Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Чернов мунтазири ҷамъ омадани дигарон нашуда, назди капитан, ки дар пеши қатор меистод, омада гуфт:
– Тани луч дар саф меистодӣ, барои ӯ хуб буд. Садқаи номи афсар шавӣ.- Ва боз ҳам ангезаи ба рӯяш муштзаданро кард, аммо худро дошта, илова кард:
-Ёронат дар муқобили душман, дар байни обу оташ!.. Чӣ гуна аз гулӯят арак мегузарад?... Рус ин хел бешараф набуд!
– Рафиқ майор, дар оинномаи хизмати дохилӣ хӯрокхӯрӣ манъ нест.- Дигар ин ки ман афсари одӣ нестам... Ҷонишини...
– Ҷонишин! -Тоқати Чернов дигар намемонад. Бо қаҳр рафта пагонҳои капитанро канд. -Ту, бадзот, даматро мегирӣ ё не?! Ба туфангаш даст бурд.- Агар боз даҳонатро кушоӣ, мепаронам! -Ва дар ҳолате, ки аз ғазаб лабҳояш меларзанд, рӯбарӯи саф қадам зада назди сарбози калакалоне истода, афзуд:
-Шояд ин лаҳза дар ҷоят будани ту зарур бошад?-Назди дигаре рафт...-Шояд ба як тире, ки ту мебарӣ, рафиқат интизор аст?!- Ва боз нигоҳаш ба капитан афтиду бо ғазаб наздаш рафта бо таҳдиду таънаи бештар гуфт: -Рус рафиқашро танҳо намегузошт! Армияи сурх рафиқашро дар мушкилӣ танҳо намегузорад!
-Ва рӯ сӯи саф кард:-Ҳама зуд ба қисмаш баргардад!
Дар ин асно аз байни боғ сарбози зардинаи қавипайкаре калавида наздик шуд ва бо овози баланд, мисле ки вазъиятро мефаҳмонда бошад, даст ба гӯп бурда, гуфт:
– Рафиқ сардори ҷабҳа! Рафиқ Фрунзе! Агар Бухоро девор намедошт... Дар як ё ду рӯз ҳамаро задаю ғалаба мекардем! Вай девор не. Мегӯӣ, тилисм аст.
Бо тӯп мезанӣ, пушти нохун барин кӯлух мепарад...
Аз ошхона ду нафар баромада сарбозро кашола карда бурданд.
– Лекин командир, шумо калидафро ёфтед!-хап намешуд сарбоз.- Аэропланҳо қири ҳамаро бароварданд!
Чернов аз дарвоза берун шуда ҷониби Шоҳтемуров, ки аз пас меомад, гуфт.
– Минбаъд ин ҷо ба касе хӯрок намедиҳӣ! Ҳамаро берун карда, дарвозаро кулф кун!
Ҳангоме ки ба роҳ баромад дид, ки кӯшун ҳеле дур шудааст, аспҳоро тезонида ҷониби Степанов афзуд:
– Фрунзе беҳуда нагуфт, ки Бухоро ҳамаатонро афсун кардааст.
– Фрунзе дар куҷо чӣ воқеа рӯй медиҳад, дар кадом полк ё бригада кӣ чӣ мегӯяд, ҳамаро медонад. – Дар чашмони Степанов оташи тамасхур чароғак мезад.
Чернов андешид, шояд худи Степанов ҳам хабаркаши Фрунзе аст. Ҳаваси сӯҳбат аз дилаш рафт, аспашро маҳмез зад.
Онҳо гашти рӯз бо аспҳои мондашуда ба Бухоро наздик шуданд. Тасфи ҳаво баланд буд. Роҳ ва ҳавои атроф пурҷанг аст. Деҳқонони таҳҷиро дар роҳҳо мебинӣ, ки маҳсули деҳқонишон дар арабаҳо бор карда баъзе дар пушт гирифтааст куҷое мебаранд. Дар қади роҳ ҳар ҷо қисмҳои ҳарбӣ ҷойгиранд.
Сарбозон тӯпу пушкаҳояшонро бароварда, бо онҳо гирумон мекунанд. Ҷое қатор истодаанду сӯҳбат мегузаронанд. Яқин тайёрии ҷангро доранд. Аэропланҳо ҳоло намепаранд. Аз атроф ва паси девори пурсалобати шаҳр аҳён-аҳён садои парон-парон меояд. Аммо ғулбаи дуд аз ҳама тарафи шаҳр мехезад. Бӯйи тунди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё