Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҳозир нони гарм меорам,-гуфта назди танӯраш рафт. Зан болопӯши ҷо-ҷо сӯхта дар тан дошт, рӯйҳояро оташ сурхтар ҷилва медод.
- Келин, нонҳои болаззати шуморо шаб мехӯрем,-гуфт Мансур. -Ҳоло Ҷовидро ҳамроҳам гирифта, шаҳр меравам. Шаҳрро тамошо карда меоем. - Ӯ Ҷовидро бедор карду ҳамроҳ ба кӯчаи калон баромаданд. Мансур қарор дод, ки субҳонаро дар чойхонаи назди майдони Регистон мехӯранд. Ҳангоми аз хонаи Низом - маҳдум баромадан дида буд, ки соҳиби чойхона аллакай болои катҳоро рӯбучин дорад. Дар он ҷо бозоре ба номи Бозори Нав ҳаст. Бояд нони гарму нишолло дошта бошад. Ҷовид нишоллоро нағз мебинад. Онҳо кӯчаи Лаби Рӯдро гузашта, аз паҳлуи мазори Хоҷарӯшной ва хонаҳои кӯҳнаи пастак ба кӯчаи Наддофон даромаданд. Ин ҷо дар ҳар тараф хонаҳои оташгирифтаро мебинӣ. Бӯи дуд ба димоғ мезанад. “Ҷовидро намеовардам, хуб буд,” фикр кард Мансур. Ва зуд аз фикраш гашт. Бигзор шаҳри вайронаро бинад. Ин рӯз ин ҳолро дар хотир сабт кунад.
Одамон дар кӯчаҳо торафт бештар мешаванд. Ва маълум, ки ба тарс роҳ мераванд. Яқин, овозаи “амир гурехтааст” мардумро бесаранҷом кардааст. Машкобону ҳаммолону хизматгорон нав ба кор шурӯъ кардаанд. Сафи аробаҳо низ зиёд мешавад. Аробае мурда мебарад. Аробакаш марди қадбаланд, саллай карбосиаш дар паси сар, лаҷоми аспи бодпоро ҳарвақт кашида садо медиҳад: “Калта, оҳиста!” Соҳибони мурда ҳашт-нӯҳ нафар аз пас равонанд. Хурду бузург дар даст асо доранд. Миёнҳо баста. Марде, ки риши сафед дошт, аз ақиби ароба дошта оби дида резон қадам мезанад. Аз кӯчаи Наддофон низ ҳамин гуна аробаи мурдакаш пайдо шуд. Дар ақиби кӯча боз ароба ва одамони миёнбаста намудоранд. “Барои ин тоифа имрӯз кор бисёр аст. Мурдаҳои аз дирӯз мондаро ба гӯристон мебаранд. Мегӯянд, ки дирӯз аз ваҳму тарси баъзе занон ҳамлашонро гузоштаанд, баъзе ҷони ширин додаанд. Ҳангоми ки ба кӯчаи Баракат тоб хӯрда, ба сӯи марказ мерафтанд, ҷо-ҷо аз хонаҳо садои навҳа шунида мешуд. Ин овозандозиҳо барои фавтидаҳои дирӯзу рӯзҳои пеш аст. Мансур аввал ба бозор даромад. Назди дари бозор чоши ҳарбуза намоён аст. Соҳибаш, ҷавони навчаи зардина, ҳанӯз болои ҷомааш масти хоб. Ҷавон ки ҳаст, бепарво хоб аст. Ҳарбузаҳояш, ки аксар пӯлашудаанд, кам ба савдо рафтаанд. Дар дохил бозорақиҳо акнун як-як пайдо мешаванд. Ҷавоне гиребони куртаи берангаш даридаю кашол буд сабади нони гарм дар китф омад. Мансур нон гирифту нишолло наёфта ба чойхона омад. Он ҷо марди рӯйпаҳне танҳо нишастааст. Катҳо рӯфтаю атроф обзада, вале самоварчӣ наменамояд. Кор кардани самовараш ҳам маълум не.
- Ин ҷо хӯрок дошта бошад?- Мансур болои кате ҷой гирифт.
- Ин ҷо хӯрок надорад,-гуфт рӯйпаҳн ва ҷониби Ҷовид зеҳн монда афзуд:
-Хӯрок форад, ба чойхонаи назди дарвозаи Мусаллохона равед. - Шумо ҳам мусофир?
- Ҳа, мо аз кӯҳстон, мардикорӣ омадем. Мо дуздӣ баромадему маҳтобшаб шуд. Омадему ҷанг шурӯъ шуд.
Дар рӯбарӯ, дар он тарафи роҳ, масҷиде намоён аст, ки гунбади зебои осмониранг дорад. Аслан гунбадҳоро аз санги рухом месозанд. Ҳоло дар болои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё