Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Давлатманд боз ғарқи андеша будани Анварпошоро мушоҳида карда, ба дилаш омад, ки яқин Пошшо фаҳмид, ки сарҳадро бастаанд, безобита шуд. Супориши дар роҳ додааш ба хотираш омад “Ашӯри кӯлобиро фармо, ки роҳе ёбаду моро аз дарё гузаронад. Ӯ ба нияти анҷом додани ин кор хеста берун баромад: “Ақаллан ҳамин кор барор мегирифт, ки Анварпошо сиҳат саломат ба ватанаш мерафт, - орзу мекард ӯ.- Раҳмат ба ӯ, ки дар ин рӯзҳои вазнин ба ёриашон омад. Ӯ ва рафиқонаш кори ҳарбро ба онҳо ёд доданд. Аммо Абдуқодири кӯлобӣ хабар расонд, ки русҳо Кӯлобро гирифтаанд, Ашӯр бедарак аст. Давлатманд қарор дод, ки ин хабарро пагоҳӣ баъди намоз ба Анвар мерасонад. Шабона хавотираш намекунад.

Анварпошоро нигоҳ ба давра бархӯрд. Мушоҳида кард, ки давра ҳам аз ӯ ранг гирифт, ягон-ягон саригӯшӣ сухан мекарданд, ҳиҷолатманд шуда, ба Муллоҳамроҳ гап партофт:

  • Домулло, бубахшед, ман ба фикре андармон шуда охири суханатонро нафаҳмидам, аввал кӣ ба ҷаннат медарояд гуфтед?

  • Хуб шудааст, тақсир, мегӯям, - Муллоҳамроҳ ду зону нишаст, аз он ки Анварпошо ба ӯ муроҷиат кард, хурсанд шуд ва аз нав ба сухан шурӯъ кард:

  • Дар рӯзи ҷавоб назди дарвозаи ҷаннат, ки баландиаш то осмони ҳафтум аст, байни чор гурӯҳ сахт баҳсу талошҳо мешавад...

  • Осмонашро камтар пасттар мекардед, домулло, - Анварпошо ба завқ хандид.

Домуллои зардина ҳам хандида пурсид:

  • Инро ҳам аз китоби Мушкот хондед?

  • Китоб дар хотирам нест,- гуфт Муллоҳамроҳ ва ба суханаш идома дод. -Назди дарвоза гурӯҳҳо баҳс мекунанд... Он лаҳза Худованд ба доварӣ меояд. Ба гурӯҳи ҳоҷиҳо мегӯяд, ки шумо на барои ман ҳаҷ рафтед, балки ба он хотир рафтед, ки “ҳоҷибобо, боло гузаред,” гӯянд, шумо аз ҳама пас равед. Ба гурӯҳи муҷоҳид мегӯяд: Шумо на барои дини ислом ҷанг кардед, балки барои он ки молу пул ба даст оред, шумо ҳам пас гузаред. Ба гурӯҳи олимҳо мегӯяд: -Беҳтари шумо на барои оин олим шудед, ки ба мардум нафърасон бошед, балки ба хотире, ки номатон дар таърих монад: шумо ҳам ақиб истед. Ғозиҳо пеш оед: аввал шумо ба ҷаннат медароед, чунки шумо чизи аз ҳама азиз - ҷонро нисори дини ислом кардед. Бубинед, дар он макони ҷовидонӣ марди ғозӣ чӣ мақому манзалат дорад?!

  • О, чӣ фарқ дорад, ки як рӯз пеш ё як рӯз пас медароед!- Анварпошо косаи наздашро дуртар давонда самимона хандид ва ба чеҳраи Муллоҳамроҳ зеҳн монда, афзуд:- Як савол медиҳам, домулло, ба ростӣ ҷавоб гӯед. Фарз кардем, ҳамаи пайвандону дӯстонатон дар дӯзах ҷамъ меоянд, шумо ба кадом тараф майл мекунед?

  • Тақсир, пайвандон гуфтед? - Муллоҳамроҳ забон хоид ва афзуд:-Дӯстонам куҷо ҷамъ меоянд, кордор нестам. Худ аз даргоҳи Довари якто умеди ҷаннат дорам.

Ҳамдавраҳо хандиданд. Анварпошо ҷониби Домуллошариф гуфт:

пешина
аз 613
навбатӣ