Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
эссерҳо фирқаи дашнакиюни армантабор низ фаъолият дошт. Онҳо низ зидди мухторияти Хӯқанд баромаданд. Сарбозонашон ба болшевиқҳо ҳамбоз шудаю бо тиру туфанг ба деҳаҳо даромада, чизу чораи мардуми таҳҷойро ғорат карданд. Барои як табақ гандум дигар оилаҳоро мепаронданд, то ки оилаҳои худро аз гуруснагӣ бираҳонанд. Алкисса, кишвар дар тӯфони зулму ҷафо печид. Давлати навтаъсис пеши онро гирифтан натавонист. Мардум аз ҳукумат дасту дил кандаю худаш ба ҳимояи молу ҷонаш хест. В роҳҳо дастаҳои мусаллаҳ пайдо шуданд. Дастаи Эргаш Қарақчӣ ном ҷавоне ба нотарсию бебокӣ ном баровард. Ӯро Эргаш Кенча ҳам мегуфтанд. Дар замони подшоҳӣ ӯ ба идораи давлатӣ, корхонаҳои тиҷоратӣ, бозорҳо ҳуҷум мекардааст, ки дошта ба Сибир бадарға карда буданд. Ва дар ҳамин аввали сол аз зиндон гурехтааст. Мусибатдидаҳо, дар роҳмондаҳо овозаи ӯро шунида, ба умеди ҳимоя ва қасос ба дастааш мепайванданд. Дар ду ҳафта тарафдоронаш то ба даҳ ҳазор мерасад. Ва ин шумора соат ба соат меафзояд. Мо мурғи посӯхта барин ҳарчанд тағу боло давидем, ки пеши ошӯбро бигирем, кас гӯш накард. Баръакс, нафрину таҳқирашон мекарданд. «Аз наҳси давлатдориатон рӯзгори амну ободамонро аз даст додем», гуфта ба сарамон мехестанд. Осақолому обрӯмандон, ки дирӯз моро бале-бале мегуфтанд, диданд, ки аз дасти мо коре намеояд, ба мардум пайвастанд. Ҳатто уламои номдор ҳаракати мардумро дида «ёрон, ин ҷиҳод аст!» гуфта, ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Мо мондему фикрҳои хомамон.
– Ҳоло сабр кунед, – Мирзоумед ҷойи хунукшударо аз дар берун ҳаво дода, ба ҷояш баргашт. – Дастаи Эргаш чӣ корҳо мекард, гуфтед?
– Роҳзанӣ. Дӯкону корхонаҳоро тороҷ мекарданд. Аз рӯйи кин ба деҳаи руснишин низ даромада онҳоро занукуб мекунанд. Мӯйсафедҳою муллоҳои номдор ҷамъ омада худашонро пеши пойӣ даста партофта мегӯянд, ки хотири моро карда, ба мардуми мусофир раҳм кунед. Аммо газетаҳояшон аз ин амалҳо ёдовар нашуда овозаҳо паҳн мекунанд, ки «гурӯҳҳои Эргашбосмачӣ ба деҳаҳои беяроқи руснишин ҳуҷуми ваҳшиёна мекунанд. Охирон луқмаи нонашонро кашида мегиранд. Ҳукумати мухториятхоҳон бошад, пеши чунин ваҳшигариро намегирад!»
– Ин шаттоҳиро бинед, – ҳайрон шуд Мирзоумед.
– Давомашро гӯш кунед, – Мансур ба дард табассум кард. – Вақте ки зиддияти болшевиқҳою мухториятхоҳон меафзояд, уламо гапашонро ба ҳукумат гузаронда, Эргашро даъват карда, бехатарии кишварро ба ӯ месупоранд. Ва ҳамзамон ӯро хони Хӯқанд эълон мекунанд. Эргаш пас аз як ҳафта талаб мекунад, ки ӯро ба гуфтушунидҳои давлатӣ ҳамроҳ бигиранд. Сарварони ҳукумат розӣ намешаванд. Ӯ дар қаҳр шуда, ними пешвоҳоро ба зиндон мепартояд. Мустафо Чоқай ин шармандагию беарусомониро дида, мегурезад. Дар беруни шаҳр дастаи дидбонҳо ӯро дошта мепурсанд, ки мусалмонӣ ё кофир? «Алҳамдулилоҳ, мусулмонам» мегӯянд аз оёту ҳадисҳо мисолҳо меорад. Шубҳаи дидбонҳо бартараф намешавад. Мардакро гӯсфанд барин хобонда хабар мегиранд, ки суннатӣ кардагӣ ҳаст ё не. Ва баъди анику дақиқ кардан ҳам дилашон қарор намегирад. «Қазоқу тотор мусулмон нест!» гуфта, дар паи озораш мешаванд. Марди худотарсе шабона раҳояш карда, «то ҷон дорӣ, гурез!» мегӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё