Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Инҳо урус нестанд, домулло,- гуфт ҳуҷаини корвонсарой.-Инҳоро болшевик гӯед.

– Урусу болшевик ҳарду як нестанд?- ҳайрон шуд домулло.

– Не, ин тавр нест, - гуфт хӯҷаин.-Ва ҷониби Мансур нигарист:-Шаб дар ин манзил ҳаштоду ду нафар ҷамъ омаданд. Ними зиёдаш ба урус монандӣ надоштанд.

– Додар, аз ман пурсед. Хӯҷаалию Алихӯҷа ҳарду як, -гуфт домулло ва ситезаманд шуда афзуд:- Бухоро соҳиб дорад! Соҳиби ин музофот ҳазрати Баҳоваддини Балогардон мебошанд. Рӯҳи ин бузургвор мемонад, ки ин шаҳри номдорро ким-кадом болшевики пойлучи худобехабар соҳибӣ кунад?!

– Домулло, он ҳазрат дар замонаш тавонистанд Бухороро номдор ва маҳбуби атрофиён гардонанд. Он ҳазрата хокашон ҳам намонд,-гуфт хӯҷаин ба оҳанги накӯҳиш.- Мақбараашон ба аскари мусаллаҳе, ки беҳтарин олоти ҳарбӣ дорад, метавонад ҷанг кунад?

– Рост, мақбара коре намекунад,- гуфт домулло бо оҳанги нармтар.-Лекин баҳри хотири дӯст ҳазрати Ҷаббор худаш ҷазои ин аскари бедину диёнатро медиҳад!- Домулло дузону нишаста бо ҷазбияти бештар ба суханаш идома дод: – Бухоро шаҳри одӣ нест. Ҳадисе аз Салмони Форсӣ разия-л-Лоҳу анҳу ҳаст: “Расул салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд, ки “Ҷабраил алайҳи-с-салом гуфт, дар охирзамон се шаҳрро бо ёкуту марҷон ороянд ва фариштагон онҳоро тасбеҳу такбир гуфтаю гирдогирди шаҳрҳо гардонда, ба Арасот баранд. Ва яке аз ин шаҳрҳо Бухоро бувад. Онро “Фохира”хонанд. Аз баҳри он ки Бухоро дар он рӯз фарқ кунад бар бисёрии шаҳид.” Ва боз аз баҳри он, ки бухороиён раҳмдил ҳастанд ва боэътиқод.”

“Ҳамин афсонаҳоро гуфтану гуфтан дар дили ин тоифа намезанад?” -фикр кард Мансур ва пурсид:-Домулло, худатон дар куҷо зиндагӣ мекунед?

– Асли ватани банда Чорбоғи Ӯротеппа, номам Муллоносир. – Домулло ба Мансур чой дароз кард. – Нӯҳ сол дар Бухоро хондаам, додар. Шаш моҳ шуд баромаданамро аз он шаҳри нозанин. Дуртар аз Қаровулбозор деҳае ҳаст, ки Корвоннишин мегӯянд. Дар ҳамон деҳа имомхатиб ҳастам. Ният дорам, як сол кор кунам ва қадре маош ҷамъ карда, хонданамро давом диҳам. Дирӯз ба Бухоро ҳуҷум кардани русро шунида ба худам гуфтам, ки Муллоносир, рафта шаҳрро бин – ку, чӣ ҳол дорад, аз ҳоли устодонат хабар гир. Охир ту ҳар чӣ ёфтӣ, аз Бухороу он мардуми баодобу бабаракату барҳақ ёфтӣ.

– Албатта, рафтан лозим, – гуфт Мансур ва лаълии нонро назди Ҷовид тела дода, ба тариқи маслиҳат пурсид: – Шунидӣ, аскари болшевик ба Бухоро ҳуҷум кардааст, мо чӣ кор кунем? Равем ё сабр карда, охири корро интизор шавем? – Ва нигоҳашро ҷониби одамони нав воридшуда гардонда афзуд: – Таваккал, меравем: мебинем, чӣ гапу корҳо мешаванд. Мирзоумедро хабар мегирем.

Баъди ба роҳ баромадан мушоҳида кард, ки мардуми деҳаҳои атроф бе тарсу ваҳм ба ғунучини дастранчашон машғуланд. Дилпур шуд. Қариби нимрӯз ба деҳаи Сафедмӯй даромаданд. Аз ҷониби шаҳр овози парон-парони тӯп ва парвози аэропланҳо баръало шунида мешуд. Аз роҳе, ки аз гӯшаи дигари деҳа мегузашт, аробаҳои бордор ва сарбозҳои дар онҳо савор равуо доранд. Он ҷо

пешина
аз 613
навбатӣ