Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бибигул назди бачаҳо дастархон партофта, ғур-ғур кард: «Шаҳрро бефайз карданд! Баҳонаашро бинед. Шаҳр бефайз нест! Ту аз кори кардаат дар тарсӣ! Гуфтам, ки бадӣ накун, ки бадӣ даҳчанд шуда ба сарат бармегардад, гӯш накардӣ. Ва ҳамаро дар бало мондӣ. Акнун сакалтуҳо барин сарсону дарбадар шуда гард!» Ӯ овози хохараш Суманро шунида берун баромад. Дар берун занҳои ҳамсоя низ ҷамъ омадаанд.
– Бибигул, зудтар баргард, – гуфт Суман.
– Як ҳафта пас гашта меоям, – Бибигул назди ҳамсояҳо худро хушҳол во-намуд кард.
Он лаҳза ба хотири касе намерасид, ки ин вопасин дидорашон аст.

Аробаи сафаракиҳо ба сӯйи офтоббаро роҳ гирифт. Дар роҳи сангфаршкарда аробаи вазнин баланд садо бароварда мерафт, баъзан ба чапу рост тоб хӯрда оҳану чӯб ба ҳам совиш хӯрда ғичиррос мезаданд. Баъде, ки ними кӯчаи Азими Хоразмӣ ва бинои Қаландархонаро гузаштанд, Мансуру Баҳодур ба аспҳо савор шуданд. Баҳодур ба аспи шаб овардаи падараш савор шуд. Дар болои аспҳо хӯрчинҳои пурбор ҳам ҳаст. Дар байни сафаракиҳо фақат Ҷовид хурсанд аст. Ӯ болои ароба, байни модару Латофат нишистааст. Ҳар замон аз ҷояш хеста, “ин хонаи холаам, ин хонаи Шукури зард, ин хонаи фалонӣ” мегӯяд ва модар аз бари ҷомаш мекашад: «Бишин, ки меғалтӣ!» Кӯчаҳои пуродами мобайни шаҳр, сафаракиҳо аспу уштурсавор ки ба шаҳр дохил шудаанд, нигоҳашон ҷониби қасру гунбазҳост, аробаҳои ҳарранга бо ҳой-ҳойи соҳибонашон, касру гунбазҳои зарҳалин ва рангин, ки офтоби пагоҳӣ нав ба бомашон расидааст, аспу улогҳои бордори назди бозорҳо, қатори нонфурӯшу нишоллофурӯшҳо, ки молашонро таъриф доранд, устое ки марди қаландарнусҳаеро дар даромади бозор чорзону шинонда мӯи сарашро метарошад, занҳои фаранчидор ва камзулу яктахҳои дароз ба бар, ки дар дуконҳои он сӯи роҳ равуо доранд, ҳама барои Ҷовид ҳайратоваранд.
Дар гардише ки роҳ танг мешавад, аробакаши онҳо марди қаддарози чеҳрааш дар офтоб сӯхта, саллаи фарсудааш ба гардани сип-сиёҳи пуроҷангаш фаромадааст, ба аробакаши чашмсурхе пӯписа мекунад: “Албастӣ, аспатро он сӯ гири намешавад?!” Чашмсурх лом нагуфта, аробаашро ба гӯшаи роҳ мебарад.
Аз назди хонаҳои пасти канори шаҳр, ки гузаштанд, киштзорҳои ҳосилашон ғундошта шурӯъ мешаванд. Оби ҷӯйборҳои ҳар ҷо бандшуда ба заминҳо гаштаанд. Кӯдакони пойлуч, бо куртаҳои дарида дар заминҳои ҳосилашон даравида мол мечаронанд. Як гурӯҳ кутиеро нишона карда аз дур санг мепартоянд. Мазмун мусобиқа мекунанд. Села-села ғунҷишкон бо шӯру садо аз як гӯшаи замин ба дигараш мепаранд. Тирамоҳ дашту тепаҳоро рангҳои сурху зард молида, нав ба охир расондааст. Вале роҳ аз савораю аробаҳо пурҷанг аст. Хоки сурмамонанд аз зери чархи ароба хеста, ба сару рӯ мешинад. Ҳангоме ки аз байни заминҳо мегузаштанд, қитъаеро диданд, ки дарахтонаш ҳоло ҳам мева доранд.
– Амаки аробакаш, аз ин олуҳо чида метавонем? – Ҷовид китфи модарро дошта рост хест.

пешина
аз 613
навбатӣ