Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Аҷоиб дашту даманҳои афсонавӣ доштааст Бухоро. – Семёнов ба танаи дарахте даст монд: – Александр Николаевич, гуфтӣ, ки тилло дар хазинаи амир таҳ ба таҳ хоб рафтааст. Шояд пешвоёни инқилоб ҳаваси гирифтани хазинаро кардаанд?

– Хабарам ҳаст, ки баҳоррӯя Фрунзе бо ду-се нафар назди амир омада буд. Аз рӯйи шунидам, амир онҳоро ба зудӣ қабул намекунад ва гуфтушунидашон ҳам кӯр намегирад. Фрунзе дар қаҳр шуда, берун баромада ҷониби ҳамраҳонаш гуфтааст: «Ин гови рихинро аз сари роҳ гирифтан лозим!» Ҳамин қадар гап шунидаам.

– Шояд ҳамон вақт таҳкурсиро партофта буд, – гуфт Загорский.

– Агар хазинаро гирем, ба захми инқилоб марҳам мешавад. – Семёнов санҷишкорона ба мусоҳибаш зеҳн монд.

– Барои он ки чунин корҳои бузург сурат гиранд, манзурам ба хоки кишваре зада даромадан, чанд сабаб боис мешавад. – Чернов боз ҳам ба роҳи омадаашон, ки ҷанги аз зери пояшон хеста ҳоло нанишастааст, назар дӯхта, ба суханаш идома дод. – Агар дар мисоли Бухоро гирем, кор чунин сурат гирифт; халқ талаб кард, ки аскари сурх ёрӣ диҳад (ҳарчанд фақат талаби ҷавонбухориён буд), дигар ин ки амир Олимхон бо Давлати Шӯро муносибати душманона пеш гирифт. Ба аксулинқилобиҳое, ки аз Русия ва Осиёи Миёна ба Бухоро омада буданд, паноҳ дод. Баъзеҳоро ба кор гирифт. Пас ба аскаргӯидорӣ шурӯъ кард, ки ин маънои тайёрӣ ба ҷангро дошт. Ва шояд бар болои ин ҳама андешаи ба даст даровардани хазина низ ҳамроҳ шуд.

– Фрунзе феъле дорад, ки то фикри ба сараш омадаро иҷро накунад, хобаш намебарад, – гуфт Загорский.

– Инқилобчӣ мардум ҳамаашон чунин феъл доранд, – гуфт Семёнов.

Ин дам Таратухин Сергей аз рораи сарҳадӣ хабар овард, ки рораи инженерӣ дар роҳ мондааст. Бори аспону астарон вазнинӣ кардааст. Мо аз онҳо пеш гузашта омадем.

– Ман чашм ба роҳ будам, ки чаро даракашон нест, – гуфт Чернов ва ба Загорский фармуд, ки якеро фиристад, то ки аспҳоро дам дода, пас ба роҳ бароянд.

Аз байн ҳашт-нуҳ дақиқа сипарӣ шуда Муҳаммадшариф хабар овард:

– Фрунзе телефон мекунад.

– Шумо то куҷо омадед? – пурсид Фрунзе.

– Як соат зиёд шуд, ки аз стансияи Косон баромадем.

– Дар кадом разъезд ҳастед?

– Ба разъезди 216 расидем.

– Ба шумо се соат вақт; ба стансияи Муборак омада ба поезд савор мешавед. Ба Когон ки расидед, ба ман занг занед. Ба аспҳоятон вагон медиҳанд. Таъхир накарда, аспҳоро бор карда раҳақӣ шавед!

Овоз қатъ шуд. Чернов меандешад, ки гӯширо монад ё не. Дар ин вақт боз овоз баланд шуд: – Рафиқ Чернов, ҳам аз стансияи Муборак ва ҳам аз Когон ба ман занг занед!

Ҳангу манг монд. Акнун барои хӯрдани хӯроки шом ҳам вақт намемонад. То торикии шом ба вагонҳо аспу аскар бор мекунанд. Ва ба дилаш омад,

пешина
аз 613
навбатӣ