Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

даштӣ барин руст шудан! Ба ҷойи шумо дигар кас мебуд, кайҳо рафта худро ба амир месупорид ё ба дор меовехт! Ё дар шумоён чунин ҳиссиёту ҳайсият нест?! Ва ба ҳамон лаҳн ба як қалмиқнусха ҳамроҳаш фармуд: – Фаҳмон гуфтаҳои маро ба ин чурқаҳоят!

Файзуллоҳ ба қалмиқнусха фурсат надода бо лаҳни тез ҷониби Панин гуфт: – Ту худ кӣ ҳастӣ? Канӣ гум шав аз ин ҷо! – Ӯ бепарво аз зинаҳои вагон поён шуда афзуд: – Ман назди амир меравам ё намеравам, ҳеҷ гоҳ бо ту баринҳо маслиҳат намекунам. Мувофиқ ба худам маслиҳатгар дорам!

Панин даступо хӯрд. Яқин ӯ чунин бархӯрдро чашмдор набуд. Сарулибоси урупоӣ ва ба русӣ сухан кардани Файзуллоҳ ба ӯ таъсир кард. Вале ӯ зуд худро ба даст гирифта, аз аввала ҳам сахттар фарёд зад: – Ин бешарма бин! Ту ба ҷои он ки узр пурсӣ! – Ӯ пеш омад. Ҳамроҳонаш ҳам омаданд. Ба ситез зинаҳоро тохта баромаданӣ шуд, ки ман аз дари вагон поён шуда, пеши роҳашро доштам.

– Мужик! Мурдан мехоҳӣ?! — Панин аз гиребонам дошту сахт поин кашида, чарх занонда дур партофтанӣ шуд. Бешубҳа ӯ ҷавони пуркувват буд. Дастонаш мисли оҳан вазнин ва сахт буданд. Вале ман ҷаққонӣ карда, аз гиребони нимтанаи зардрангаш доштам. Ба зӯрӣ маро тела дода бурда, давори вагон тамба кард. Ҳамин вақт ба чашмам афтид, ки рӯи паҳнаш пукаҳои сурхшуда дорад. Ду маротиба ба банди поям зад, ки қариб меафтидам. Мехост гиребонашро раҳо кунад. Ман сар намедодам. Яқин ӯ ният дошт, ки чор-панҷ нафари моро ҳаво дода худро нишон медиҳад, ки тираш хок хӯрд. Рафиқонаш ким-чиҳо гуфтаҳо ӯро бештар ҳадаҳа кардаю мешӯронданд. Кадоме аз ҷониби мо ҳам маро насиҳат кард: “Низомбой, ба ҳамон беадаб баробар нашавед!” Аммо ман фурсат ёфта, бо зону ба шиками Панин ду маротиба задам. Дами Панин паст шуд. Яке аз рафиқонаш наздик омада, ёри карданӣ буд, ки ба ӯ шиддат карда, намонд. Мо боз каме кашокаш кардему коргарони роҳи оҳан ҷудомон карданд. Онҳо дар даст калидҳои калони таъмиргарӣ доштанд: тарафи моро гирифтанд. Ба Панин гуфтанд, ки назди амир рафтан лозим бошад, ҳамроҳ меравам. Қариб байнашон кӯбокӯб мешуд. Панин ҳангоми рафтанаш маро пӯписа кард: “Ин охирон рӯзи ҳаётат. Пагоҳ мурдаатро аз ин ҷо мебаранд. Кор то пагоҳ нарасид. Нимрӯзӣ садои “Омаданд! Ура! Ура!” баланд шуду бароем, аз Тошканд як баталион аскар омадааст. Хуб, ки хӯрок ҳам овардаанд. Ҷавонони мо ҳам баромада баробари онҳо кулоҳпартоию хурсандӣ карданд. Баъзе калонсолҳо аз аламу хории кашидаашон гиря карданд. Баъд дар интизору изтироб афтоданд, ки оқибати кор чӣ мешавад? Соат гузашту Колесов хабар овард: аз Тошканд фармон шуд, ки аз амир товони ҷангро гиред. Ва фармон диҳед, ки зуд роҳи вайронкардаашро таъмир кунад. Ҳар қадар туфангу тире дорад, ба мо супорад, то минбаъд ҳавои ҷанг ба сарашон наояд.

– Ҳамааш ҳамин? – Мо чӣ кор мекунем? Шумо моро фаромӯш кардед? – пурсид Файзуллоҳ Ҳоҷа.

– Вазъияти шуморо фаҳмондам, – гуфт Колесов. – Аммо калонҳо ба таъкид гуфтанд, ки зинҳор, ҷанг накунед. Дар дигар фронтҳо аҳволи қӯшуни Русия нохуб будааст, ҷанг ба амир сарборӣ мешудааст. – Пас ӯ гапро ба дигар сӯ

пешина
аз 613
навбатӣ