Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Не, ин замини вақф. Касе ҳосилашро хӯрад, шикамашро сӯрох мекунад, - аробакаш маҳин табассум кардаю ба сари аспаш тозиёна бардошт. – Ҳой турук, хобат бурд-чӣ?
– Шиками гунҷишқҳоро ҳам сӯрох мекунад? – Ҷовид ба чашмони модар менигарад.
– Албатта сӯрох мекунад, зоғро сӯрох мекунад, гунҷишкро мемонад? – ҷавоб дод Латофат ва калонгирона илова кард: – Ту намедонӣ, ман медонам.
Модар ҷониби Латофат ба итоб нигариста гуфт:
– Одамоне, ки дар роҳҳо кор мекунанд, масҷиду мазорҳоро таъмир мекунанд, зироати ин заминҳоро истифода мебаранд.
Роҳ ҳоло андаке фароз шуда меравад. Аробакаш ҳар дам тозиёнаашро алвонҷ дода аспашро ҳадаҳа мекунад. Аз болои ҷӯйборе гузаштанду аробакаш рӯяшро тоб дода гуфт:
– Ҳамаи ин заминҳо доли Хоҷа Аҳрори Валӣ: – Дар вақташ он ҳазрат як қисми бештарашро вақф карда будаанд.
Падар аспашро дошт ва ҳангоме ки ароба наздик шуд, гуфт:
– Оҷаш, деҳаи Найзаварон дар паси тепаи домани кӯҳ аст. – Иншоолоҳ ду соат пас мерасем.
Модар ба сухани падар эътибор надод, балки вонамуд кард, ки парво надорад куҷо мераванд ва аз Баҳодур пурсид:
– Аспи тағи поятро намеҳарй?
– Ин аспи улогӣ не, – Баҳодур аспашро пошна зад.
Модар ба чашмаобе, ки аз канори заминҳо гузашта ҷониби поён меравад, зеҳн монд, аз дилаш гузашт, ки дар чеҳраи Мансур ҳам пушаймонию хавотирӣ ҳувайдост. Лекин сир бой намедиҳад. Кошки дар давоми ду-се моҳ баргашта ба хонаамон биёҳем. Ӯ даст ба китфи Ҷовид ниҳода гуфт:
– Моро хонаи амаки Мирзоумед мебаранд. Мирзоумеду падарат дар мадраса ҳамроҳ мехонданд. Дар тӯйи калон бо занҳояшон омада буданд. - Намои табассум карда афзуд: -Он рӯзҳо ҳеҷ аз хотирам намераванд. Ҳамаи шаҳрро хабар карда будем. Мардуми беруна чӣ қадар омад, касе ҳисобаш наменамуд. Даҳто зан ҳашт рӯз аз даҳони танӯр дур нашуда нон мебастанд. Занҳои Мирзоумед ҳам дар нонбандӣ ёрӣ карданд. Барои меҳмонҳои аз берун омада бисту як ҷома дӯхтем. Камӣ кард, падарат рафта аз бозор боз бистто харида оварданд. Ҳашт рӯзи тӯй, мо на шаб хоб рафтему на рӯз...
– Амаки Мирзоумед ду зан доранд?- пурсид Латофат.
– Аз зани аввалаашон Гулсум фарзанд намешавад, зани дувум мегиранд, номаш Зулайхо. Се фарзанд мекунад. Ду нафарашон дар кӯдакӣ нобуд мешаванд, як духтарашон дар ҳаёт аст.
Онҳо наздики офтобзард ба деҳа даромаданд. Дар даромади деҳа байни замини кушод хонаи зебои навпӯшидааст. Як гурӯҳ мардикорҳо атрофи онро девор мебардоранд. Девор қади одам хеста бошад ҳам, боз баланд мебардоранд. Аз бино онтарафтар ҷойхона намудор, катҳо серодам, баъзе гурӯҳҳо картабозӣ доранд, баъзе сӯҳбат кардаю баланд механданд. Аз байни онҳо амаки Мирзоумед ҷудо шуда, тез-тез қадам зада ба пешвоз омаданд. Ба хотири Ҷовид омад, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё