Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мудааст, ки ин тараф то Чорҷӯй, он тараф то Кармина, ҳар ҷое тавонанд, роҳи оҳанро харобу вайрон кунанд. Пулҳоро кананд. Мансабдорон аҳолиро хезонда, то саҳар кор фармудаанд. Ба релсҳо аспу уштуру букқаҳоро баста, аз ҷойҳояшон беҷо карда, баъзан ҳашт-даҳ қадам, ҳатто бештар кашида дур бурдаанд. Шпалаҳоро кандаю алов сар додаанд. Сими телеграфро буридаанд. Стансияҳоро бо биноҳояшон зада хароб кардаанд. Баъзеро оташ дарзадаанд. Дар деҳаҳо касе ҳаводори ҷадидҳо будааст, задаю чизу чораашро толон кардаанд. Ва талабгори ҷанг шудаанд. Тамоми муллобачаҳои Бухоро корду калтак гирифта баромадаанд. Рӯзи қиёмат ба сарамон омада буд. Мо ҳам, ки дигар чора надоштем, ба ҷанг камар бастем. Русҳо моро танҳо нагузоштанд. Ҳамроҳ истоданд. Пулемётҳо хуб кор медоданд. Ҷанг то гашти рӯз давом карду хабар омад, ки тиру снарядҳо кам мондаанд. Мо маҷбур шуда, ақибнишинӣ карда, ба Когон омадем. Он ҷо маҷлис барпо кардем. Колесов бо Файзуллоҳ неши забон кард: “Гуфтед, ки ҷангро шурӯъ кунем, аз дохил сӣ-чил ҳазор ёронамон мехезанд. Як нафар ақаллан баракалло нагуфт!” Файзуллоҳ Колесовро мулзам кард. “Фёдор Иванович, ваъда кардед, ки барояшон силоҳ медиҳед. Силоҳи шумо оварда хатто ба мо нарасид!”

Ӯ одамони худиро ҳам тасаллӣ дод. Гуфт, ки русҳо то он рӯз, ки подшоҳашонро ғалгонанд, сад сол ҷонканӣ карданд. Чӣ қадар рӯшанфикрон қурбон шуданд. Ҷавонтуркон сӣ сол талош карданд. Онсӯтар Франсия равем, боз бештар... Шумоён мехоҳед дар се сол соҳиби давлат шавед?

Дар он ҷамъомад бисёриҳо изҳори тарс карданд, ки минбаъд ҷосусони амир ба оилаҳомон зарар мерасонанд. Эҳтимоли ин корҳо буд. Чунки пештар ҳам ҳарвақт чунин воқеаҳо рух медоданд. Қарор шуд, ки вагон ҷудо карда шавад, то ки ҷавонбухориён оилаҳояшонро аз Когон ба дигар шаҳрҳо баранд. Русҳо гуфтанд, ки мо ҳам ҷанг кардем, мо ҳам аз каллабурони амир эмин нестем, мо ҳам то яктарафа шудани кор аз ин ҷо оилаҳомонро мебарем. Пагоҳӣ дар вокзал чунон бесарусомонӣ шуд, ки мегуфтӣ рӯзи маҳшар аст. Коргарони роҳи оҳан, ҷавонбухориҳои дар се-чор соли охир ба Когон гуреза шуда, мардуми рус ва русизабонҳое, ки муқими Когон буданд, яҳудиҳо ҳама саросема чизу чораашонро кашонда, ба вагонҳо бор мекарданд. Тамоми вагонҳои хобрафтаро, ҳатто таъмирталабро ба кор дароварданд. Қатори вагонҳо то даҳ-дувоздаҳ километр тӯл кашид. Рӯзи сарди шамолу борон буд, берунтари Когон рафтему ёфтем, ки роҳро кандаанд. Маҳалли истодан набуд. Обу нони зиёд надоштем. Устоҳои роҳи оҳан, ки ҳамроҳи мо буданд, аз пеш-пеш релсу шпалҳоро канда, даст ба даст дода, устувор карда андак-андак мерафтем. Қӯшуни амир моро аз пасу пеш таъқиб мекард. Имдодгари мо пулемётҳо буданд. Дар паноҳи онҳо роҳро таъмир мекардем. Баъзан мешуд, ки коргарҳо тир мерасид. Мо ба тани худ коргарҳоро ҳифз мекардем. Байни худ мегуфтем, ки ба мо тир расаду ба онҳо нарасад. Якчанд рафиқҳо тир хӯрданд. Яке писархолаи Файзуллоҳ буд. Онҳо ду бародар он ҷо буданд. Чунун даруни ҳамаи вагонҳо пури мардум зан буд, ҳар рӯз кӯдакҳо мемурданд. Онҳоро аз вагон бароварда, реги паҳлуи релсро кофта, мегӯронданд. Мо ҳарчанд зиёд кор кунем ҳам, мардум ба мо бад-бад менигаристанд. Ба ин кор ҳақ ҳам доштанд. Мо назди қатор ё зинаҳо гурӯҳ-гурӯҳ занҳои

пешина
аз 613
навбатӣ