Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Барои одам мувофиқу барои мол ҳам. Ба осмони васеъ назарат меафтаду дилат кушода мешавад. Ҳоло аз ҳисоби тобистон боз даҳ-понздаҳ рӯз мондааст. Аммо алаф ба тамоми зард шудааст. Нафаси тирамоҳро ҳис мекунӣ. Оромии пагоҳиро садои оби чашма, ки ба поин мешорад ва фириқ-фирики аспҳо, ки дар тагу болои тепаҳо меҳ кардаанд, ҳалалдор мекунанд. Лаҳзае пас дар баландиҳои осмон мурғон пайдо шуданд. Онҳо ғавго кардаю давр мегаштанд ва торафт бештар мешуданд. Анварпошо дар пайраҳаи канори чашма бо ду нафар рафиқони туркаш дар гуфтугӯст. Шояд дар бораи он ки назди ҷанговарон чӣ бояд гӯяд, маслиҳат доранд.

Дере нагузашта нахустин нурҳои офтоб дар теғаҳои кӯҳҳои дур нишаст. Дирӯз, ҳангоме ки ба ин сӯ меомаданд, ҳамроҳон номи кӯҳи рӯбарӯро Душоҳа гуфтанд. Мансур ҳайрон шуд, ки чаро душоҳа? Нав мушоҳида кард, ки кӯҳ ду теғаи ба ҳам наздик ва ростбаромада дорад, ки аз дур мисли шоҳҳои буқачаи фарбеҳ ба назар мерасад.

Мансур мушоҳида кард, ки одамони дар сафҳо нишаста ҳама тоҷиконанд. Фикр кард, ки ҷанги аз Самарқанду Фарғона ин тараф то Бухорою Бойсун шуда бар зидди таҷовузи большевикҳо буд. Пас, баъди панҷ моҳи ҷанги Бухоро ба ҷанги халқӣ табдил ёфт. Нисфи мардум тарафи русро гирифт, бахусус рӯшанфикрон. Нисф ҷониби босмачиро гирифт. Дар охир байни тоҷику узбек ҷанги аҳмақона шуду хонаву дари якдигарро сӯзонданд. Худашонро сарсону бадбахт карда байни роҳ монданд.

Анварпошо оҳиста қадам зада, рӯбарӯи саф омад. Ин пагоҳӣ кители тозаи хушдӯхт ба бар дошт. Рангу рӯяш ҳам тоза аст. Бале марде, ки дар мактабҳои номдори Урупо хондаю маърифат андӯхтааст ва дар мансабҳои баланди давлатдорӣ кор кардаву дар инқилобҳои ҷаҳонию таърихӣ даст доштааст, бояд зебо пӯшаду зебо гардад ва зебо сухан гӯянд. Аз рӯйи нақлҳои Низоммаҳдум Анварпошо бисёр корҳои некро ба анҷом расондааст, хатоҳо низ кардааст. Ҷое, ки кор ҳаст, хато низ ҳаст. Таҷриба аз ислоҳи хато маншаъ мегирад. Ва Мансур мушоҳида кард, ки Анварпошо ба худ хос салобату виқор дорад. Ва андешид, ки то рӯзе ин мард дар ватани онҳо меҳмон аст, бояд ба ӯ тарзе муносибату меҳмондорӣ кунанд, ки худро озурдаю бегона ҳис накунад.

Анварпошо оромона ва бо овози гиро ба сухан шурӯъ кард:
– Бародарон, муҷоҳидини роҳи ислом! Шумо талаб мекунед, ки русҳо оташбасро қабул кардаанду моро дар рӯзҳои ид ҷавоб диҳед. – Лаҳзае хомӯш шуда, пасу пеш қадам зад, ба сафҳо озмоишкорона назар андохт, пас рӯбарӯ истода афзуд: – Ман ба бародарам Давлатманд гуфтам, ки хати “дар рӯзҳои ид оташбас кунем”-ро фиристодан лозим набуд. – Ӯ боз қадам заду ин дафъа бо оҳанги маломат, ҳатто озурда суханашро идома дод: – Магар ҷанг ваъда дорад? Ростӣ дорад? Иду арафа дорад?! Не! Ҷанг дурӯғу душманию куштору қаллобӣ дорад! Ҷанг марг дорад ва ғалаба дорад, вассалом! Ғалаба кардӣ, ҳамаи фанду фасоду фиребат осмони пурситора барин зебо менамояд. Таърифу тавсифат мекунанд. Мағлуб шудӣ, шармандаи ду олам ҳастӣ! Минбаъд рӯзу рӯшноӣ намебинӣ! Ва фарзандҳоят низ рӯзи хуш намебинанд (намои табассум карда), ман инро аз таҷрибаам мегӯям. Чунин аст қонуни ҷанг ва он ҳеҷ гоҳ дигар намешавад.

пешина
аз 613
навбатӣ