Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Дарро ба рӯйи онҳо Зулайхо кушод, Мансурро бо писараш дида, ҳам хурсанд шуд, ҳам оби дида карда, бо оҳанги таъна гуфт:
– Қудоҳо, маро аз ватанам оварда дар шаҳри бегона, байни тиру оташ партофтед!
– Келин, кӣ медонист, ки ин ҷо чунин воқеаҳо рӯӣ медиҳанд? – Мансур мушоҳида кард, ки зан дар ин ҷо чеҳрааш хеле коҳидаю дар нигоҳаш тарс нишастааст.
Зулайхо аз дасти Ҷовид дошта, рӯбарӯяш нишаста, ба пазмониву меҳрубонӣ аз рӯяш бӯса карда, аз Мансур пурсид:
– Чаро димогаш сӯхтааст? Ё роҳи дароз мондааш кард?
– Роҳ бе азоб нест, – гуфт Мансур ва мушоҳида кард, ки хонаву дари чангзеркардаи Мирзоумед аз ҳузури зан озода шудааст. Ӯ афзуд: – Дар сари кӯчаатон хонаеро дидем, ки ба болояш бомба афтидаасту як гурӯҳ одамон мурдаҳоро аз зери хишту хок бароварда паҳлуи роҳ меҳобонанд. Ба мурдаҳо чашмаш афтиду тарсид:
– Тарсидааст, – тасдиқ кард Зулайхо ва сиёҳии дег об карда, маҷбур ба Ҷовид нӯшонд:
– Қайд кунӣ ҳам, майлаш, кушода мешавӣ, – гуфт ва саросема дар суфаи таги тут гилему курпача партофт, меҳмонҳоро шинонда атрофро об зад ва дар оташдони гӯшаи ҳавлӣ оташ афрӯхт. Гирумони зан мисли як каси наздик ва маҳбуб менамуд. Ӯ аз паси хона резон-резон чӯбу хас оварда гуфт:
– Аз дасти аэропланҳои касофаташон чӣ қадар одамон ҷон ба ҷаббор доданд... Худам ҳам овози шумашру шунавам, тану ҷонамро ларза фаро мегирад. Азъои баданам суст мешаваду сарамро ба куҷо панаҳ карданамро намедонам. Дар ҳамсоягимон як зан ҳаст, бечора овози аэропланро шунавад, рӯйи ҳам хоҷатхона медавад. Мегӯӣ Бухоро одаму нею мору каждум дорад, ки ин қадар тиру бомба мепартоянд. Зеҳн монам, дар ин се рӯзи ҷангашон дар ин гирду пеш сагу гурба намонд, ҳатто дарахтон зарду пажмурда шудаю аза гирифтаанд.
Мансур матлаби занро пай бурд: аз овози аэропланҳо тарсида рӯйи ҳам хоҷатхона медаваду онро ба номи ҳамсоя мегӯяд. Ӯ нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт:
– Мо намегузорем, ки минбаъд ба хонаи шумо бомба расад ва пурсид: – Мирзоумед дар куҷо?
– Ҳар рӯз ба ҷое, ки ҷанг аст, мераванд. Мегӯянд ки бояд дару девори шаҳрамонро муҳофизат кунем, – гуфт зан.
Дере нагузашта Мирзоумед омад. Ӯ парешону рӯҳафтода менамуд.
– Мо дуздӣ баромадему маҳтобшаб шуд, – Мирзоумед овозашро паст карда афзуд: – Зулайхо напаҳмад. Ин ҷо омада дарк кардам, ки аз балои осмонӣ гурехтан намешудааст. Ба кадом сурохие дарой, кофта меёфтааст. Бар болош ин хона... – Мирзоумед ба алам сар ҷунбонд. – Пеш аз омадани мо нархи хона ду баробар афзудааст. Барои харидани ҳамин ҳавлии нокиро ҳама пулеро, ки доштам, додам... Шаҳр аз гуреза лаб задааст. Аз тамоми Мовароуннаҳр меоянд. Русҳои бо болшевикон ҷанг кардаю гурехта ҳам бисёр. Ҳама чиз даҳ-понздаҳ маротиба қимат шудааст, бесоҳибӣ, беҳокимиятӣ. Ваҳму воҳима зерат мекунад. Дил аз пешомади номаълум мудом ҳавотир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё