Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
- Албатта, бо Москва ҳам маслиҳат карданд-куя. Москворо ба гап дароварданд.
Мансур чизе гуфтанӣ шуд, ки Раҳими қассоб даромад.
- Ин дафъа салла баста омадед? - Низом махдум ба пешвозаш хест.
- Аз масҷид омадам, - гуфт Раҳим. - Бе салла равед, домуллоимон киноя мекунад.
- Рост, муллоҳои мо дар киноя усто.
Ба хотири Мансур омад, ки солҳои охир раҳматии падараш мудом мегуфтанд, ки “салла банд, салла зеби мард аст, салла суннат аст». Вале Мансур набаст, салла бандад, худ ба назараш хандаовар менамуд. Ба дилаш омад, ки аз афташ давраи саллаю селоку дар кунҷи масҷид нишастану ҳафтияк хондан гузашта рафт. Мисли дигар мардум аз пайи илму дониши замона бояд шуд. Мисле ки русҳо таърихи моро медонанд, мо ҳам бояд таърихи онҳоро донем, таърихи дигарҳоро ҳам донем. Устодаш Мавлоно Сайфуддин мегуфт, ки чашми дилата илми таърих мекушояд.
Субҳи барвақт Мансур аз садои боз шудани дарвоза хеста, гуфтугӯи Низом махдум ва бародараш Давронро шунид.
- Амир Олим дирӯз гурехтааст.
- Кӣ хабар овард?
- Мо дина шаб ин хабарро шунидем. Ин пагоҳӣ дар масҷид ҳам гуфтанд.
- Як худаш рафтааст?
- Мегӯянд, ки наздикону муҳофизонаш ҳамроҳаш будаанд.
Мансур зуд ҷомаашро ба китф гирифта, берун баромад. Дилашро изтироб фаро гирифт. Фикр кард, ки инаш ҳам мисли бекҳои авлодаш гурехт. Аз инҳо дигар чӣ чашмдор мешавӣ? Акнун шаҳр бесоҳиб ва бедарвоза шуд. Андешае, ки мабодо армияи сурх зада ба шаҳр дарояду хона ба хона бойӣ душман ҷӯяд, безобитааш кард. Қарор дод, ки таҳорат мекунаду намози бомдодро назди писараш рафта мехонад. Дирӯз Ҷовид мурдаҳои роҳро дида сахт тарсид... Ба ҳавлӣ баромада аз Низом-махдум пурсид:
-
Русҳо шаҳрро печонда гирифтаанд, ҳамаи дарвозаю роҳҳо дар дасташон, амиру одамонаш чӣ гуна баромада мерафтаанд?
-
Ин манғитҳои дайюс роҳи пинҳонӣ ҳам доранд, - гуфт Низом-махдум. Як вақт гӯшам дода буд, ки аз ҷониби шарқии Арк то Ситораи Моҳи Хоса роҳи зеризаминӣ ҳаст. Дигар ин ки як халта тилло диҳад, худи сардастаи рус бо иззату икром бароварда гусел мекунад.
-
Мегӯянд, ки амир дар Ситораи Моҳи Хоса будааст, аз ҳамон ҷо гурехтааст, - афзуд Даврон.
-
Дафъ шудагиш хуб шуд, - гуфт Низом-махдум. - Шояд болшевикҳо бомбаборонро бас кунанд.
-
Куҷо шудед? Мирзоумед кофтанатон бозор рафтанд. - Зулайхо аз назди танӯри пуроташ омада, ба суфаи таги тут кӯрпача партофт. - Марҳамат кунед,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё