Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ифлосии ғашовараш мечуладу дар ҳамин парешонию мутаассибию шикампарварӣ дармондаанд.
Дар поёни давра Мурод Ҷовушу Усмон Ҷовуш баҳс доштанд. Поинтар Саша Роиеви казак ва Ҳусаини черкас сӯҳбат мекарданд. Ҳар гоҳе, ки Роиев ба туркӣ чизе мегуфт, ҳарду механдиданд. Аз афташ Роиев калимаҳои туркиро нодуруст талаффуз мекард. Ҳам Ҳусайн ва ҳам Роиев аз давраҳои ҷанги Юнон ба Анварпошо содиқанд. Балки мисли бародарони ҷонианд.
Давламанд ду табақ кабоб дар даст омада ба фикр ғӯтавар будани Анварпошоро дида, домуллои зардинаро бо нимшӯҳӣ накӯҳиш кард:
– Домуллошариф, шуморо даъват кардем, ки асп барин қантар карда шинед? Меҳмонҳоро ба тап гиред, чой дароз кунед. - Ва худаш дар поёни давра чой гирифта, кабкҳоро пора карда, назди меҳмонҳо гузошту афзуд:-Анварҷон.
Кабкҳои Балҷувон фақат дони гулҳои кӯҳиро мехӯранд. Ку, гир, лаззаташа бин.
– Аз бӯяш маълум,- Анварпошо синаро гирифта, ду тақсим карда, нимашро ба Давламанд баргардонд.
– Анварҷон, ба як сина дуямон даст барем, мегӯӣ? - гуфт Давламанд ва баланд хандид.
– Сина зебо бошад, дастҳо рафтан мегиранд,- Анварпошо низ худро ба ханда моил кард.
Вақте ки Давламанд хест, ба фикри Анварпошо омад, ки “Нодирхон на не ки тиру пулемёт нафиристод, балки фармон дод, ки ҳама сарбозҳои Афғонистон ба хонаҳояшон баргарданд. Дар акси ҳол зану фарзандҳояшонро аз дарё он тараф кардаю хонаю дарашонро мусодира мекунанд!” Анварпошо акнун дарёфт, ки он фармон аз ӯ набуда, аз подшоҳ Амонуллохон будааст. Он вақт ё Британие ё Масков ба ӯ гуфт, ки сарбозҳоятро аз Бухорои шарқӣ барор. Анварпошо шунида буд, ки амир ба шоҳи Бритониё се-чор хат навишта, пулу силоҳ пурсидааст ва ба ғайр аз ҷавоби “меомӯзем” дигар чизе нагирифтааст. Яқин онҳо омӯхта доданд, ки ин ҷо боз як кишвари мусулмонӣ сохтан ба зарарашон хоҳад буд (бе ин ҳам мусулмонҳои Ҳиндустон ҳеҷ оромашон намегузоранд). Барсҳамин ба Олимхону Анварпошо ёрӣ надоданд. Онҳо бо Амонуллохон ҳам муносибати хуб надоранд. “Баъди ҷанги солҳои 1842 -1880, ки қӯшунашон дар Афғонистон шикаст хӯрд, наметавонистанд фармон диҳанд, ки “сарбозҳоятро барор”. Пас маълум мешавад, ки Масков ба Амонуллоҳ фармудааст. Соли гузашта Русия аввалин кишваре буд, ки мустақилияти Афғонистонро шинохт.
Ҳамчунин маблағи зиёде ба ройгон дод. Албатта ин корҳо ба рағми Бритониё буд. То ки Бритониё аз дарёи Сайхун ин тараф бинӣ нахалонад. Амонуллохон ҳам, албатта, тарафи болшевикҳоро гирифт. Ҳамсояи тавонманд пуштибонӣ карда метавонад. Албатта, вай бояд манфиати давлату ватанашро ҳимоя кунад, на манфиати Анварпошоро. Ба ҷойи вай ман ҳам чунин рафтор мекардам. Дӯ ҳафта пеш сардори дастаи афғонҳо Аҳмадхон ба Анварпошо пешниҳод кард, ки ҳамроҳашон равад. Ба таъкид гуфт, ки ин ҷо ҷангу ҷӯш дигар фоида надорад.
Анвар қатъӣ рад кард. Моҳе пеш ба Русия ду ҳафта вақт дод, ки қӯшунашро аз ин кишварҳо барорад, акнун гурезад? Мардуми олам чӣ мегӯянд? Ин косаи заҳрро то охир бояд нӯшид. Мардона зиндагӣ кард, мардона бояд бимирад...”

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор