Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

гирёнро дида, намедонистем худамонро дар куҷо паноҳ кунем. Аммо рӯзҳо ҳам бадтар ҳанӯз дар пеш буданд. Ҳар лаҳза хабарҳои шумтар мерасид.
“Дар Когон хонаҳои урусҳоро тороҷу толон кардаанд. Ба деҳаҳои тиршин зада даромада, чизу чораашонро гирифтаанд!” Ин хабарҳо ғазабу нафрати ҳамроҳонамонро ба мо бештар мекард. Рӯбарӯ меомадем, моро рӯйрост туф карда, дашном мекарданд: “Ба ин ҳол шумо моро гирифтор кардед. Шумо аз зиндагии осудаамон маҳрум кардед! Умре азоб кашида, хонаю дар кардему аз касофати шумо ҳамаро барбод додем! Ислоҳотатон сари худатон ба мехӯрд!”

Мо на фақат аз ҳамроҳонамон таънаю дашном мешунидем, аз назди ҳар деҳа, ки мегузаштем, хабар меомад ки ҷадидҳоро доштаю зада-зада кушта, хонаашонро оташ задаанд. Баъзан дар симчӯбҳои сари роҳ ҷасади луб-луби симпечкардаи онҳоро медидем. Аз баъзе деҳаҳо бо шоҳаю калтакҳо ба сари мо меомаданд. “Наҳсиятон ба мо зад” гуфта, чи дашномҳо медоданд. Дар вагончаи мо ойнаи сиҳатро намедидӣ. Дар деҳае, ки Мазор ном дошт, муфтию оқсақол гирдашро, ки ба ҷадидӣ ном бароварда буданд, бараҳна кардаю аз гардан ва аз пасашон чӯб зада, дар шоҳи дарахт овехтаанд. Ҷавони тахмин бистсола, дастонаш ба пушт баста. Пешони ва як бари рӯия лойолуд. Ресмони аз гарданаш овезон карда дароз аст: шамол мурдаро мебарад, мурда тоб хӯрда меояд. Агар мол тез шавад тобхӯрдаи мурда ҳам тез мешуд. Аз паси мурда хун фурӯ рафта, пояшро тар кардааст. Ин бечораҳо фақат барои он ки дар сӯҳбатҳо ҷонибдори мактаби таълимоти нав буданд, китобҳои дигар динҳоро ҳам хонед мегуфтанд, Ба чунин ҷафо гирифтор шудаанд. Замҳои дигар вагонҳо ҷониби мо дод мезаданд, ки шуморо чунин кардан даркор! Шумо ба чунин шамандагӣ сазоворенд, на ин бечораҳо! Ин ҳамаро дидану тааммул кардан осон набуд. Дуо мекардем, ки кош замин кафаду моро фурӯ барад, ки инчунин қабоҳату хориҳоро диданему нашунавем. Колесов се маротиба одам монд, ки сулҳ кунем. Амир салом гардонд, ки ҷавонбухориҳоро месупорӣ, пас сулҳ мекунем. Рӯзи панҷум охири шашум, духтарчаи тахмин чорсоларо, ки баъзан ҳангоми аср ҳамроҳи модараш ба палточаю кулоҳи сабзашро пӯшида, беруни вагон мебаромаду пас гиря карда дарамадан намехост, дар паҳлӯи релс гӯронданду модараш бо мӯйҳои парешон фиғон бардоштаю омада вагони моро ба муштҳояш зада гуфт:

– Рӯй паноҳ кардаед, рӯйҳоятон дар гӯр! Хуни духтарамро аз шумоён, касофатҳо, мегирам! - Ӯро мебурданд лаҳзае пас боз гирёну нолон омада ба хонаашро такрор мекард: “Хуни духтарама аз шумо мегирам, чурқаҳо!” бисёр маротиба омада чунин суханҳо гуфт.

– Таҳқир ҳам ҳад доштагист, - гуфтанд ёрон.- Аз ин ҳоле, ки дорем, рафта худамонам ба амир супорем, хубтар аст. Гурӯҳе аз вагон баромаданӣ шуданд, ки калонҳо пеши роҳашонро доштанд. Ман се нафари онҳоро мешинохтам. Онҳо бойбачаҳои Бухоро буданд. Яке писархолаи Файзуллоҳ Хӯҷа Шарифхоҷа буд.
Се рӯз пеш бародараш, ҳангоми ки шпала бардошта мебурд, аз гарданаш хун хӯрда, баъд аз нимрӯз мурда буд. Шарифхоҷа дасташро силтав додаю гирякунон Файзуллоҳро дошта, бо ғазаб фарёд зад:

– Маро ба ин бозиҳои ҳаром ту овардӣ! Ба ту, шайтон, бовар кардам, ки фаҳмидам, ки мансаб мехостӣ! Барои мансаб моро ба ин рӯз расондӣ!

пешина
аз 613
навбатӣ