Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
- Не! Не! - Аспро нафурӯшед, - Ҷовид саросема шуд. - Тохтани аспашро бинам, Баҳодур пеши назарам меояд.
Мансур ба рӯи писараш синча карда, ба тасдиқ сар ҷунбонд.
Хирадмандон ин ҷаҳонро ба корвонсарою одамро ба мусофири роҳгузар ташбеҳ додаанд. Рӯзе аз даре даромадаю шабро ба сар мебарӣ, субҳ аз дари дигар баромада меравӣ. Ё чунин мегӯянд: «Мо мисли мурге ҳастем, ки парида омада дар нишемангоҳе дам мегирему боз парида ба макони азалиамон меравем». Не, инҳо суханони дарвешони чандапӯшу нодидаю ночашидаю ношукру дунёбезоранд. Дурӯғгӯй, ноуҳдабаро ва ба мақсад нарасидаанд. Касе, ки ба ин роҳ меравад, дар охири умр пушаймон шудаю он варсоқигӯйҳоро сахт бад мебинад. Ин ҷо дар ҳақиқат оламест фарох ва дилпазир. Дунё орзу, макони ишқ, лаззату бозиҳои ширин. Як шаби висол бо маҳбубаат худ як олами асрор аст. Чӣ қадар озмоишу санҷишҳоро мегузарию дар охир хоҳ-нохоҳ пухта мешавӣ ва дарк мекунӣ кию чӣ будану баҳри чи коре омаданатро.
Мансур бо чунин фикрҳо дасти Ҷовидро гирифта, дохили корвонсорой шуд. Аз мусофирони дирӯз андак мондаанд. Ва азбаски ҳавои Қаровулбозор салқин аст, баъзеҳо ҷомаю яктаҳашонро бар китф гирифтаанд. Хӯҷаини корвонсорой, марди сиёҳандоми шикамкалон, дар кати мобайн нишастааст. Таъбаш хуш. Тоқиашро наздаш гузоштаю ҳар дам атрофи сари тораш калшударо хорида, ба шогирдаш - марди миёнсинне, ки катҳои таги деворро мерӯбад, бо овози баланд чизе гуфта механдад. Мансур дар гӯшаи кати рӯбарӯ ҷой гирифт. Аз паси Мансур як гурӯҳ мусофирони кӯфтироҳдида, баланд-баланд сухан карда, вориди дарвоза шуданд. Марди логарандоми сурхрӯе, ки тез-тез қадам мезанаду ба тан яктаҳи раҳ-раҳ ва ба сар саллаи фашаш думи аспбарин дароз дорад, ҳамроҳи ҷавони танадори чашмонаш сурх омада дар кати паҳлӯи Ҷовид нишастанд ва ҷой фармуданд. Андак пас боз ду нафар дарвешнусха хӯрчинҳояшон дар китф даромаданд. Шурӯъ шуд: “рафтанду равему боз оянду раванд”.
Мансур аз хӯҷаин пурсид:
-
Хабар доред, имшаб аскари сурх гузашт. Мабодо ба сари Бухоро балое биёранд?
-
Балоро аллакай урусҳои малъун оварданд, - гуфт салладор. - Пареррӯз Зиёвиддину Хатирчию дигар шаҳру деҳоти атрофро гирифтанд. Дирӯз ба Бухоро ҳуҷӯм кардаанд. Лекин аскари амирам, хуб тиру шамшерашон задаю зӯрашон оварда, аз шаҳр берун кардааст.
-
Имрӯз боз ҳуҷӯм мекардаанд; як саллот хабар дод, - гуфт хӯҷаини корвонсорой. Ва ба Мансур нигариста афзуд: - Ман ҳам дидам, якчанд даста гузаштанд. Яқин ҳамаро ба гирифтани Бухоро бурданд.
-
Додар, ба ман нигаред, - гуфт салладор. - Иншооллоҳ ин дафъа чунон занандашон, ки урус роҳи омадаашро фаромӯш кунад.
-
Ҳамту, ҳазрат, - чашмсурх сухани салладорро тақвият дод. - Иншооллоҳ ҳамту зананд, ки камонҳояшонро партофта гурезанд. Яқин вай муриди салладор буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё