Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Амак, ду рӯз шуд, ки алафро бепул мегиред. Ман дигар наметавонам бепул дихам. Ин алаф аз ҷойи дур меояд, – гуфт дар ҷавоб самоворчӣ.
– Боз ду рӯз алаф диҳед, зин ба фурӯш наравад, аспро фурӯхта, пулатона медиҳам, – гуфт Ҳасан ба оҳанги маслиҳат.
– Не, наметавонам. Ман ин алафро қарз овардаам, – гуфт самоворчӣ ва ба ҷавоне ишора кард, ки бандҳои ҷудокардаи Ҳасанро гирад.
– Амак, алафҳоро гирам? – пурсид ҷавон аз Ҳасан.
Рангу рӯи Ҳасан пахта барин сафед шуд. Ҳарфе нагуфта бо ҷаҳл, ба сӯи самоворчӣ нигоҳ андохта, алафҳоро монда рафт. Аз ними роҳ баргашта ба алаффӯруш гуфт:
– Чор банд алафат шиками аспа сер намекунад! Гумон дорӣ бо чунин фириб пулу мол ҷамъ мекунӣ! Не, дарду ғам ҷамъ мекунӣ. Ман барин хокбоду беватан мешавӣ! Мо ин гуна бозиҳоро бисёр дидем! – Ва ду қадам зада баргашта омаду илова кард: – Пулатро пагоҳ мегирӣ!
– Агар ҳозир биёред, боз хубтар, – киноя кард самоворчӣ ва ба одамони ҷамъшуда гуфт: – Ҳоло боз ду ҳар алаф меояд.
Ноодамии самоворчӣ ғазаби Мансурро овард, вале ҷои гап набуд.
Ҳасан назди аспи сиёҳ рафт, ки дар назди каппаи ҷодарпӯш бастагӣ буд.
«Дарду ғам ҷамъ мекунӣ...» Аз афташ, Ҳасан ин суханҳоро аз таҷрибааш гуфт. Мансур пас гашт ва фикр кард, ки дар шаҳр ҳоло ҳам аз тӯй, ки пеш аз инқилоб Ҳасани чароғ барпо карда буд, бо ҳавас ёдоварӣ мекунанд. Тӯй дар ҳамон рӯзе, ки Баҳодурро ба хизмати сарбозӣ гирифтанӣ шудандӯ Мансур аспашро пора дода ӯро халос кард, баргузор шуда буд. Аз алами асп на худаш ва на Баҳодур ба тӯй нарафтанд. Лекин баъди нимрӯз ҳамсояаш Намозбой маҷбураш кардаю ҳамроҳ ба тамошо бурд. Дар он тӯй ғайр аз шаҳри Самарқанду атрофаш аз Китобу Шаҳрисабзу Дахбеду Панҷакенту Дизах човандозҳо омада буданд. Қариб чорсад асп ҷамъ шуда буд. Бозӣ аз пагоҳӣ то гашти рӯз давом кард. Аввал серкаи калонеро мепартоянд. Як соат нагузашта, серка лабу лахт шуда меравад. То охири бозӣ боз ду навбаст оварданд. Бойҳо баҳс ба баҳс солимҳои калон мемонданд: Яке ҷуфти гов ё уштур, дигаре панҷоҳ тангаи Бухоро ё панҷоҳ тиллои урус мемонд. Ҳабарчӣ чанд маротиба фарёд мекард: «Аз номи Ҳамдами соҳиби зовуди чарм панҷоҳ тиллои урус! Панҷоҳ тиллои ур-у-с!» Мардум мудом гӯшбакимор мешуданд, ки ҳабарчӣ боз номи кадом бойро мегирад ва ӯ чӣ солим мемонда бошад? Баъдтар ҳабарчӣ садо баланд мекард: «Аз номи хоҷӣ Саъдуллоҳи гузари Мирзорашиди Заркӯб як гилеми Қазонӣ! Аз номи хоҷӣ Саъдуллоҳ гил-е-е-м!» Соҳибтӯй Ҳасан ҳам се солим монду дар охир фармуд, ки яке аз аспҳои номиашро ба номи «Урметан» (аз деҳаи Урметан харидааст) биёранд. Ҳангоме ки аспро меоранд, саисаш Ниёзи Носро дар болояш дид, аз сари шавқ ҷониби ҳабарчӣ фармон дод: «Гӯй, ки асп бо одамаш!» ва ҳабарчию карнайчиҳо низ ба шӯр омада, рӯ-рӯи ҳам карнай навохтаю шӯру валвала карда хабар доданд: «Аспи урметании соҳибтӯй бо одам-а-ш! Ҳо-о-й асп бо савор-а-ш! Бо савор-а-ш!». Саис, Ниёзи Нос, ки феҳли хӯҷаинро медонист, аспро ба дасти касе дода «қочмаган номард» гуфта гурехт. Аммо ҳангомаҷӯйҳо аз ҳар тарафи маърака хестаю ҳамчунон садо медоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор