Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

мақул шуд. Ошхона бинои барҳаво ва озода дорад, хӯрокаш ҳам батаъм. Наб ба хӯрокхӯрӣ шурӯъ карданд, ки «Фрунзе Черновро мепурсад» гуфта хабар доданд. Чернов ҳамроҳи Степанов ба коргоҳаш рафт. Фрунзе ба тундӣ, балки ба ғазаб сухан кард:

– Рафиқ Чернов, интизор шудед, ки ман занг занам?! Чаро супоришро иҷро намекунед? Ё Бухорои машҳур ҳамаатонро афсун кард? Дар сояи девораш хобатон бурд?! – Сухани Фрунзе оҳанги таҳдид дошт.

– Рафиқ сардори ҷабҳа, мо нав аз вагонҳо аспҳоро фаровардем.

– Чаро шумо асп мефуроред? – Фрунзе торафт ба шиддати бештар сухан мекард. – Кори шумо ба сардори ҷабҳа занг задану вазъиятро фаҳмондан! Нӯҳ дақиқа шуд ба расиданатонро! Супориш буд, ки расидан замон занг занеҳ.
Дар замони ҷанг як дақиқа корро ҳал мекунад! Ё шумо низомномаи ҷангро нахондаед?! Аслан дар масъалаи иҷрои супориш ҳоло алоҳида саволу ҷавоб мекунем! Афсарони ҷабҳаи Туркистон то ҳол ягон супоришро хуб иҷро накарданд! Мо нақша кашидем, ки дар як вақт аз чор тараф ба Бухоро ҳуҷум карда, ҳама бекҳоро дар қасру кушкҳошон медорем, амирро даст мегирем!
Аз нодонию ноӯҳдабароиатон ҳамаи бекҳо гурехтанд! Дониста гиред, ки ин бекҳо мисли князҳою ҳокимҳои Русия не, ки мағлуб шудан пас ба Германия ё Франсия рафта дигар наоянд. Инҳо Амударёро мегузаранду ҳар кадоме панҷ ҳазор - ҳашт ҳазор тарафдор ёфта, қасоситонӣ меоянд. Эшонҳошон бо сад шогирди каллабурашон омада, ҳатман шумоёнро ёфта пӯст меканад! Ва дигар корҳо ҳам мекунанд. Феълу хӯи ин мардум чунин аст! Аз ин рӯ, шумо шаҳрҳоро гирифтем гуфта аз худ наравед! Ҳоло ҳама барои бемасъулиятиатон дар назди суди ҳарбӣ ҷавоб медиҳед, фаҳмо?!

– Фаҳмо, рафиқ сардори ҷабҳа!

– Шумо ҳозир рораи инженериро ба назди Рубенов Борис Барберович равона кунед! Рубенов ҳоло сардори армияи 1-ум таъйин шудааст! Тасарруфи Бухоро ба зимашӯ гузошта шудааст. Ва худатон низ бо ҳамаи ҷузъу томҳои зердастатон рафта, фармони Рубеновро интизор шавед. Пагоҳ гурӯҳи шумо ба гурӯҳи Климов ва полкҳои савораи аз Тошканду Оренбург оварда ҳамроҳ шуда, қувваи асосиро ташкил медиҳед. Рораи 15-умро низ ба кор дароред. Зарбаи аввалро шумо мезанед!

– Хуб шудааст,- Чернов ба саҳн баромада бо ғазаб пичиррос зад: «Овоз шилдир-шилдири доирамоҳандат дар гӯр!»

Сарбозон дар канори перрон тахтапул монда охирин аспҳоро мефуроварданд. Чернов суханони Фрунзеро зери лаб такрор кард: «Дар назди суди ҳарбӣ ҷавоб медиҳед!» Зиндонии аҳмақ! Замони инқилоб шуду шумоён шӯрапуштҳои кӯчагӣ рӯи об баромадед! Ҳама командир... Қаҳрамон... Қадамашро тезонда ба Степанов шунавонда гуфт:

– Бекҳои ин ҷо навкарҳояшонро ба ҷанг сафарбар кардаю худашон либоси занона пӯшида, аз дари ақиб мегурезанд. Ман ин гуна феҳл доштани онҳоро аз куҷо донам?

пешина
аз 613
навбатӣ