобу палов мехӯрдед, гузашт! – Ҷаббор камонашро ҷониби Ҷовид дошта шарақ-шурук мекунад. – Омадӣ, мепаронам!
Мансур ба пас нигариста ҳайрон шуд. Ҷаббор ба он Ҷабборе, ки то дирӯз медид, монанд набуд. Мегӯӣ шери нар аст. Ӯ даҳон пур кард, ки гӯяд: – «Ҳой бача, «як намакхӯр чил сол андеша мекунад» гуфтаанд. Вале пай бурд, ки дар ин ҳолат сухан кардан бештар ғазабашро меорад.
– Аз ақиби ту немеравам, аз паси падару бародарам меравам, – гуфт Ҷовид ва роҳашро давом дод.
Баҳодур истода чизе гуфтанӣ шуд, ки сарбози қалмиқнусха бо камон ба паҳлуяш зад. Баҳодур аз зӯри дард калавида ҳам шуд.
Ҷовид аз алам ки барои ӯ шуда бародарашро заданд, тамоми овозашро сар дода Ҷабборро дашноҳ кард.
– Онаи худата г... Порсол омада зорӣ кардӣ, ки гандуматона даравам... Ҷомаю мӯзаи падарама додем!... Зорӣ кардӣ, ки нами равған надорем...» – Ва ба ин монанд чизҳое гуфтаю гирякунон ақиб гашт. Назди дарвоза модарро дида, ҳамчунон бо фиғону фарёд шикоят кард:
– Баҳодурро заданд!
– Чӣ гуфта заданд? Байнашон чӣ гап шуд? – Модар мисле ки бемори табларза бошад, меларзид. Дар як ҷо қарор намегирифт.
– Баҳодур ба ман гап заданӣ буд, ки як саллот дар биқинаш зад. Худаш як майдаҳаки мурданист. – Ҷовид ба сӯзи бештар гиря мекунад.
Модар гоҳ ба Худо зорӣ мекунад, гоҳ даҳонашро медорад, ки овози гиряаш набарояд ва гиребонашро дошта, зуд-зуд то сари кӯча рафта, пас мегардад. Дар кӯчаҳо сарбозҳо пасу пеш мераванд.
Наздики аср писари хурдии Файзмуҳаммад - Боймуҳаммад хабар овард, ки падару бародарашро бурданд. Холбек пеш-пеш будааст. Дар ин асно аз ҷониби масҷид садои тирпаронӣ баромад. Якчанд савора ба он сӯ асп давонданд. Фурсате гузашту холаи Гулсум ҳамроҳи чор-панҷ нафар зан ба назди Бибигул омад. Баъдтар холаи Зулайҳо ҳам омад. Дар чеҳраи онҳо тарсу таҳлука ҳувайдост. Баъзеҳо гиря мекунанд.
– Ҳангоми доругир Мавлонбойи Тағи Санг доной карда худаша паноҳ кардааст. Обид ӯро хона ба хона кофта гаштааст, - хабар доданд онҳо. - Дигар нӯҳ нафар дороҳоро дошта, дар ҳавлии ҳаммоми паҳлӯи масҷид маҳкам кардаанд. - Холаи Гулсум ҳик-ҳик карда ҷониби Бибигул илова кард: - Он ҷо чӣ гапе шудаасту Баҳодур тир расидааст...
– Тир расидааст? Дар ҳаммом? – Бибигул ба овози баланд гиря карда, ҷониби кӯча тохт. Ҷовид аз паси модар баромад. Сарандози модар дар дасташ кашол. Дар ҳамгашти кӯчаи назди масҷид амаки Умарбек пеши роҳи онҳоро гирифт:
– Келин, он ҷо парон-парон! Пури аскару одамони бегона! – Рангрӯйи амаки Умарбек сап-сафед. Аз изтиробу таҳлука меларзанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё