Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Аз ҷониби амир ҳайъат омада буд, нав ҷавоб додам, – гуфт ва овозаш паст кард. – Талабашон ҳамин, ки пешвоҳои ҷавонбухориҳоро диҳед. Худаму ёрӣ кардаю роҳатонро дуруст мекунем. Ба онҳо гуфтам, ки ба амиратон расонанд, ман ҳеҷ гоҳ ба чунин бешарафӣ роҳ намедиҳам. Лекин мушоҳида кардам, ки онҳо ин дафъа бо мулоиматӣ сухан мекарданд. Он такаббуру ғурури пештараашон набуд. – Ӯ андешаманд ба замин нигарист. Маълум буд, ки боз гуфтани дораду истиҳола мекунад.
– Раҳмат ба шумо, – гуфт Файзуллоҳ Хоҷа. – Шумо дар ин рӯзҳои вазнин пуштибону умеди мо будед.
Боз кадоме изҳори миннатдорӣ карданӣ шуд, ки Колесов суханашро бурида гуфт:
– Ба ҳамроҳонам фармудам, ки ин хабарро ба касе нарасонанд. Алҳол шумо аз вагонҳо берун набароед. Ҳоло мардум мисли саги девона ба ҳама қабоиҳо қодиранд. Фармоед, ки дигарҳо низ набароянд.
Дар ин асно овози зане «додош чойника гиред» шунида шуду Низом маҳдум нақлашро қатъ карда хест.
Кенҷагии Низом-маҳдум, Садаф, ду даста чойникро дошта оварду аз паси дар боз овози зан омад.
– Хӯроки шуморо овардам, – ман як табақ хӯрок гирифта хонаи амакам меравам – гуфт зан. Зан «амакаш» гуфта яқин додари Низом маҳдумро дар назар дошт. Аз рӯи таъомул тоҷикон дар азодорӣ се рӯз дег рӯи оташ намемонанд.
Хешоҳу ҳамсояҳо хӯрок мебаранд.
Низом маҳдум дар даст табақи гӯштбирён даромад.
– Колесов дар суханаш устувор будааст, - Мансур ба самте нигарист ва фикр кард, ки дар байни русҳо одамони нағз бисёранд. Рафиқаш Фёдор ҳамчунин тоифа аст. Баъзан, ки дар газетаашон мақолаи танқидӣ оид ба урфу одат ё давлатдории Бухоро чоп мешуду Мансур эътироз мекард, вай хандида дӯстона мегуфт: “Шумо ба мақолаҳои таърифӣ эътибор надиҳед, танқид созанда аст.
Ҳоло фикр кунад, суханаш ҳақ аст. Лекин дар байни русҳо бадаш ҳам ҳаст. Он ғуладинге, ки хонаашро гирифт, тоссаре ки ба куштани Баҳодураш даст дод, аз қабили бадҳоянд”.
– Бале, мо ҳама он марди озодаро нағз дидем, - гуфт Низом - маҳдум ва ба хӯрок ишора карда, афзуд: - Вай гуфт, ки суханони ҳайъатро ба касе нарасонанед. Вале пеши хабарро дошта мешавад? Бегоҳирӯз мо аз кашондани рельсу шпалаҳо монда шуда, ҳамроҳи Файзуллоҳу ду-се нафар калонҳо болои зинаҳои вагон меистодем, ки як гурӯҳ ба сарамон омаданд. Пеш-пеш ҷавони зардину қавипайкар меомад. Чунон кушод-кушод даст партофта қадам мезад, ки мегуфтӣ замин меларзад. Дар ҳамон лаҳза овози кадоме аз рафиқон ба гӯшам даромад:
“Пеш-пеш Панини шӯрапӯшт меояд.” Ман он вақт аз куҷо медонистам, ки Панин кист. Баъд фаҳмидам, ки вай дузди дар зиндонҳо нишастаю муштзани гузаро будааст. Дар вокзалу поездҳо зӯрӣ карда, пулу чизи мусофиронро мегирифтааст.
Гурӯҳ наздик омаду Панин ба овози тези буранда гуфт:
– Ҳой, шумо ҷадидҳо ҳастед, ки ҳастед, фаҳмидед, ки амиратон талаби шуморо кардааст? Бас будааст таҳаммули моро санҷидан! Азоби моро дидану му-.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё