Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ки дар оҳанги сухани Фрунзе он зарби пештара набуд. Ошуфта, бо ҳавотир сухан кард. Аз афташ, ҳуҷуми Бухоро мувофиқи нақша нест. Ё қувваи амир зӯрӣ кард? Ин фикрҳо худашро ҳам ҳавотир карданд.
Рӯзи дигар 31-уми август, бригада ҳамроҳи дигар дастаҳо дар соати ҳашти саҳар ба Когон расид. Аз вокзали Когон овози парвози аэропланҳо, парон-парони тӯпҳо, ҳатто таркиши снарядҳо шунида мешуд. Аз ҳар тараф ғулбаи дуд ба осмон мехест. Баъди аз вагонҳо фуровардани аспҳо маълум шуд, ки чор асп пойҳошонро зада маҳьюб кардаанд. Аз ҷумла аспи Манучеҳр ҳам лангида роҳ меравад. Сардори стансияи роҳи оҳан Степанов Александр Василевич, марди сафедрӯи айнакӣ, аспҳои захмишударо иваз кард.
— Мо саисхона дорем, галаи асп дорем, — гуфт ӯ ҷониби Чернов.
Манучеҳр ба таъкиди Першин нигоҳ накарда, аспашро иваз накард. Ба латакӯҳна шошида, ба ҷойи варам баст. Амон дилпураш кард, ки то пагоҳ асп нағз мешавад.
Степанов гуфт, ки барои ҷанговарон хӯрок омода кардааст, аввал наҳорӣ хӯрда, пас ба роҳ бароянд. Ва раҳораҳ афзуд: — Имшаб мо полки 5-уми тирандозӣ, батареяи 3-ум, як полки савораи аз Тошканд омадаро қабул кардаю ба ҷойи таъйиншудаашон гусел кардем. Ба полки аз Тошканд омада низ хӯрок додем.
«Маълум мешавад, ки ахбори ба Фрунзе расида дақиқ набудааст. Ё аз Афғонистон ба ёрӣ омадаанд?» андешид Чернов ва ба рӯи сергӯшти тозатарошидаи ҳамроҳаш зеҳн монда пурсид: — Қувваи амир бисёр аст? Ҳоло ҷанг давом мекунад?
— Гумон намекунам, ки қувваи амир зиёд бошад. Зиёд ҳам бошад, аэропланҳо таносубро ба тарафи мо гардонданд. Онҳо хеле ҷойҳои намоёни шаҳрро заданд. Рӯҳияи аскари амирро онҳо шикастанд. Дигар ҷангҷӯйҳо ҳам, ки кори аэропланҳоро диданд, умедашонро канданд.
— Пас чаро рӯи ҳам ин қадар қисмҳо меоранд?
— Инро Фрунзе медонад... — Степанов кифт дарҳам кашид. — Шояд барои он ки ҷанг тӯл наказад? Ё барои доштани амир бошад. Дар масъалаи оварду бурди қисмҳо ҳеҷ мушкил нест. Онҳоро поезд меорад, ду-се рӯз ҷанг мекунад, боз ба ҷойҳошон бармегардонад.
— Аз афташ, девори машҳури Бухоро мушкилӣ эҷод кард, — Чернов табассум кард.
— Барои пиёданизом эҷод кард-куя. Аэропланҳо намешуданд, ба ин наздикӣ ба шаҳр даромадан наметавонистед. Девор санг барин сахт аст. На бомба мегирад, на тири тӯп. Даҳ метр баландӣ дорад. Аз ҷониби дарун аз байнаш аробаҳо равуо мекунанд.
— Оҳ-о! Аҷиб-ку! Чанд сол боз ин девор вуҷуд дорад?
— Аз ҳазор сол бештар. — Шояд то охири ҳафта ҷанг ба охир расад. Меравем, худатон аҳволро мебинед. — Степанов шаб хоб нарафта, қисмҳои навомадаро қабул карда, ба ҷойҳои таъйиншуда роҳӣ карда монда шуда бошад ҳам, худро бардам вонамуд мекард.
Ҳангоме ки онҳо ба ошхонаи калон ва барҳавое даромаданд, ҷанговарон аллакай хӯрок мехӯрданд. Тартибу низоми кори сардори роҳи оҳан ба Чернов

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё